Аз таълими салоҳиятнок то бунёди мактабҳо

Аз таълими салоҳиятнок то бунёди мактабҳо

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар бо иштироки вазир ва муовинони ӯ, инчунин кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сардорони идораю зерсохторҳои он ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Нишастро муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Р. Мирбобоев ифтитоҳ намуда, хотирнишон сохт, ки дар нишаст аз 28 нашрияву расонаи хабарӣ 33 рӯзноманигор иштирок доранд.

Дар маълумоте, ки ба намояндагони ВАО пешниҳод гардид, аз ҷумла, қайд шудааст, ки  таҳсилоти  томактабӣ, ки дар ташаккули кӯдак зинаи асосӣ маҳсуб меёбад, аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат  ба шумор меравад. Дар ҷумҳурӣ 603 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 94724 нафар фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2015 29 муассиса ва фарогирии 2700 нафар кӯдак зиёд мебошад. Дар соли таҳсили 2016-2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 3865 муассисаи таълими рӯзона, аз ҷумла 364 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ (синфи 1-4), 522 умумии асосӣ ва 2979 миёнаи умумӣ фаъолият менамояд. Вазорати маориф ва илм бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ тавонист, ки табдил додани муассисаҳои таҳсилотиро дуруст ба роҳ монад. Дар натиҷа теъдоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 58 адад ва умумии асосӣ 34 адад кам гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 102 адад зиёд гардид. Бо мақсади ғанӣ гардондани мазмуни таҳсилот  ва ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020» стандартҳои фаннӣ, роҳнамои омӯзгор ва замимаҳо ба барнома ва китобҳои дарсӣ таҳия карда шуд, татбиқи гузариш ба низоми салоҳиятнокӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ аз моҳи сентябри соли 2016 оғоз гардид. Бо ин мақсад тамоми омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз омӯзиши низоми таълими салоҳиятнок гузаронида шуданд. Ҳамчунин, тибқи нақша аз моҳи сентябри соли равон дар 24 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, дар 48 синф озмоиши Стандарти фанҳои забони тоҷикӣ ва математикаи дар синфҳои 5-6 ба роҳ монда шуд, ки айни замон марҳалаи аввали озмоиш ҷамъбаст карда шуд. Иштироки  хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ нишон дод, ки сол  то сол масъулияти омӯзгорон ва сатҳи дониши хонандагон бо муҳайё гардидани шароит дар баланд гардида, дар ин самт дастовардҳо назаррасанд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик имконият дод, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкати фаъолона варзида, сазовори шоҳҷоиза, медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Алҳол дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуда, аз рӯйи 96 ихтисос мутахассис омода менамоянд. Дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илм 457 маркази касбомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил шудааст, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи информатсионӣ ва касбҳои коргарӣ машғул мебошанд.

Қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (коллеҷҳо) дар соли таҳсили 2016-2017 15499 нафар ё 102 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, қабули довталабон дар соли таҳсили 2016-2017 дар 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тариқи Маркази миллии тес-тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Соли 2016 имтиҳонҳои қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тавассути ММТ аз 1 то 13 июл дар 43 маркази имтиҳонӣ доир гардид ва тибқи ҳама гуна низом ва шакли таҳсил 47572 нафар донишҷӯ қабул гардид.

Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои  омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Нарасидани омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 314 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 38 нафар кам мебошад. Норасоии кадрӣ дар вилояти Хатлон 138 нафар, шаҳри Душанбе 8 нафар  ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 168 нафар мебошад. Маблағгузорӣ дар буҷети давлатӣ барои соли 2016 ба соҳаи маориф 3146,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки ин нисбат ба соли 2015 7,8 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани музди меҳнати миёнаи кормандони соҳа аз 279 сомонии соли 2010 ба 743 сомонӣ дар соли 2016 расид. Вазорати маориф ва илм ҳамкориҳои байналмилалиро бо вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Япония, Белорус, Украина, Кувайт, Арабистони Саудӣ, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Индонезия, Малайзия шаҳрвандони тоҷик барои таҳсил ба ин кишварҳо фиристода шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 201 муассисаи таълимӣ барои 39028 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 537 млн. 562 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии кишвар бо адабиёти таълимӣ номгӯйи 40 китоби дарсӣ барои пешниҳод ба озмуни нашр муайян карда шуд. Ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии вазорат 194 дастхати адабиёти таълимӣ ворид гардид, ки аз он 36 китоби дарсӣ, 14 замима ба китобҳои дарсӣ, 43 дастури методӣ, 30 стандарти фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ, 11 номгӯи адабиёти бадеӣ барои хониши беруназсинфӣ ва ғайра ба шумор мераванд. Дар ин доира ба шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 125 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 2523635 нусха дастрас карда шуд.

Дар нишаст рӯзноманигорон аз хусуси норасоии китобҳои дарсӣ, нокифоягии кадрҳои омӯзгорӣ,   саҳми занону бонувон дар рушду пешрафти соҳаи маориф, амалӣ гардидани Қонуни ҷумҳрии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷой доштани фурӯши  китобу маҷаллаҳои гуногун аз ҷониби омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, қадрдонию ҳавасмандгардонии устодону омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ, бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва дигар масоили соҳа суолҳо  пешниҳод карда, аз ҷониби вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ва дигар масъулини соҳа посухҳои мушаххасу дақиқ гирифтанд.

 

Ш.РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>