Дастури фаъолияти мо

Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Соли ҷавонон эълон гардид.

Дар ҳақиқат, ҷавонон  қувваи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар доираи амалӣ гардидани ин иқдом ва тадбирҳои некбинона ва ғамхоронае, ки аз тарафи Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон андешида мешавад, дар мадди аввал саҳми омӯзгорон бузург аст. Мо, омӯзгорон, дар ҷавоб ба ин дастури ояндабинонаи Пешвои миллат  бояд тамоми неруи хешро барои  боз ҳам беҳтар гардидани таълиму тарбияи насли наврас равона намуда, кӯшиш намоем, то натиҷаи фаъолиятамон мутобиқ бо талаботи замони муосир бошад. Ҷавононеро ба камол расонем, ки ба манфиати ҷомеа, дар  рушду тараққӣ, ободониву созандагӣ ва мустаҳкамию пойдории кишварамон нақши мондагор гузошта тавонанд.

Омӯзгор дар ҳама марҳалаи зиндагии инсоният  бо донишу фазилати хеш ба муқобили неруҳои аҳриманӣ мубориза бурда, чароғи ҷомеаро фурӯзон намудааст. Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ба ҳама маълум аст. Дар рӯ ба рӯйи мо омилҳои пурхатаре қарор дорад, ки дастбакорони он кӯшиш менамоянд дар ҳамоҳангӣ, ҳамкорӣ бо ҷавонон хадафҳои нопоки хешро амалӣ намоянд.

Мо, омӯзгорон, ҷавобан ба дастури Пешвои миллат ба сифати таълиму тарбияи шогирдон диққати ҷиддӣ медиҳем, барои амалӣ гардидани  нуктаҳои дар Паём зикршуда ҷаҳду талош менамоем.  Дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дастовардҳои истиқлолият насли наврасро тарбия намоем.

Барно ВАЛИЕВА,

директори мактаби №117-и ноҳияи  Рӯдакӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>