Неруи ояндасоз

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар иртибот  ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” конфронси ҷумҳуриявии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» бо иштироки меҳмонон,  устодону муҳассилин баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор  Мумин Шарифзода зимни ифтитоҳи конфронс зикр кард, ки самараи иқдомоту дастгириҳои доимии ҳукумат аст, ки имрӯз ҷавонон бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев оид ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, таваҷҷуҳи  Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, нақши Иҷлосияи  наҷотбахш, манфиатҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, ташаккули татбиқи сиёсӣ ва маънавии ҷавонон,  зиракии сиёсии онҳо сухан карда, таъкид намуд, ки насли ҷавони кишвар аз бегонапарастию хурофот дур бошанд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода Рустам оид ба масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ояндасоз, нақшаҳои тарҳрезишудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон, Стипендияҳои Президентӣ, ислоҳоти консти-тутсионӣ, таҳсилоти хориҷӣ,  маърифатнокии ҷавонон ва ғайра андешаронӣ намуд.

Мудири бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Ғайрат Бобоҷонов, Юсуфбек Назарбеков, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдулло Давлатзода оид ба давлатдории миллӣ, қабули як қатор қонуну санадҳо, эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон ва эъмори давлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.

Дар рафти конфронс донишҷӯёни фаъоли дигар донишгоҳҳо низ баромад намуда, ба Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии ҷавонон изҳори миннатдорӣ карданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*