Ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи техникӣ

Дар арафаи ҷашни Истиқлолият бинои нави таълимии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи он вазири маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ширкат варзида, аз ҷумла, гуфт:

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониашон бахшида ба Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки ба масъалаи касбу ҳунаромӯзии хонандагону донишҷӯён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин замина ҳама талошро ба харҷ медиҳад. Шумо,  донишҷӯёни азиз, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ саъй кунед, ки ба таври шоиста таҳсил намуда, мутахассисони варзида гардед.

Яке аз масъулини коллеҷи мазкур Амирҷон Вазиров зимни суҳбат иброз дошт, ки бинои хобгоҳ баъди таъмири асосӣ ба бинои таълимии дорои 800 ҷойи нишаст дар як баст табдил дода шуд. Дар ин бино 22 синфхона, аз ҷумла, 8 синфхонаи лексионӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингофонӣ ва 4 кабинети фаннӣ – телекоммуникатсия ва радиотехника, сохти автомобил, аломатҳои роҳ ва ошхона мавҷуд аст. Тамоми кабинету синфхонаҳо бо навтарин таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳазанд. Лоиқи зикр аст, ки мебелҳои муассиса маҳсули ҳунари дастони кормандону донишҷӯёни шуъбаи истеҳсолӣ-омӯзишӣ мебошад. Онҳо баъди дарс дар ин шуъба кор карда, ҳам касбу ҳунар меомӯзанд ва ҳам маблағи муайяне дастрас мекунанд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*