Нахустунсури офариниш

Нахустунсури офариниш

Фарҳанги халқи тоҷик хеле ғанӣ, пурмуҳтаво ва фарогир буда, аз қадим таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқ ва олимони соҳаҳои гуногунро ҷалб намудааст ва ҳамчунин, дар ташаккулу рушди фарҳанги халқҳои дигар таъсири файзбахш гузоштааст.

Тамоми бахшҳои фарҳанги аҷдодони тоҷикон таърихан пешрафтаву рушдёфта будааст. Аз ҷумла, фарҳанги экологии ин халқи тамаддунпарвар хеле ибратбахшу пурҳикмат мебошад. Тоҷикон аз қадим ба табиат ҳамчун ба таъмингари ҳаёти шоистаи одамон эҳтирому эътиқоди қавӣ доштанд. Онро сарчашмаи бахту саодат, серию пурӣ ва некуаҳволӣ медонистанд. Бисёр офаридаҳои табиат муъҷиза ва шоистаи парастиш дониста мешуданд. Масалан, таваҷҷуҳу эҳтиром ба яке аз муъҷизаҳои бузурги табиати офаридгор – об бағоят бузург ва самимӣ буд. Ситоиши об дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто» мавқеи шоиста дорад. Ин ҷо таъкид мешавад, ки обро бояд покиза нигоҳ дошт, онро набояд олуда кард, об таъмингари сарсабзии мазраъҳо, боиси тозагию озодагӣ ва шукуфоист. Оне, ки обро олуда мекунад, сазовори муҷозоти бадтарин аст. Дар бораи об асотиру ривоёти зиёде низ мавҷуданд. Дар ривояте омада, ки дар аҳдҳои томилодӣ эрониён ҳангоми қурбонӣ барои фариштаи об дар канори дарё ё чашмасор чоҳе меканданд ва дар соҳили об қурбонӣ мекарданд, он гуна ки об ба хуни қурбонӣ олуда намешуд.

Дар китоби машҳури хеш «Осор-ул-боқия» донишманди беназири тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар ҳамбастагӣ ба мавзӯи об овардааст: «Рӯзи ёздаҳуми исфанд рӯзи «Ҳур» аст, ки аввали гоҳанбори дувум мебошад. Дар ин рӯз буд, ки Худованд обро офарид. Ҳаштумин моҳи сол ва даҳумин рӯзи моҳ ба ном ин унсур «Обон» номида шудааст».

Чунонки аҳли фалсафа таъкид мекунанд ва дар сарчашмаҳои зиёде зикр мешавад, ҷаҳон офарида аз чаҳор унсун – обу хоку боду оташ аст ва дар ин чаҳор унсури азал об дар мавқеи аввал қарор дорад, яъне нахустунсури ҳастӣ об маҳсуб мешавад. Носири Хисрав ин ҳадисро чунин ба риштаи назм кашидааст:

Ниҳоди олами таркибу чарху

ҳафт ахтар

Шуд офарида ба тартиб аз ин

чаҳор гуҳар:

Зи оби равшану аз хоки тира

в-оташу бод,

Чаҳор гавҳару ҳар чаҳор зидди

якдигар.

Ибораи машҳури оби ҳаёт низ далели мавқеи барҷастаю аҳамияти хосаи об мебошад. Зери  ин ибора оби чашмаи афсонавие дар назар аст, ки ҳар кас аз он бинӯшад, умри бехазон, зиндагии ҷовид насибаш бигардад. Ин байти Ҳофиз бо истифодаи ибораи оби ҳаёт машҳур аст:

Дӯш вақти саҳар аз ғусса

наҷотам доданд,

В-андар ин зулмати шаб оби

ҳаётам доданд.

Тоҷикон ба анъанаҳои хушбинонаи гузаштагони баруманди худ содиқанд ва то имрӯз эҳтирому эътиқод ба об доранд, тозагии онро риоя менамоянд, мекӯшанд, ки обро сарфакорона истифода баранд.

Ба ҳукми таърих тоҷикон, ки замоне мамлакати бапаҳное дош-танд, имрӯз дар масоҳати начандон бузурге маскунанд, ки он Тоҷикистон ном дорад.  Ҷумҳурии мо ҳоло соҳибистиқлол аст ва ҳамаи дороиҳояшро ихтиёрдорӣ мекунад. Кишвари маҳбубамон бо обҳои фаровонаш, бо кишвари саргаҳи обҳои мусаффо буданаш дар ҷаҳон маъруф мебошад. Сарватдорӣ гапи дигар асту истифодаи эҳтиёткоронаи он гапи дигар.

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот  ба сиёсати хирадмандонаи худ ба дороиҳои кишвар, аз ҷумла ба обҳои мусаффою аълосифати диёр бо камоли эҳтиром ва одилонаю воқеъбинона муносибат менамоянд. Бо ибтикор ва ташаббусҳои башарпарваронаи Пешвои миллати мо масъалаи об ба сатҳи ҷаҳонӣ бардошта шуд ва ба яке аз масъалаҳои глобалии дунёи муосир табдил ёфт. Тавре маълуми ҳамагон аст, 21 декаб-ри соли 2016 Маҷмааи умумии СММ қатъномаеро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» якдилона ва бо тарафдории 177 кишвари узви СММ қабул кард, ки он асос ба ташаббус ва пешниҳоди Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошт. Ин дастгирии чаҳорумин ташаббуси Пешвои тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба истифодаи самаранокии об буд. Қаблан се ташаббусу пешниҳоди Сарвари кишвари мо дар иртибот ба ин масъала аз ҷониби СММ пазируфта шуда буд. Акнун ҷаҳониён Тоҷикистонро дар шумори кишварҳои фаъолу ташаббускор ва пешсафи сайёра дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи он ба забон меоранд, ки ин, албатта, боиси ифтихор аст.

Ҳамаи мо, аҳли зиёи кишварро мебояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои башарпарваронаю некбинонаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» фаъолона ширкат варзем, онро тарғиб намоем, ба шогирдон тавзеҳ бахшем ва дар тамоми таълимгоҳҳо вобаста ба ин ташаббуси ифтихорангези Пешвои миллат маҳфилу ҳамоишҳои илмию амалӣ баргузор бикунем.

Латофат

Одинаева,

директори коллеҷи информатика ва  техникаи компютерии шаҳри Душанбе, номзади илми педагогика

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>