Тарғибгари ҳаёти солим

Дар мактаби рақами 92-и ноҳияи Сино бо ташаббуси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе маросими мукофотонидани тими “Футбол — 83”-и маҳаллаи 83-и пойтахт бо иштироки омӯзгорону хонандагони мактаб ва дигар меҳмонон баргузор гашт. Дар расми ифтитоҳи он муовини директори муассиса Мирзо Абдураҳимов гуфт:

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон соли 2017-ро дар кишвар Соли ҷавонон эълон карданд, ки ин иқдом барои пешрафту комёбиҳои беназири ҷавонон дар ҳама соҳаҳо, хусусан, дар соҳаи варзиш таъсири мусбат мерасонад. Омӯзгорону хонандагони таълимгоҳи мо ҳамаи футболбозони тими “Футбол-83”-ро табрик гуфта, ба онҳо муваффақиятҳои нав ба нав орзуманданд. Инчунин, арзи сипоси худро ба Алишер Урунов, раиси Лигаи миллии футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Мирзоев, раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, Аваз Ҳабибов, Президенти тими “Футбол — 83” ва Дилшод Турсунов, раиси ҷавонони маҳаллаи 83 мерасонам, ки дар баргузории ин маҳфил ташаббус нишон доданд.

Дилшод Турсунов, раиси ҷавонони маҳаллаи 83-и ноҳияи Сино, зикр намуд, ки мақсад аз баргузор кардани ин чорабинӣ дар қалби хонандагону ҷавонон бедор кардани шавқу ҳавас нисбат ба варзиш, хусусан, футбол мебошад.

Дар охири маҳфил аз тарафи ташаббускорони чорабинӣ ба бозигарони тими “Футбол — 83”, меҳмонони фахрӣ ва мухлисони фаъоли тими мазкур медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд супурда шуд.

 

Дилафрӯз ҚУРБОНӣ,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*