Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун

Дар адабиёти пурғановати тоҷикон ситоиши некию накукорӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстию рафоқат ва одаму одамгарӣ мавқеи бавусъат ва нақши барҷаста дорад. Ниёгони хирадоини мо ба тавсифи сулҳу ваҳдат низ эътибори ҳамешагӣ додаанд. Ба таъкиди эшон, маҳз сулҳу ваҳдат одамонро ба ҳам меоварад, дӯстиву ҳамзистии осоиштаро устувор месозаду равнақ мебахшад. Ашъори то мо расидаи устод Рӯдакӣ саршор аз ғояҳои дӯстиву ваҳдат буда, моро ба дасти ҳам гирифтан, аз кину адоват дурӣ ҷустан даъват менамоянд. Қофиласолори адабиётамон таъкид мекунад, ки:

Ангушт макун ранҷа ба дар

кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба

даркӯфтанат мушт.

Яъне, барои дӯстонаву аҳлона зистан бояд ҳамдигарро эҳтиром кард, касеро набояд ранҷонду ба фарде набояд ранҷ овард.

«Шоҳнома»-и Фирдавсии бузургвор як андарзномаи пурғунҷоишу муҳтавомандеро мемонад, ки дар он ҷанг шадидан маҳкум ва сулҳ хеле самимона ситоиш мешавад. Ин се байт гарде аз хазинаи муҳташами «Шоҳнома»-анд, ки тарғиби дӯстиву рафоқат мекунанд:

Ба пеши бародар бародар ба

ҷанг

Наёяд, агар бошадаш ному

нанг.

ХХХ

Касе нест бе оҷу бе ному нанг,

Ҳамон оштӣ беҳтар ояд зи

ҷанг.

ХХХ

Набояд, ки бошем бо сози

ҷанг,

На з-ин бора ҷӯяд касе ному

нанг.

Саъдии  Шерозӣ низ сарояндаву ситоишгари бузурги ваҳдату дӯстист. Шоири  андарзгӯи тоҷик ҷангро шадидан маҳкум мекунад ва ҷангҷӯро бефарҳанг мехонад:

На дониш бошад он касро, на

фарҳанг,

Ки вақти оштӣ пеш оварад

ҷанг.

Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил зиндагиро ба туфайли дӯстиву дӯстон хушу хуррам мешуморад ва иброз медорад, ки дӯстӣ омили ҳаёти осоиштаи одамон аст:

Зиндагӣ бо дӯстон айш асту

танҳо оташ аст,

Шох аз гулбун ҷудо масруфи

гулхан мешавад.

Мавзӯи сулҳу ваҳдат мавзӯи ҷовидонии адабиёти безаволу куҳанбунёди мост. Аз ин ҷост, ки адибони  муосири тоҷик низ ба ин мавзӯи дерини адабиёт содиқ мондаву онро идома бахшидаанд. Устодон Айниву Лоҳутӣ ва Турсунзодаву Лоиқ дар мавзӯи сулҳу ваҳдат ашъори фаровону пурмазмун гуфтаанд. Устод Лоҳутӣ шиор дардода буд:

Чун сипоҳи сулҳи олам гарми

пайкорем мо,

Ҷанг бадбахтӣ бувад, аз ҷанг

безорем мо.

Ин байти устод Турсунзода машҳур аст:

Халқи олам дӯст бо мо

гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум

макун.

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли гузашта 25-умин солгардашро таҷлил намудем, мавзӯи сулҳу ваҳдат дар адабиёти тоҷик басо равнақ ёфт. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта (ҷанги ҳамватанӣ дар кишвар) бори дигар таъкидгари аҳамияти сулҳу ваҳдат гардиданд ва ба бештар густариш пайдо намудани ин мавзӯи муҳим дар адабиёт мусоидат карданд. Акнун ҳамагон бовару эътимод доранд, ки :

Пешрафти миллати мову ту

аз ваҳдат бувад,

Обрӯву иззати мову ту аз

ваҳдат бувад.

Дар Тоҷикистони хуршедии мо Рӯзи Ваҳдат таъйин шудааст ва соли равон 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.

Солиҳа ДАВЛАТШОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*