Аҳли маориф бештар масъуланд

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар охири соли 2016 ироа гардид ва ин имкон фароҳам овард, ки аҳли кишвар, идораву муассисаҳо нақшаи фаъолияти худ-ро дар соли 2017 ҳадафмандонаву воқеӣ ва вобаста ба муҳимтарин масоили зиндагӣ мураттаб созанд.

Бояд таъкид кард, ки Паёми Сарвари кишвар масъалаҳои муҳиму мубрамро фарогир аст, назари фароху ҳамабин ба имрӯзу фардои ҷумҳурӣ дорад. Дар оғози Паём Президенти муҳтарам зикр карданд, ки дар давоми 25 соли истиқлолият Ватани маҳбуби мо бисёр монеаҳои сангинро бартараф сохта, қадамҳои устувор ба пеш гузошт, соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт  рушд ёфтанд, дар мамлакат сулҳу ваҳдат тантана кард, ҳаёти осоиштаву бунёдкоронаи аҳли ҷумҳурӣ таъмин гардид ва обрӯву эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ хеле боло рафт. Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки «Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд… Музди меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид».

Дар Паём тазаккур дода шуд, ки дар соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде сомон бахшида шуданд ва ин заминагузори тараққии босуръати соҳа гардид. Бо ҳадафи дастгирии соҳаи маориф барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардиданд. Танҳо дар заминаи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» беш аз 800 муассисаи таълимӣ аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳову дигар биноҳои номувофиқ бароварда шуданд ва ба биноҳои алоҳидаи муҷаҳҳазу дорои шароити зарурӣ таъмин карда шуданд. Ҳамчунин, дар Паём таъкид гардид, ки танҳо дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои  таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардид.

Борҳо собит шуда, ки Президенти муҳтарами ҷумҳурии мо ба маънои томи сухан маорифпарваранд, ба аҳли таълиму тарбия эҳтироми баланд доранд ва барои рушди соҳаи маориф пайваста ҷидду ҷаҳд, тадбирҷӯӣ мекунанд.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат вазифа ба миён гузоштанд, ки сатҳу сифати таълим дар тамоми таълимгоҳҳои мамлакат ва дар тамоми зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад. Барои ин, пеш аз ҳама, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бартараф ва мутахассисони ҷавону болаёқат ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шаванд. Дар баробари ин вазифа ба миён гузошта шуд, ки минбаъд омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шавад. Ин тадбир ба вусъати донишҳои ҳуқуқӣ, ба масъулиятшиносу бомаърифат гардидани насли наврас ва такмили ҳисси ифтихори милливу ватанпарварии онҳо бештар мусоидат хоҳад кард.

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти аҳли кишвар оғоз бахшид. Дар ин марҳила, ки давраи дигари пешрафту рушди мамлакатамон хоҳад буд, аҳли маориф бояд дар қатори пешсафону ташаббускорон қарор дошта бошанд.

 

Ойзода АЮБОВА,

омӯзгори мактаби №3-и

деҳаи Рарзи ноҳияи  Айнӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>