Неруи тавонои пешбари ҷомеа

Дар охири соли гузашта ироа гаштани Паёми Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат як навъ ҳусни анҷоми сол гардид. Имрӯзҳо тамоми сокинони диёри маҳбубамон зери таассуроти ин ҳодисаи таърихӣ қарор доранд.

Паёми Пешвои миллат вазъи кунунии иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳуриро амиқу дақиқ инъикос намуд ва вазифаҳои минбаъдаи аҳли кишварро ба таври саҳеҳ муайян кард. Илова ба таҳлилу баррасиҳои бунёдиву фарогир Сарвари давлат дар Паёми хеш  чанд иқдому пешниҳоди тозаву судманд ба миён гузоштанд. Яке аз ин иқдомати хеле муҳим ва  нақшгузор дар ҳаёти мамлакат дар қаламрави кишвар Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 буд. Пешвои миллат дар Паём вобаста ба ин мавзӯъ, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти  аҳолии  Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар идомаи Паём Президенти муҳтарам бо камоли ифтихор иброз доштанд, ки ҷавонон мо фаъолу пешраванд ва дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат фаъолона ширкат мераванд.

Дар ин замина Пешвои миллат ба самъи ҳамагон расонданд, ки «Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».

Ин иқдоми оқилона маънои боз ҳам бештар рӯй овардан ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо, боварӣ ва эътимод ба неруи тавонон ҷавонӣ, таҳкими мавқеи ояндасозони миллат дар ҷомеаро дорад. Дар ин сол бояд садои ҷавонон боз ҳам баландтар бошад ва онҳо собит созанд, ки масъулияти фардои мамлакатро дилпурона ба дӯш гирифта метавонанд.

Барои фаъолияти шоиставу густурдаи ҷавонон дар кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Кумитаи кор бо ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиши мамлакат дар татбиқи сиёсати сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон нақши босазо дорад.

Ҷавонон дар тамоми соҳаҳо фаъолият доранд, теъдоди онҳо дар таълимгоҳҳои мамлакат хеле зиёд аст. Ҷавонони мо фардо ба чӣ корҳо қодир ҳоҳанд буд, чӣ азму ирода нерую тавоноӣ ҳоҳанд дошт, аз он вобаста аст, ки имрӯз дар таълимгоҳҳо чӣ гуна таҳсил мекунанд, сатҳи омӯзишашон дар кадом дараҷа аст…  Вобаста ба ин, дар Соли ҷавонон омӯзгорон-аҳли таълиму тарбияро мебояд, ки бо насли ояндасоз иртиботи қавитар дошта бошанд, машғулиятҳоро бо онҳо муассиртару пурмуҳтавотар роҳандозӣ намоянд. Ҷавонӣ оғози фаъолият аст ва қадам дар оғоз росту ғайратмандона, бо қатъият ва устувор гузошта шавад, идомааш бобарору судманд хоҳад буд. Ба ин маънӣ ниёгони хирадмандамон фармудаанд, ки «Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хохӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст». Ҷавонони мо, дар ҳақиқат, ғайратманду ташаббускору фаъол ва соҳибистеъдоданд. Танҳо онҳоро фаҳмиданду дастгириву роҳнамоӣ кардан мебояд.

 

Гуландом НАЗАРОВА,

омӯзгори мактаби №2,

ноҳияи Файзобод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*