Мактабҳои навбунёд
DCIM100MEDIADJI_0003.JPG

Мактабҳои навбунёд

Дар арафаи таҷлили 26 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави хониш аз ҷониби муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» бо роҳбарии директор Манучеҳр Ҷамилзода дар деҳаҳои Ёли Гармоба, Саидони нав ва Ҳакимии ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун ду муассисаи нави таълимӣ барои 640 хонанда,  зеристгоҳи 110 /10 кв ва бунгоҳи тиббӣ  ба истифода дода шуданд.

Ин аввалин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Ёли Гармоба аст. Ин таълимгоҳ  (рақами 8) барои 320 хонанда муқаррар шудааст.

Бинои он дуошёна буда, дорои толори варзишӣ барои 100 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ барои 216 ҷои нишаст, китобхона, 15 синфхона, ошхона ва майдони варзишӣ мебошад. Тамоми синфхонаҳо, аз ҷумла, кабинетҳои физика, химия, лингафонӣ, биология, лабораторияҳо бо таҷҳизот таъмин мебошанд. Ба ғайр аз синфхонаҳои фаннӣ ҳамзамон ду синфхонаи  таълими меҳнат барои духтарон ва писарон таъсис ёфтааст.

Ҳамчунин, дар деҳаи Саидони нави Ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун  бинои хушсохти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ошёнаи якуми мактаб толори варзишӣ барои 80 ҷои нишаст, синфхонаҳои ибтидоӣ ва ошхона барои 36 ҷои нишаст бунёд шудааст.

Дар қабати дуюми бино синфхонаҳои лаборатории физика, химия, биология, синфхонаи харбӣ ва маҷлисгоҳу китобхона ҷой дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар бинои мазкур 13 синфхона, 4 лаборатория ва ошхона барои 36 ҷои нишаст мавриди иcтифода қарор гирифт.

 

АМИТ «Ховар»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*