Ман туро монанди ҷон мепарварам!

Ман туро монанди ҷон мепарварам!

Дар шахсияти ҳар як инсон муҳаббат ба Ватан аҳамияти махсус дорад. Ҳеҷ шахсияте бе муҳаббати самимию устувор ба Ватан комил буда наметавонад. Ватанро аз дилу ҷон, бо тамоми ҳастӣ, новобаста аз барору  нобарориҳояш, қатъи назар аз хору хасу шебу фарозаш дӯст бояд дошт.

Афлотуни дар хирадмандӣ  беҳамто  таъкид   кардааст, ки   «Алоқае дар дунё  шадидтар  аз меҳр  ба Ватан нест». Ҳимояи Ватан  ва шаъну  шарафи он қарзи  ифтихории ҳар як  соҳибватан аст.  Дар  роҳи  Ватан ва ҳимояи ҳастиву манфиатҳои он ҳатто ҷон додан шарафмандист. Чунин ашхоси  фидокор  аслан  умри  ҷовидонӣ дармеёбанд. Тарғибу ситоиши Ватан ва ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои  асосию  ҳамешагии адабиёти  бостонию пурғановати мо ба шумор меравад. Осори бузургтарин суханварони  тоҷик-устод  Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию  Ҳофиз, Хайёму Низомӣ, Анварию Ҷомӣ… саршор аз  ғояҳои ватанпарварианд.  «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ намунаи олии парастишу арҷгузории ғояи олии ватандӯстисту  аз ин лиҳоз дар саросари ҷаҳон  назир  надорад. Ин байти ватанпарваронаи «Шоҳнома»  хеле  машҳур аст:

Ҳама  сар ба  сар тан ба

куштан диҳем,

Аз он  беҳ, ки кишвар ба

душман  диҳем.

Дар адабиёти муосири тоҷик  низ мавзӯи меҳри  Ватан мавқеи бавусъат  дорад. Дар асарҳои бадеию таърихӣ ва илмии устод Айнӣ ин мавзӯи муқаддас мавзӯи асосист. Ғояҳои ватандӯстӣ кулли осори устод   Лоҳутиро фаро гирифтаанд. Ин шоири ватансаро, аз ҷумла, чунин абёти пурэҳсосу  баланд гуфтааст:

Дар роҳи Ватан  мурдан

зиндагист,

Мурдан зиндагонӣ дар

бандагист.

***

Мафрӯш обрӯи Ватанро зи

тарси ҷон,

Номи абад ба ҳиммати мардӣ

харид  кун!

Ватани маҳбуби  мо- Тоҷикистон  имрӯз  соҳибис-тиқлол аст. Истиқлолияти давлатиаш ин  кишвари куҳантаърихро дар тамоми дунё маълуму машҳур ва  шуҳратёр кардааст.  Акнун парчами  муҳташами Тоҷикистон  дар СММ дар  қатори беш аз 200 давлати ҷаҳон парафшонӣ мекунад, суруди  миллии мо дар  ҳамоишҳои  байналмилалӣ   садо  медиҳад, забони тоҷикӣ дар ҷаласаҳои ин  созмони  бонуфуз  шунида мешавад. Тоҷикистон  дар аксар мамлакатҳои олам ва аксар давлатҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон сафоратхонаҳо доранд. Робитаҳои  байналхалқии кишвари мо сол  то сол бовусъаттару пурсамартар мегарданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон таваҷҷуҳи  бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои  прогрессивии байналмилалиро ҷалб намудааст. Дар  Тоҷикистон,  махсусан, дар пойтахти он – зебошаҳри Душанбе пайваста  ҳамоишу конфронсҳои  боэътибору нуфузманди  ҷаҳонӣ  баргузор мешаванд.  Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ чеҳраи миллату  давлати моро дар  тамоми олам ошнову пурфурӯғ сохт.

Мо,  ҳамагон, бояд аз Ватани соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни  хеш ифтихор бинамоем ва дар ҳифзи манфиатҳои  он, дифои соҳибихтиёрии он ҳамеша  ҳушёру бедор  бошем. Чароғи меҳри Ватан дар дили ҳар яки мо – соҳибватанон бояд ҳамеша фурӯзон бошад. Ҳамчунин, шукрона аз он намоем, ки инак, пас аз  садсолаҳо халқи тоҷик  соҳиби давлату   кишвару Ватани  соҳибистиқлоли хеш гашту пешраву  комёб аст.  Ҳамагон шиоре  чунин бояд дошта бошему мувофиқи он амал  намоем:

Тоҷикистон, кишвари

бахтоварам,

Ман туро   монанди  ҷон

мепарварам.

 

Мавҷуда Абдувоҳидова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик, ноҳияи Сино

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*