Истиқлолият – бақои миллат

Аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Истиқлолият

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

***

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

***

Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

***

Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд.

Қувваҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи мо бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор карданд.

***

Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд.

Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон гардид.

***

Иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик сурат гирифтанд.

Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.

***

Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.

***

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо будааст. Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.

***

Халқи мо аз оромиву осудагӣ шукрона мегӯяд, истиқлололиятро муқаддас медонад, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро волотарин эҳсос мешуморад.

***

Дар шароити кунунӣ таҳкими Истиқлолият, устувор гардондани пояҳои давлдат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст.

***

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли ҳабдаҳ соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

***

Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлолият ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад.

***

Муқаддасу бегазанд ва хамеша устувор нигоҳ доштани Истиқлолият, ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ, вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

***

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Бигзор, парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва бар фарози сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантақии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.

***

Ман итминони комил дорам, ки асри XXI чун даврони кишвардории Сомониёни шарофатманд асри Тоҷикистони соҳибистиқлол, асри созандагиву бундёкорӣ ва пешрафтҳои бузурги миллати куҳанбунёди мо хоҳад гардид.

***

Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди но-гусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд.

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд.

Таҳияи

А. Муродӣ,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*