Хуршеди ҷаҳони мо

Хуршеди ҷаҳони мо

Бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеа дар сарнавишти миллати мо ба вуқӯъ пайваст: халқи тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр шуд. 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки ҳоло мо бистушашумин солгарди онро ҷашн мегирем. Аз он вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Истиқлолият аст, ки Тоҷикистонро аксар давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ва дорои фарҳанги бостонию ғанӣ мешиносанд ва ба Сарвараш эҳтироми хоса доранд. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъмин намоем. Бисту шаш сол аст, ки хуршеди истиқлол бо нурҳои ҳаётбахши худ дар осмони софи Тоҷикистон  нурафшонӣ мекунад.

Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печид, иқтисодиёт фалаҷ гардид ва ҷомеаро буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Иқтидори истеҳсолӣ рӯ ба коҳиш оварда, хатари гуруснагӣ ба миён омад.

Бо ҷаҳду талош  ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат аз вартаи ҷанги хонумонсӯз баромад ва сохти конститутсионӣ барқарор гардид.

Истиқлолияти мо гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём дорои марзу бум, расму оини ба худ хос ва фарҳанги ғанӣ буда, барои нигоҳдошти якпорчагии сарзамини худ ҷаҳду талошҳои беандоза намудааст.

Маҳз дар даврони истиқлолият Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатиро ба дӯши худ гирифт. Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократии адолатпарвар хеле бузург мебошад. Бо заҳматҳои шабонарузӣ  ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар муддати 26 сол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд иқтисодиёти кишвар бо суръати баланд рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум беҳ гардид. Дар даврони истиқлолият якчанд барномаи стратегӣ қабул ва роҳандозӣ шуд. Ин барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат намуд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолият ганҷинаи бебаҳое мебошад, ки ҳамаи муваффақиятҳо аз он маншаъ мегиранд. Аз ин хотир, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистониро зарур аст, ки барои ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ саъю кӯшиш бикунад, ба  Ватан содиқона хизмат намояд.

Муҳаммадсодиқ БОҚИЗОДА,

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*