Истеъдоди донишҷӯ

Дар филиали Донишгоҳи давлатии  Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Қабул ба сафи донишҷӯён»,«Истеъдоди донишҷӯ» баргузор гашт. Дар он донишҷӯён, омӯзгорону кормандони филиал ва меҳмонон иштирок доштанд.

Директори иҷроияи донишгоҳ  С. Мирзоев маҳфилро ифтитоҳ бахшид.

Директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Еревани  Ҷумҳурии Арманистон  Рейтерс Алексей Николаевич дар ситоиши Тоҷикистону тоҷикон бо самимият сухан гуфт.

Мудири бахши таълими донишгоҳ Робия Қурбонова изҳор дошт, ки ҳаёти донишҷӯӣ фақат лексияву сессия нест. Дар ҳаёти донишҷӯёни имрӯзаи мо воқеаҳои ҷолибу ғайриодӣ зиёданд. Дар бисёре аз донишгоҳҳои мо маросими «Қабул ба сафи донишҷӯӣ» ботантана таҷлил мешавад, ки дар он ба донишҷӯёни соли аввал аз тарафи насли калонтари донишҷӯён калид ва дафтарчаи донишҷӯии рамзӣ супурда мешавад.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*