Фарҳанги ҳуқуқиро такмил мебояд

Ифодагари ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳои миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ симо ва достони миллати куҳанбунёди мо  буда, ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои миллатро муайян менамояд.

Ҳисси  масъулияти шаҳрвандӣ мо — пажӯҳишгарон ва омӯзгоронро водор менамояд, ки ба дастпарваронамон аз боғча ва синфи якум сар карда, дар баробари таълими «Алифбо» таълими ғояҳои волои миллатро ба роҳ монем. Онҳоро дар рӯҳияи  масъулиятшиносӣ   ва   муҳаббати   бепоён ба Ватан, ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ тарбия намоем.

Агар мо аз диди имрӯз ба рӯйдоду ҳодисаҳои рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки таърихи қабули Конститутсияи нав сароғози таърихи нави миллат ва тамаддуни он ба шумор меравад.

Ин ҳуҷҷати муқаддас шиносномаи миллат ба шумор рафта, 6-уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ бо дастгирӣ  ва  тарафдории 94,4  фисади  аҳолии  дорои  ҳуқуқи  интихоботӣ  пазируфта шудааст. Он роҳи ояндаи тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро муайян намуд. Конститутсияи мо  26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо пазируфт ва боз ҳам мукаммалтар гардид.

Вазифаи  асосии омӯзгорон дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз он иборат мебошад, ки фарқияту умумияти Конститутсияи  навро аз  конститутсияҳои  қаблии солҳои 1929, 1931, 1937, 1978  васею ҳамаҷониба фаҳмонида диҳанд.   Бояд хонандагон ба таври равшан фаҳманд,  ки оё  конститутсияҳои даврони Шӯравӣ тамоми манфиатҳои  миллати тоҷикро ба таври бояду шояд ҳифз менамуданд.  Хонандагон бояд донанд, ки то истиқлолият ва қабул гардидани Конститутсияи нав сохти идоракунӣ, системаи сиёсӣ, идеология, маданият  ва  тамаддуни мардуми мо ба кадом самт нигаронида шуда буд.

Мувофиқи  тасдиқи  коршиносон  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун ҳуҷҷати комилан демократӣ ва ифодагари манофеи мардум шинохта шудааст, ки ин далели қотеъи давлати демократӣ будани  Тоҷикистон мебошад.

Дар Конститутсияи нави Тоҷикистон шакли идоракунии давлат, низоми иқтисодӣ, ҳолати иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, мавқеи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муҳимтарин самтҳои рушди ҷомеа, мавқеи забон дар инкишофи фарҳанги миллат хеле ғамхорона инъикос ёфтаанд.

Мо имрӯз бояд тадбирҳоеро биандешем, роҳу усулҳоеро ёбем, ки дар ҳама зинаҳои таҳсилот донишҳои ҳуқуқӣ боло гиранд. Тамоми паҳлуҳои фарҳанги умумибашарӣ аз наврасӣ ибтидо мегирад.

Дар  синфҳои ибтидоӣ хонандагонро ба мафҳуми умумии Конститутсия, асосҳои сохтори Конститутсионии Тоҷикистон, бо муқаддасот, мафҳуми давлат, демократия, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, ягона ва амсоли инҳо шинос намоем. Муҳаббати онҳоро ба забон, табиат, об, хок, набототу ҳайвоноти кишвар бедор намудан чандон кори мушкил нест. Шогирдони мо бояд дар рӯҳияи ҳурмати бепоён ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон, ба биною  иншоот, овезаю ороишҳо тарбия ёбанд ва ҳар қадами хешро ҳамчун беҳурматӣ нисбат ба Конститутсия дарк намоянд.

Оянда дар давраи таҳсилашон дар синфҳои 5 — 11 бачаҳо зина ба зина ба донишҳои мураккабтари ҳуқуқӣ соҳиб гардида, ба мафҳуми давлат, шаклҳои он, ҳаёти сиёсӣ, тарзи ҳаёти иқтисодӣ, маданӣ, нобаробариҳои иҷтимоӣ шинос гашта, қобилияти муқоисакунӣ ва хулосабарорӣ пайдо менамоянд.

Тадбире бояд андешид, ки хонандагон ба салоҳиятҳои Президент, Маҷлиси  миллӣ  ва  Маҷлиси намояндагон сарфаҳм раванд. Ҳар як хонанда бояд донад, ки ба ҳокимияти иҷроия киҳо, ба ҳокимияти қонунгузорӣ  киҳо  ва  ба  ҳокимияти судӣ киҳо дохил мешаванд ва салоҳияти кадом вазифаҳоро ба ҷо овардан доранд.

Дар мактаб бояд диққати асосӣ ба он равона карда шавад, ки хонандагон вазифа ва мақоми Ҳукумат, Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатиро донанд.

Ходимони  Пажӯҳишгоҳи рушди маориф тавсия медиҳанд, ки дар тамоми зинаҳои таълиму тарбия дар моҳи октя-бр нақшаи чорабинӣ оид ба омӯзиши Конститутсия тартиб дода шавад. Ба ин кор бояд тамоми равандҳои таълиму тарбия ба монанди дарсҳои назариявӣ, амалӣ, дарсҳои тарбиявӣ, китобхона, мудирони   кафедра, деканату созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сару кор гирифта, аз натиҷаи иҷрои чорабиниҳо ба маъмурият ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намоянд.

Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, тавсифномаи сохтори  ҷамъиятӣ, тарозуи  амали   қонунҳо  ва асоси адлу инсоф мебошад. Вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини Тоҷикистон аст, ки онро дақиқ ва амиқ биомӯзад.

Дастам МАҲКАМОВ,

ходими калони илмии

ПРМ АТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*