Ифтихорам аз ту бошад, эй Ватан!

Мусаллам аст, ки сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ба ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омадааст. Барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик талошу кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ  ва рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро  сипарӣ намуда, фазои орому зиндагии осоиштаро асос гузоштааст. Дар ин комёбӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон ва неруи ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид намуд ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро устувор сохт.

Таърих исбот намудааст, ки миллатҳои баҳри рушду нумӯи давлати миллии худ мубориз ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагонӣ табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳмгузор бошем.

Бояд гуфт, ки бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, ки дар заминаи андешаи миллӣ асос ёфтааст, халқи тоҷик имконият пайдо кард, ки бо таърихи куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавад, решаҳои тамаддуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими худшиносӣ ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ истифода барад.

Андешаи миллӣ сарчашмаи маънавӣ, муайянкунандаи арзишҳои зеҳниву ахлоқӣ ва ҷавҳари фарҳанги миллӣ гардид. Маҳз тавассути он халқи тоҷик дар тӯли роҳи таърихии дурударози худ саъю кӯшиш кардааст, ки дар тамаддуни башарӣ мавқеи хос пайдо намояд.

Ҳамчунин, ваҳдати миллӣ дар баробари андешаи миллӣ моро ҳидоят менамояд, ки дар бораи рушди соҳаҳои муҳимми афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла, соҳаи маориф зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, масъулияти бештарро дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту пурифтихор ва бедордилу зираку ҳушёр эҳсос кунем. Бешак, ҷавҳари худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ин, пеш аз ҳама, дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангист.

Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва, пеш аз ҳама, ҷавонон таҳкими мафкураи миллӣ дар асоси рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарист. Саҳми ҷавонон дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа басо чашмрас аст. Ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯ бошад. Насли ҷавон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, серғайрату меҳнатдӯст ва солимфикр ба камол расад. Ҳамзамон, ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавононро равнақ дода, дар ин замина месазад, ки дар ниҳодашон муҳаббат ба Ватану арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва дурӣ аз бегонапарастиро ҷо диҳем.

Моро зарур аст, ки ба қадри суботу оромӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон — Тоҷикистон бошем.

Муҳимтар аз ҳама, мо бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда дуруст фаҳмонему нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург буда, ба қадри ин неъмати бебаҳо — Ватан ва соҳибистиқлолӣ расидан масъулияти ҷиддист.

Ҳар як фарди худогоҳ бояд бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ бо заҳмату худфидоиҳои зиёд ба даст омадааст. Аз ин хотир, таҳкими пояҳои он рисолати аҳли ҷомеа аст. Хосатан, насли ҷавон бояд бештар мутолиа намояд, мушоҳидакор бошад ва бо диди наву назари нек барои пешрафти Ватани хеш ҳамеша омода бошад. Онҳоро ҳушёрӣ ва ору номуси меҳандорӣ мебояд, ки ин дар заминаи илму маърифат, омӯзиш, заҳмату эҷодкорӣ ва созандагиву ободкорӣ пайдо мешавад.

Мо, ки бо маърифати мутахассисони оянда сару кор дорем, таъкид менамоем, ки ҳамавақт худро дар муҳити маърифатӣ қарор диҳанду хешро барои пешравии ҳар кадом ниҳоди иҷтимоии ҷомеа масъул донанд. Ишораи зерини Ҳотифӣ ҳам ба ҳамин мақсад аст:

Бе маърифат одамӣ чӣ кор

ояд? Ҳеҷ!

Мақсуд зи одамӣ ҳамин

маърифат аст.

 

Саъдулло Носиров,

мудири шуъбаи табъу нашри ДМИТ, дотсент,

Машҳура Абдуллоева,

сармуҳаррири рӯзномаи

«Молия ва иқтисод»-и ДМИТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*