Ҳамкориҳо вусъат меёбад

Ҳамкориҳо вусъат меёбад

1-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари «Россотрудничество» Фролов Алексей Владимирович ва намояндаи Шӯрои Федератсия Кондратев Алексей Владимирович баргузор гардид.

Дар он ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои мавҷуда дар соҳаи маориф ва илм, рафти татбиқи созишнома оид ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳр-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода, ҳамзамон, дастрас намудани нусхаҳои электронии китобҳои дарсӣ аз фанҳои физика, химия, биология, математика, алгебра, геометрия, технологияи иттилоотӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ аз Федератсияи Россия ибрози андеша намуданд. Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид аз сатҳи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар самти маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти “Россотрудничество” барои ҳамкорӣ дар таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва фиристодани омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Инчунин, ҷонибҳо вобас-та ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, нақшаҳои қабули донишҷӯён дар филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёну аспирантон ва магистрҳо, омодагӣ ба намоишгоҳ-ярмаркаи таҳсилотӣ, ки ҳамасола баргузор мегардад, ибрози андеша намуданд.

 

Эҳсони Хушбахт,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*