Таълими салоҳиятнок кафолатбахши омӯзиши пурсамар

Таълими салоҳиятнок кафолатбахши омӯзиши пурсамар

Қонунияти маъмули зиндагист, ки ҳама чиз дар гардиш ва тағйирпазирист ва бидуни ин ҳолат ҳаёт аслан моҳияти хешро гум мекунад, номукаммал мемонад. Ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл аз ин устод Рӯдакӣ ба ин қонунияти абадиву бардавоми зиндагӣ таъкид намуда, дар қасидаи машҳураш «Шикоят аз пирӣ» овардааст:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест

гирди гардон аст,

Ҳамеша то бувад ойин-ш,

гирдгардон буд.

Вобаста ба ин донишҳои инсонӣ низ такомул меёбанд, ғанӣ мегарданд ва афзун мешаванд. Яъне, маълумот низ ҳамеша дар афзоишу комилшавист. Фаҳмишу дониши нав гоҳе фаҳмишу дониши қаблиро пурра мекунад ва гоҳи дигар рад намудаву қазияҳои навро пеш мегузорад. Дар ҳеҷ кору амале, ҳамчунин, дар кори таълиму тарбия ҳаргиз набояд бо донишҳову натиҷаҳову таҷрибаҳои бадастоварда қонеъ шуд, балки бояд аз ҷустуҷӯву тозакорӣ, дарёфти донишҳои нав фориғ набояд буд. Ба ин маънӣ фармудаест пурҳикмат:

Қонеъ нашавӣ, ба ҳар чӣ ёбӣ,

Аз хуб ба хубтар шитобӣ.

Ба назари мо, ҷустуҷӯву навоварӣ, пешрафт ва дарёфти маълумоту донишҳои нав бештар аз ҳар соҳаи дигар барои соҳаи маориф муҳимтар аст. Ин соҳа тақдирсози миллат аст ва ҳар қадар муваффақу пешрав бошад, ҳамон қадар миллат саодатманду шукуфо хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки дар соҳаи маориф зуд-зуд тағйироти гуногуни таконбахш ба вуқӯъ мепайванданд, ба вижа, тарзу усулҳои нав сари кор меоянд, муносибат ба таълиму тарбия ҷиддитару фарогир ва бештар эҷодкорона мешавад. Ҳадаф аз ҳама гуна навгониҳо дар ин соҳаи сарнавиштсоз тарбияи инсони фаъолу комил мебошад. Солҳои охир дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти густурдаи Вазорати маориф ва илми мамлакат соҳаи маориф аз ҳар ҷиҳат рушд меёбад ва махсусан, ба сифати таҳсилот таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир мегардад. Кӯшиш мешавад, ки мазмуну муҳтавои таълиму тарбия вобаста ба рӯҳияи замон такмил бахшидаву методу усулҳои фаъолу самараноки омӯзиш корбаст гарданд. Дар ин замина дар давоми як – ду соли охир дар байни аҳли маориф ифодаи таълими салоҳиятнок маъмул гаштааст. Дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» устод Айнӣ вожаи салоҳиятро чунин тафсир бахшидаанд: «Салоҳият – аҳл будан дар коре (фалонӣ дар ин кор салоҳият надорад, яъне аҳли ин кор нест)». Ин тафсир бо моҳияти таълими салоҳиятнок пайванди мувофиқ дорад. Хонандагон аҳлона ба омӯзиш мепардозанд, аҳлона баҳс мекунанд, меандешанд ва ба хулосае мерасанд. Омӯзгор низ ба ин раванд мутобиқ аст, вале танҳо чун коргардону нозир ва ислоҳгар. Дар дастурҳои дахлдор таъкид шудааст, ки дар низоми таълими салоҳиятнок раванди ташаккули салоҳиятҳо вақт ва муносибати мураккабро талаб мекунад. Иҷрои амалҳо нисбатан печидаанд ва давомнокии мухталифро тақозо доранд. Барои мулоҳизаронӣ перомуни масъалае оид ба забони модарӣ хонанда бояд оид ба сохтори матн (хабар, эссе, мақола, ҳикоя, мактуб…), қоидаҳои асосии сарфу наҳви тоҷикӣ дониши кофӣ дошта бошад, фикрашро саҳеҳ баён карда тавонад, навиштаҷоташро дурусту бамантиқ, бо истифода аз сарчашмаҳо ё  маълумоти илова баён намояд. Дар низоми таълими салоҳиятнок таълим усул, муносибат ва воситаҳои гуногунро металабад, такрори дилбазану якрангаро намеписандад. Ин баръакси низоми  солҳо боз маъмули таълим мебошад, ки зимни он хонандагон дониши муайянро дар қолаби муайян азхуд ва бозгӯӣ мекунад. Чунонки дастурҳо тавзеҳ мебахшанд, дар низоми таълими салоҳиятнок нахуст намунаи натиҷаи таълим (малака) таҳлилу баррасӣ мешавад ва сониян ба хонандагон имконияти мустақилона (ё бо дастури омӯзгор) машқ кардани малака дода мешавад. Дар тамоми раванди омӯзиш ва машқи малака хонанда натиҷаи корашро арзёбӣ ва таҳлил мекунад, ғалатҳои худро дармеёбад, сабаби содир шудани ғалатҳоро мустақилона ва гоҳе бо ёрии ҳамсинфон ё омӯзгор аниқ менамояд ва корашро дар асоси нишондиҳандаҳо такмил мебахшад. Дар низоми нави таълим ҳадафи асосӣ ташаккули ҳаматарафаи шахсияти хонанда аст ва аз ин ҷост, ки зимни ин низоми таълим вожаи хонандамеҳвар маъмул гаштааст. Нахустҳадафи таълими хонандамеҳвар (салоҳиятнок) ташаккули механизми дар амал татбиқ кардани дониш, малака ва маҳорати худ, диққат додан ба инкишофи шахсият, мутобиқ гардидан ба шароитҳои  нав ва ношинос, худмуҳофизатӣ, худтарбиятдиҳӣ ва дигар омилҳое мебошанд, ки барои ташаккули шахсият заруранд. Умуман, дар таълими салоҳиятнок ба омилҳои зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад:

Қобилият ва таҷрибаи маърифатии хонандагон дар маркази диққат аст.

Таваҷҷуҳ асосан на ба мазмуни таълим, балки ба ҷараёни таълим равона мегардад, яъне: на «чиро меомӯзем», балки «чӣ тавр меомӯзем».

Хонандагон донишро бо тарзу тариқи гуногун (бештар таҳлилу хулосабарорӣ) меомӯзанд, тариқи гуногуни дарккунӣ доранд.

Омӯзгор роҳбалад асту нозир ва ба хонандагон дар ҷараёни омӯзиш танҳо ёрмандӣ мекунад.

Ба хонандагон барои кор бо чандин манбаи омӯзиш (китобҳои гуногун, интернет, ҳамсинфон…) имкони созгар фароҳам оварда мешавад.

 

Фароғат

Аслонова,

омӯзгори мактаби №67-и шаҳри  Душанбе

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*