Таҳсилоти иловагӣ: фаъолият, мушкилот ва дурнамои он

Таҳсилоти иловагӣ: фаъолият, мушкилот ва дурнамои он

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Рӯзи дониш, дарси Сулҳ ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иброз доштанд, ки мо бояд на танҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем. Барои амалӣ намудани ин тадбирҳои муҳим зарур аст, ки ба таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таркибии раванди донишомӯзӣ ва интихоби касб эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро ҳадафи он, пеш аз ҳама, рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад.

Надоштани бинои алоҳида

Гарчанде ки дар нашрияи “Омӯзгор” борҳо дар масъалаи надоштани бинои алоҳидаву мустақилияти молиявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сухан рафта буд, аз ҷониби масъулин вокунише ба амал наомад. Таҳсилоти иловагӣ ҷараёни мақсадноки таълиму тарбия ба шумор рафта, ба воситаи татбиқ намудани барномаҳо, хизматрасониҳои иловагии таълимӣ ва фаъолияти ахборӣ-таълимӣ берун аз барномаҳои таълимии асосӣ ба манфиати шахс ва давлат амалӣ мегардад.  Зимни суҳбат муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои  таҳсилоти иловагӣ» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилзода Дилбар Раҳим аз он изҳори нигаронӣ кард, ки айни ҳол аз 83 муассисаи таҳсилоти иловагии  ҷумҳурӣ  29 – тои он  бинои алоҳида  надоранд; аз ҷумла, дар ВМКБ аз 9 адад 3 адад (ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Роштқалъа), вилояти Хатлон аз 27 адад 12 адад (шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак ва Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар,Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Носири Хусрав,  Ҷайҳун, Дӯстӣ,  Данғара, Шамсиддини Шоҳин ва  Ховалинг), вилояти Суғд аз 28 адад 8 адад (шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Истаравшан, Мастчоҳ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров-2), шаҳри Душанбе аз 6 адад 2 адад (ноҳияҳои Шоҳмансур ва Сино), ноҳияҳои тобеи марказ аз 13 адад 4 адад (шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Сангвор). Ногуфта намонад, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар  аксарияти биноҳои ин муассисаҳо фурӯхта ё худ ба дигар ташкилотҳо дода шуданд. Борҳо ба масъулин мактуб ҷиҳати таъсис додани бинои алоҳида ирсол намудем, вале  ин масъала то ҳол ба таври мусбат ҳалли худро наёфтааст.

Надоштани мустақилияти молиявӣ

—           Масаъалаи дигари ташвишовар надоштани мустақилияти молиявӣ мебошад, — иброз дошт Д.Одилзода. — Бубинед, ки аз 83 маркази таҳсилоти иловагӣ 32-тои онҳо мустақилияти молиявиро доро нестанд. Дар вилояти Суғд 8, вилояти Хатлон 14, ВМКБ 8, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 марказ мустақилияти молиявӣ надоранд. Ба иҷрои ин масъала солҳои 2014, 2015 ва 2017 мактубҳои дастурии  вазири маориф ва илм “Оид бо таъмин намудани тамоми муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо бинои алоҳида ва додани мустақилияти молиявӣ”, ки ба унвони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида буд, ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Аз ин рӯ, аз сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани талаботи мактубҳои болоӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Баргардонидани

воҳидҳои корӣ

Дилбар Одилзода қайд кард, ки пас аз қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи  давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» бо мақсади таъсис додани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таъсиси марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус, дар вилояти Хатлон бо супориши сардори раёсати молияи вилоят аз ҳисоби воҳидҳои кории муассисаҳои таҳсилоти иловагии минтақаи мазкур аз 4 то 12 воҳиди корӣ кам карда шуда, барои таъсиси марказҳои номбурда ба дигар сохторҳо дода шудаанд.

Аз ҷумла, 54 воҳиди кории муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон (муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят-3, минтақаи Кӯлоб-1,  ш. Кӯлоб-8, ноҳияҳои Ховалинг-2, Шаҳритус-8, Носири Хусрав-1, Вахш-1, Дӯстӣ-5, Хуросон-1, Ёвон-8, Қубодиён-3, Восеъ-13 воҳид) то ҳол баргардонида нашудааст.

Дар ВМКБ то имрӯз аз ҳисоби басти вазифаҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони вилоят 5 воҳиди корӣ, аз марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Шуғнон — 1 ва Шуғнон-2 ба андозаи як воҳиди корӣ, ҷамъ 10 басти вазифаҳо гирифта шудаанд.   Инчунин, аз Маркази таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд  11 воҳиди корӣ, Исфара 2 воҳиди корӣ ва Бӯстон 1 воҳиди корӣ барқарор гардиданд.

