Фарзанди Ватан

Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, таҳкимгари пояҳои  ҳуқуқии миллат, эҳёгари арзишҳои  миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомии роҳи озодӣ ва манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон номвару соҳибэътибор гардидааст.  Пешвои муаззами миллат халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи давлатдорӣ дурафтодаро аз сари нав  ҳамчун миллати соҳибдавлат  ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кард, ҷон дар кафи даст мухолифатҳоро бартараф сохт, ҷинояткоронро авф  кард, гурезаҳоро ба ватан баргардонид, ба миллати ҷабрдида ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат  ва сиёсатро дар  хизмати  инсон вогузор намуд, пояи давлатдориро  барқарор кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон  давлатеро ба номи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар замоне, ки ҳеҷ кас ба ояндаи нек бовар надошт, дар шароите, ки модар шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро ба сад  гумону хаёл интизорӣ кашида, илтиҷо аз Худованд мекард, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш менамуд, дар он рӯзгоре, ки адлу   инсоф, дӯстиву муҳаббат, садоқату муҳаббатро беинсофию нобоварӣ, хиёнату  бераҳмӣ, номардию туҳмат гулӯгир карда буд, ӯ  масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро  ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо намуд. Сарвари одил ҳанӯз моҳи декабри соли 1992 дар муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони баруманди тоҷик  ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ  равона карда, барои  гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои  ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷонамро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам  бовар дорам». Бо чӣ гуна дард ва бо чӣ гуна самимият гуфта шуданд ин суханҳо. Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷир ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонда шуданд. 36 ҳазор хонаи  харобгашта дар як муддати кӯтоҳ пурра барқарор шуд.

Абдусалом Нозимов,

омӯзгори мактаби №129, ноҳияи Рӯдакӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*