Мактаби нав дар деҳаи Мун

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон аз бинои кӯҳна, ки дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфта буд, ба бинои нав кӯчиданд.

Яке аз омӯзгорони собиқадори деҳа Даврон Сулаймонов гуфт, ки бештар аз 50 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф кардам ва ҳамеша аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар биноҳои хуштарҳу замонавиро дида, орзу мекардам, ки замоне расаду кӯдакону наврасони деҳаи мо ҳам дар чунин биноҳо таълим гиранд.

Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат мо соҳиби чунин таълимгоҳи аз ҳар ҷиҳат зебо гардидем. Илова бар ин, таълимгоҳ бо таҷҳизоти муосири технологӣ таъмин аст. Бинои мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бунёд ёфта, барои сохтмони он 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*