Тарбияи дуруст – омили пешравӣ

Таърихи мактабу маориф дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият рушди бемайлони соҳаро  дар сатҳи гуногун ёд дорад. Вале соҳаи маорифи кишвар, бахусус дар   муддати 25 соли Истиқлолият чунин ҳолати пешравиро дар хотир надорад. Масалан, барои пешрафти  соҳа танҳо дар соли 2016 3 миллиарду  150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки дар муқоиса ба даҳ соли сипаришуда 13 баробар зиёд аст.   Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба пешрафти соҳаи маориф пайваста меафзояд. Дастовардҳои навин ба мо, аҳли маориф, рӯҳу  илҳоми тоза мебахшанд ва мо барои баланд бардоштани савияи дониши шогирдон бештар кӯшиш менамоем. Дар баробари  ин, мутаассифона, баъзе ҳолатҳое ҳам ҷой доранд, ки ба таълиму тарбияи шогирдон таъсири манфӣ мерасонанд. Чунин ҳодисаҳо дар қабули шогирдон ҳангоми ба синфи якум омаданашон ба мушоҳида мерасанд.

Якум, ба мактаб кӯдаконе  меоянд, ки то ин вақт  дар тарбияи хешу таборонашон мебошанд ва падару модарашон дар муҳоҷирати  меҳнатӣ қарор дошта, ба тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ дода нашудааст. Дуюм, қисме аз волидон аз ҳам ҷудо шудаанд, ки дар натиҷа ба тарбияи бачаҳо таъсири манфӣ расидааст. Сеюм,  бархе умуман  ба боғча нарафтаанд ва аз тарбияи мураббиён  баҳровар нашудаанд. Инҳо омилҳоеанд, ки ояндаи мактабро ба ҳоли ногувор мегузоранд.

Боғча барои дар ҷамъият ҳамчун инсон шакл гирифтани наврас мусоидат менамояд. Кӯдакро барои дар ҷамъият роҳ ёфтан омода мекунад.  Дар симои муаллим кӯдак инсони ҳамадон, орӣ аз камбудиро мебинад. Дар муҳити мактаб бошад, кӯдак шакл мегирад, иртибот бо ҷомеаро меомӯзад. Хизмати мактаб дар рушди кӯдак бориз бояд бошад. Ояндаи ҳар як давлат бо кӯдаконе вобаста аст, ки оилаю боғча ва мактабу ҷомеа омода намудаанд. Ҳамкории  ин ниҳодҳо мусоидат бар он менамоянд, ки кӯдак солим, ҳамчун фарзанди бонанг, инсондӯст, ватандӯст  тарбия гирифта ба воя расад, ба Ватан ва ба халқи азиз  садоқатмандона хизмат намояд.

 

Нозигул Дилбарова,

омӯзгор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*