Ин масъала дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз мадди назар дур намонд. Аз ҷумла, Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Варзоб аз 6 воҳиди корӣ маҳрум гашт.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 басти воҳиди қорӣ ва шаҳри Турсунзода 5 воҳиди кории марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ то ба имрӯз 92 воҳиди кории муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ  ба дигар сохторҳо дода шуданд.

Ин амалҳо ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ  таъсири манфӣ расонида, фарогирии ночизи хонандагонро (2,7%) ба маҳфилхо боз ҳам камтар менамояд.

Марказҳо бе сертификати истифодаи замин

—           Бояд зикр намуд, ки аксарияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ то ҳанӯз  сертификати истифодаи замин надоранд. Худ тасаввур намоед, аз панҷ Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе — Шоҳмансур, Сино, Исмоили Сомонӣ шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи заминро надоранд. Дар ВМКБ аз 9 марказ 7-то ва вилояти Хатлон аз 27 марказ  ягон муассиса шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи заминро надоранд. Дар вилояти Суғд аз 28 марказ — марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров-1, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодом соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин мебошанд, — қайд кард директори марказ Дилбар Одилзода.

Нигаронӣ аз фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти кори марказҳои таҳсилоти иловагӣ омӯзиш ва ташкили осорхонаҳои мактабӣ  мебошад. Маълум аст, ки барои инкишофи фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсии хонандагону ҷавонон, аз худ кардани малакаҳои амалии корҳои тадқиқотӣ–ҷустуҷӯӣ ва сайёҳӣ — кишваршиносӣ мақоми осорхонаҳои мактабӣ хеле назаррас аст. Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои  таҳсилоти иловагӣ Дилбар Одилзода баён дошт, ки дар ҷумҳурӣ 162 осорхонаи мактабӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо осорхонаҳои таърихӣ — кишваршиносӣ  буда, ҳамчунин, осорхонаҳои шуҳрати ҷангӣ, адабӣ — ёдгорӣ ва этнографӣ мебошанд. Мутаассифона, ҳоло дар баъзе ноҳияҳо фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ рӯз аз рӯз коҳиш ёфта, бархе аз онҳо амал намекунанд. Сабаби аз байн рафтани осорхонаҳо ҷудо нагаштани воҳидҳои  корӣ ва ҳуҷраҳои алоҳида барои ташкили осорхонаҳо мебошад.

Бо назардошти ин вазъият марказҳои таҳсилоти иловагиро мебояд, ки ҷиҳати такмил бахшидани самти корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,  ки дорои осорхонаи мактабӣ мебошанд, фаъолияти маҳфили «Фаъолони осорхонаҳои мактабӣ» — ро ба роҳ монда, ҷиҳати нигоҳубин ва дар шароити берутубат, тоза ва аз рӯшноии баланд эмин доштани нигораҳои осорхонаҳо тадбирҳои мушаххас андешанд. Сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки осорхонаҳои мактабиро дастгирӣ карда, барои фаъолияти онҳо  воҳиди корӣ ҷудо намоянд.

Дар баробари ин, аз сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хоҳиш карда мешавад, ки қарорҳои дахлдори  мушовараи Вазорати маориф ва илмро қатъиян иҷро намоянд. Аз ҷумла, масъалаи дар мувофиқа бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”-и Вазорати маориф ва илм таъйин ва озод кардани директорони марказҳо (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 10.01.2015, №1/1), дар 9 моҳи охир аз ҷониби мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Тоҷикобод ва Айнӣ сарфи назар шудааст.

Бояд имрӯз марказҳои таҳсилоти иловагӣ як ҷанбаи муҳими таълиму тарбияи хонандагон қарор гиранд ва баҳри роҳандозии маҳфилҳои он омӯзгорони соҳибтаҷрибаву донишманд ҷалб гардида, хонандагонро барои омӯзиш ба маҳфилҳо ҳамаҷониба  фаро гирифтан зарур аст. Ҳамчунин, ҷиҳати таъсиси курсҳои омӯзишии пулакӣ дар заминаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда барои тайёр намудани хонандагон ба имтиҳонҳои тестӣ ва кушодани маҳфилҳои техникон, химикон, физикони ҷавон ва амсоли онҳо чораҳои амалӣ андешидан зарур аст.

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*