Дониш талабу бузургӣ омӯз!

Ҳар як дастуру нишондодро ҳадафею мақсаде дар пай аст. Чунончи, дар ҷумҳурии азизи мо солҳои пешин солгарди зумрае аз абармардони миллат таҷлил гардид, ки ҳадаф аз он бузургдошти ниёгони барумандамон, посдорони сарватҳои маънавии миллӣ ва тарғиби бештари осори эҷодкорони бузурги миллат буд.

Соли равон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатамон Соли ҷавонон эълон шудааст. Ба ин муносибат аз оғози сол дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде сомон бахшида шуданд ва чорабиниҳои дигар идома доранд. Ҳадафу мақсад аз Соли ҷавонон дастгирии бештари ояндасозони миллат, фароҳам овардани имконоти бештар барои омӯзиш ва фаъолияти онҳо, такмили тадбирҳо вобаста ба тарбияи комили ҷавонон мебошад.

Ба  муносибати Соли ҷаво-нон дар таълимгоҳҳои кишвар низ корҳои зиёде тибқи нақшаҳои махсус иҷро гардиданд ва боз ҳам иҷро хоҳанд шуд. Барои мо, омӯзгорон, Соли ҷавонон, пеш аз ҳама, ҷанбаи тарбиявӣ дорад. Вобаста ба ин, дар тамоми дарсҳову машғулиятҳои худ мекӯшем, ки дар лаҳзаҳои алоҳида, ба паҳлуҳои гуногуни тарбияи шогирдони худ бештар таваҷҷуҳ намоем. Ғолибан бар он таваҷҷуҳ менамоем, ки шогирдонамон ба қадри вақт бирасанд, бидонанд, ки ҷавонӣ мавсими доимӣ нест, даргузар аст ва ба қадри он бояд бирасиду ҳар лаҳзаашонро ғанимат бояд донисту ҷидду ҷаҳдро бар он равона бояд кард, ки ин давраи шукуфои ҳаёт ҳар чӣ бештар самаровар бошад. Бештар бояд омӯхт ва таҳсили илм кард, асосҳои касбу ҳунарро азхуд бояд намуд. «Илм дар хурдӣ – нақш дар санг», — гуфтаанд. Ин бар он маъност, ки дар ҷавонӣ қобилияти зеҳниву неруву тавоноии кас хеле устувору бобақост. Он чиз, ки дар ҷавонӣ омӯхта мешавад, ҳаргиз аз лавҳи ёдҳо зудуда намешавад. Аз ин рӯ, кӯшиш бояд кард, ки дар ҷавонӣ донишҳои бештареро фаро бигирӣ, то дар оянда корагарат бошанд.

Ин қитъаи машҳури Низомии Ганҷавӣ ҳамин мазмунро тақвият мебахшад:

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,

Чун гул ба чаман ҳавола

будӣ.

Акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,

Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Ғофил манишин, на вақти

бозист,

Вақти ҳунар асту

сарфарозист.

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Ҳадафи дигари бештар муҳими тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон тақвияти тарбияи ватандӯстию ифтихори миллии ҷавонон мебошад. Пӯшида нест, ки мо дар ҷаҳони пурихтилоф ва дар муҳити воситаҳои гуногуни таъсиррасон кору зиндагӣ дорем. Ин ҳолат, албатта, ба ҷавонону наврасон бетаъсир намемонад. Баъзан қисме аз ҷавонон дар ин гуна муҳит ба ғалату калавишҳо роҳ медиҳанд, дар дарки воқеият саҳлангорӣ мекунанд. Ин ҳолат тақозо мекунад, ки бо шогирдони худ дарсҳои тарбиявии  махсус баргузор намоему ҳисси ватандӯстияшонро неру бахшем, ба онҳо оид ба моҳияти ҳодисаву воқеаҳои айём маълумоти дақиқу бунёдӣ бидиҳем. Даъват бикунем, ки бештар омӯзанду ҳушёру зирак бошанд ва манфиату арзишҳои миллиро аз ҳама муқаддам бидонанд, пос доранд. Бояд ҷавонони мо моҳияти ин ҳақиқатро, ки онҳо ояндасози миллат, масъули фардои шукуфои Ватани маҳбуби хешанд, хуб бидонанд, масъулиятшинос бошанд. Ин ҳама, боз ҳам таъкид мекунем, ки бештар аз фаъолияти мо, омӯзгорон, вобаста аст.

Хонума Давлатқадамова,

омӯзгори мактаби №37,

шаҳри Душанбе

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*