Донистани Конститутсия масъулияти шаҳрвандист

Донистани Конститутсия масъулияти шаҳрвандист

Дар тақвими санаҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия сабт шудааст ва ин фархундарӯз ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ифтихору фараҳмандӣ, бо шодиву сурури ҳамагонӣ таҷлил мешавад.

Табиист, ки зимни таҷлили Рӯзи Конститутсия байни аҳли ҷомеа бештар гуфтугӯ перомуни муқаддасоти миллию ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодӣ меравад. Аз сари инсоф ва бо руҷӯъ ба таърих метавон гуфт, ки халқи бостонгуҳари тоҷик бо анъанаи нигориши конститутсияҳо (албатта, дар мафҳум ва шаклу муҳтавои миллӣ) иртиботи деринатару бавусъаттар нисбат ба дигар халқҳои олам дош-тааст. Ба эътирофи таърихшиносони воқеиятбин ва ҳақиқатнигор, яке аз сарчашмаҳои асосӣ дар арсаи ҷаҳон вобаста ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Ин санади бунёдӣ, пураҳамият ва хеле дақиқ ҳанӯз соли 539-уми пеш аз солшумории мелодӣ бо ибтикору дастуру ширкати бевоситаи шоҳаншоҳи маъруф Куруши Кабир, ки бунёдгузору рушдбахши давлати муқтадири Ҳахоманишиён буд, таҳия ва қабул гардидааст. Азбаски матни ин эъломия дар шакли силиндр нигошта шудааст, дар доираҳои илмии байналмилалӣ он бо номи «Силиндри Куруш» маъруф шудааст. Муҳтавои Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир то ба имрӯз аз лиҳози воқеиятбинӣ, асосмандии ҳуқуқӣ, маърифати ҷомеашиносӣ ва бонизомӣ ҷаҳониёнро ба ҳайрат меоварад. Дар ин эъломия ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии фаъолият, дастрасӣ ба манзил, ҳуқуқ ба моликият, таъмин бо кор ва амсоли инҳо ба таври возеҳу равшан дарҷ шудааст. Чун бо воқеият, бо асосҳои башарпарварӣ ва бо қонуниятҳои нигориш пайванди қавӣ доштанд, нуктаҳои асосии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бо гузашти солиёни зиёд моҳияту аҳамияти худро гум накарданд ва гузашта аз ин, барои таҳияи эъломияҳои навин дар байни халқҳои гуногуни олам мададгор, сарчашма гаштанд. Таъсири мазмуну муҳтавои ин санади бузурги Куруши Кабир, ҳатто, дар Эъломияи ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 1948 таҳия ва қабул гардидааст, ба мушоҳида мерасад. Куруши Кабир маҳз пас аз қабулу эълони Эъломияи инсонпарваронааш дар саросари ҷаҳон маъруф гашт ва дар қатори абармардони сиёсатмадори дунё абадан ҷой гирифт. Иқтибоси зерин аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бозгӯи он аст, ки ин шахсияти беназир то ба кадом сатҳ низоми демократии давлатдориро дарк кардаву эътироф бинмудааст: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо ки мехоҳад, сукунат намояд ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб бикунад, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигаре нарасонад».

Бо мурури замон вобаста ба имконоти таърихию вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мамлакатҳои ҷаҳон ҳар кадоме Конститутсияи худро қабул намуданд ва имрӯз Конститутсияи ҳар давлате ифодакунандаи марому низоми он, баёнгари сатҳи ҳуқуқмандии шаҳрвандон, муаррифгари ҳастии мамлакат гардидааст.

Таҳияву қабули Конститутсия дар Тоҷикистон низ таърихи рангине дорад. Бо шомил шудан ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон Конститутсияи ҷумҳурии худро дар «соя»-и Конститутсияи ИҶШС қабул карданду дар дарозои беш аз ҳафт даҳсола якчанд маротиба ба он тағйирот ворид бинмуданд.

Вале Конститутсияи воқеан ҳам  миллии Тоҷикистон танҳо пас аз соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ соли 1994 дар заминаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва рӯзи қабули ин нахустсанади ҳуқуқии миллат – 6 ноябр Рӯзи Конститутсия эълон гардид. Моҳияти таърихии Конститутсияи Тоҷикистон дар он аст, ки ин санади олии кишвар барои таъмини сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии осоишта замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа, гарави пойдориву таҳкими истиқлолияти давлатӣ гардид. Воқеан ҳам, бо Конститутсияи демокративу башардӯстонаашон тоҷикон ҳаёти худ, Ватани худро марҳила ба марҳила ободу пешрафта намуданд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду сулҳдӯст ва ҷонибдори ҳамкории осоиштаву дӯстию рафоқат муаррифӣ карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба Конститутсияи мамлакат, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд. Зеро дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ва таъсири торафт афзояндаи равандҳои ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем».

Дар ҳақиқат, ҳар як сокини мамлакатро мебояд, ки Конститутсияи ҷумҳуриро амиқ биомӯзад, онро эҳтиром намояд ва аз он ифтихор бикунад.

Мушаррафа

Зулмуродова,

омӯзгори

таърихи мактаби  №12-и ноҳияи

Исмоили Сомонӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*