Дастовардҳо назаррасанд

Дастовардҳо назаррасанд

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Маҳмадюсуф Имомзода аз фаъолияти муассиса дар давоми соли 2016 ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки ДМТ дар роҳи ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот пурра ба низоми кредитӣ гузашт. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ 98 адад нақшаи таълимии дараҷаи бакалавр ва 33 адад нақшаи таълимии  зинаи магистратура тибқи талаботи нави стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардидаанд.

Ректор афзуд, ки раёсати донишгоҳ ба таъмини технологияи компютерӣ диққати махсус медиҳад. Танҳо дар соли 2016  295 адад компютер, 12 адад принтер, 10 адад тахтаи электронӣ ва 10 адад видеопроектор харидорӣ шуда, дастраси факултаҳо ва сохторҳои донишгоҳ гардидааст. Айни замон дар донишгоҳ 934 адад компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Рӯзноманигорон ба масъалаи мубодилаи устодону шогирдон бо ҷумҳуриҳои  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мамолики  хориҷа таваҷҷуҳ карданд. Гуфта шуд, ки дар соли гузашта беш аз панҷоҳ шогирд ба мактабҳои олии мамлакатҳои Аврупо ва ИМА дохил гардиданд. Дар навбати худ аз хориҷи кишвар 168 нафар дар ДМТ таҳсил доранд. Ҳамчунин, шартномаҳо байни мактабҳои олии Федератсияи Россия, Белорус, Қирғизистон ва ғайра  ба имзо расидаанд. Потенсиали илмии устодон низ  афзудааст. Танҳо дар соли 2016 78 рисолаи илмӣ ҳимоя гардид, ки аз он 12 – то докторӣ ва 66 – тояш рисолаи номзадианд. 205 донишҷӯ муассисаро бо дипломи аъло хатм намуданд. Хатмкунандагони равияҳои омӯзгорӣ, ки 190 нафарро ташкил медоданд, пурра бо кор таъмин гардиданд. Бино ба гуфти ректор, дар баробари пешравиҳо баъзе мушкилот низ ба чашм мерасанд, ки марбут ба масъалаи омӯзиши техника ва технология дар байни устодону шогирдонанд ва дар соли ҷорӣ бартараф хоҳанд шуд.

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>