Ҷавонон ва илм дар меҳвари Паём

Ҷавонон ва илм дар меҳвари Паём

Инсоният ҳамеша ба илм ниёз дорад. Ҳамин аст, ки дар ду асри ахир, ки аз он асрҳои илму техника ёд мекунанд, ниёзи одамӣ ба илму маърифат аз ҳар замони дигаре бештар эҳсос мешавад. Дар ин аср маҳз миллате метавонад дар муқобили гирдоби ҷаҳонишавӣ устувор монад, ки бо якдиливу ҳамбастагӣ ва бо ихтирооту дастовардҳои илмӣ-техникӣ ҳамқадами пешрафтатарин кишварҳои пешрафта бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми декабри соли 2016 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ таваҷҷуҳи махсус намуда, таъкид карданд: «Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ  ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад».

Воқеан, чунин таъкид ва ҳамзамон, нигаронии Пешвои миллат аз илму инноватсияи тоҷик саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Чи тавре маълум аст, дар таърихи чорякасраи Истиқлолияти давлатӣ миллат нишебу фарозҳои зиёдеро тай намуда, бо таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба илму маорифи кишвар ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муассисаҳои зиёди таҳсилоти олӣ таъсис дода шуд ва ин имконият фароҳам овард, ки насли нав аз таҳсилоти олӣ бархӯрдор гарданд ва барои интихоби касбу соҳаи фаъолияти ояндаи худ тамоми шароитро дошта бошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар шароити хуби таълим ва андӯхтани ҳамаҷонибаи илм фароҳам омадаву хатмкунандагон аз дониши хуби замонавӣ ба гунае бархӯрдор бошанд ҳам, вале ба назар мерасад, ки пас аз хатм фаъолияти худро кам андар кам ба илм, хусусан, илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ мепайванданд. Агар пайванданд ҳам, барои пешрафт ва рушди илмҳои бунёдӣ ва заминагузории ягон ихтироъу навгонӣ ба таври бояду шояд камари ҳиммат намебанданд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки таъкидҳои Пешвои миллат дар ин самт такони ҷиддие бахшида, таваҷҷуҳи ҷавонон ва ҷиддӣ машғул шудани онҳоро ба илмҳои техникиву дақиқ зиёд мегардад. Зеро суханони дар робита ба илм фармудаи Сарвари давлат аз як тараф, баёнгари ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ӯ ба илму маърифат буда, аз тарафи дигар, масъулияти бештареро аз донишмандон, унвонҷӯён, аспирантону донишҷӯён ва дар умум аз аҳли зиё талаб менамояд.

Чи тавре пештар ишора шуд, дар Паёми навбатӣ дар баробари  пешравиҳои назарраси соҳаи маориф, ҳамчунин, ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани дониши муҳассилин ишора шуд, ки аз мо, омӯзгорон, масъулияти бештареро тақозо мекунад. Моро водор месозад, ки диққати наврасон, хонандагон ва донишҷӯёнро барои азбар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ҷалб намоем. Имрӯз вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба шумора боз ба сифати таълим ва ба дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти донишмандони тоҷик диққати ҷиддӣ дода шавад. Ба таъбири машҳур, вақти он аст, ки “аз шумора ба сифат” гузарем ва кадрҳои донишманду ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тарбия намоем, зеро пешрафту тараққии кишвар бастагӣ ба кадрҳои баландихтисос дорад.

Меҳвари дигари суханронии Пешвои миллат дар ин Паём ҷавонон буданд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъ-олияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Гузашта аз ин, эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат ба ҷавонон дарак медиҳад.  Бо сафҳагардонии таърих ба ин ҳақиқат мерасем, ки дар ҳама давру замон нухбагон ва зимомдорони давр аз қишри ҷавони ҷомеаи худ изҳори нигаронӣ намуда, ояндаи давлату миллати худро бо онҳо зери суол мебурданд. Вале ба фарқ аз ҳамаи онҳо Пешвои миллат ҳамеша бовариву эътимоди худро нисбат ба ҷавонон эълон дошта, гулгулшукуфию пешрафти кишварро бо саҳму ташаббуси ҷавонон алоқаманд медонанд. Чунончи, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат эълон доштанд, ки: “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”.

Боварӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат боис мегарданд, ки ҷавонон хештаншиносу меҳанпараст гашта, эътимод ва боварӣ ба истеъдоду ташаббусҳои худ дошта бошанд. Чи тавре ишора шуд, дар баробари масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ  масъалаҳои марбут ба илм ва ҷавонон меҳвари суханронии Пешвои миллатро дар Паёми навбатӣ ташкил менамояд. Мусаллаҳ шудани ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан, русӣ ва англисӣ имконият медиҳад, ки миллати тоҷик аз арзишҳои милливу фарҳангии худ дар баробари гирдоби ҷаҳонишавӣ ҳимоят намояд ва тоҷикро ҳамчун миллати таърихан созанда, ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббускори бузургтарин иқдомоти байналмилалӣ ва кушояндаи гиреҳи мушкилоти ҷаҳонӣ гардонад.

 

А. Миралиев,

профессор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*