Ҷаҳолат ҳаргиз пирӯз намешавад

(Сухане чанд дар ҳошияи мусоҳибаи Шамс Азизов, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст)

Терроризм ва экстремизм, ки инсоният аз замонҳои қадим ба он рӯ ба рӯ гардидааст,  ба хусус, дар асри 21 ба сурати даҳшатнок даромад ва ба мисли вабои аср кишварҳои зиёди ҷаҳони муосирро сироят намуд.

Дар мамолики исломӣ ин падида бештар дар зери ниқоби ислом густариш ёфт ва дар як муддати кӯтоҳ садҳо аҳзобу созмонҳои исломӣ пайдо шуданд, ки  бештари онҳо аз ҷониби давлатҳои манфиатхоҳ маблағгузорӣ мегардиданд. Мусаллам аст, ки роҳбарони чунин аҳзобу созмонҳои «исломӣ» ҳадафҳои сиёсӣ ва геополитикии хоҷагони хориҷии худро дар олами ислом амалӣ сохта, вале бар хилофи манфиатҳои миллию давлатӣ вазъияти иҷтимоӣ-сиёсиро халалдор месозанд.

Мутаассифона, ин падидаи номатлуб бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар манотиқи мусалмоннишини ин абарқудрати ҷаҳонӣ нуфуз пайдо кард, ки воқеоти ҷумҳуриҳои Қафқозу Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта далели ин гуфтаҳост. Инчунин, аҳолии бешумори як қатор кишварҳои исломӣ ба мисли  Сурияю Либия ва Ироқ то ба имрӯз аз дасти ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷони худро аз даст дода, иддае фирорӣ гаштанд ва ба иқтисодиёти ин кишварҳо даҳҳо млрд доллар хисороти молӣ ворид гардид.

Зимнан бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо низ ин падидаи номатлуб дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандозӣ гардидани «перестройка»-и Горбачёвӣ оғоз ва дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаро гирифт. Ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Маҳз бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90 ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз намуд, ки он дар ниҳояти кор ба бархӯрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли гузашта дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод. Яъне бо Қарори Суди Олӣ  фаъолияти ҲНИТ  манъ ва он ҳамчун ташкилоти  террористӣ — экстремистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас аз эъломи ҳалномаи Суди Олии кишвар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашми ҷаҳониён нақзи қонун арзёбӣ кунанд. Вале ин ҳалномаи сарнавиштсози барои ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ муҳимро судяи Суди Олӣ Шамс Азизов, ки аз тамоми ҷузъиёти ин парванда ба хубӣ огоҳ аст, қабул намуда буд. Аз ин рӯ, ӯ дар суҳбаташ бо рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур тамоми ҳадафҳои нопоки ин ҳизби ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онро ошкор ва ба ҳамагон маълум сохтааст. Аз ҷумла, мавсуф зикр намудааст, ки дар «5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ  ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Чи тавре ки мебинем, ба туфайли фаъ-олияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистаанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Исботи иртиботи ногусастани доштани ин ҳизбро бо ДИИШ фош намуда, исбот намуданд, ки дар кори овехтани парчами ин ташкилоти ифротӣ дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак 11-уми августи соли 2015 ианҷ нафар аъзоёни ҲНИТ Д. Саидов, Д. Фозилов, ҳ. Пиров, Т. Хоҷамуродов ва Ҷ. Абдуллоев буданд, ки онҳо ин амали худро бо мақсади барангехтани адовати сиёсӣ ва динӣ ва дар ин замина халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ анҷом дода буданд.

Гузашта аз ин, мақсади ташкил намудани гурӯҳҳои махсуси низомӣ бо мақсади забти Қасри миллат, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳими кишвар шаҳодати он аст, ки раёсати ин ҳизби ифротӣ ҳеҷ гоҳ аз мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ ва ташкили ба истилоҳ давлати исломӣ даст накашида будааст. Онҳо зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезадаанд, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу субот дар кишвар ва ҳифзи манофеъи геополитикии бегонагон  равона гардида будааст.

Махсусан, аъмоли ҷиноятии ин ҳизби ифротӣ рӯзҳои 3-4 сентябри соли 2015 ҳангоми кӯшиши кудатои давлатӣ бо сардории генерал А. Назарзода боз ҳам бештар маълум гардид, ки онҳо беш аз 150 нафарро силоҳ дода, ба пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Душанбе ва бахши милисаи шаҳри Ваҳдат ҳамлавар гардиданд. Аммо ба ивази қурбонӣ мақомоти қудратии мо тавонистанд ин хоинони Ватан ва душманони миллатро маҳв намуда, пеши роҳи бесуботию нооромиҳоро дар кишвари азизамон боздоранд.

Ва билохира, бо Қарори Суди Олӣ пеши роҳи фаъолияти ин ҳизби ифротӣ, ки пиёдасози манофеъи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд, манъ карда шуд ва баъзе аз роҳбарияти сиёсии он тибқи аъмоли ҷиноияшон ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон гардиданд.

 

Раъно Маматқулова,

омӯзгори кафедраи фанҳои

гуманитарӣ-иҷтимоии

Донишгоҳи кӯҳӣ — металлургии

Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*