Daily Archives: 09.02.2018

Ба навиштани ЭССЕ омода бояд шуд

Бо мақсади иҷрои дас-туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон (1 сентябри соли 2015) шурӯъ аз соли 2018 дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ карда мешавад.  Акнун довталабон илова ба пурсишҳои тестӣ ... Read More »

Навгониҳо дар соҳа зиёданд

Нишасти матбуотии  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон 5 феврали соли 2018 баргузор гашт, ки дар он теъдоди зиёди хабарнигорон аз аксари васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Ин нишаст бо  посух ба суолҳои рӯзноманигорон оғоз ёфт. Нахуст суол он буд, ки чаро дар кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ ба ҳар навъу ҳар миқдор аз волидон маблағ мегиранд, оё меъёри муайян нест, магар аз ... Read More »

Тақвияти ҳамкориҳо бо Озарбойҷон

6 феврали соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсуз оғлу Мамедзаде доир гардид, ки дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид оид ба низоми  таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, қайд кард, ... Read More »

Соли ҷавонон пур аз комёбиҳо буд

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов теъдоди  зиёди рӯзноманигорон  ҳузур доштанд, ки ин, пеш аз ҳама, далели таваҷҷуҳи онҳо ба соҳаи варзиш ва эътирофи  нақши шоистаи ин боргоҳи таълиму тарбия дар рушди соҳаи мазкур дар кишвар  буд. Нишасти матбуотӣ бо суханронии ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров оғоз ёфт. — Дар таълимгоҳи мо, — гуфт ... Read More »

Рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ

Бахшида ба оғози расмии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   дар шаҳри Душанбе бо намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти ҳунармандони тоҷик ҳамоиш баргузор гашт. Дар намоишгоҳ аз тамоми ҷумҳурӣ онҳое, ки ба дӯхтани либосҳои  чакан, таҳияи атласу адрас, сабадбофию кулолгарӣ ва табақтарошию кордсозӣ, хуллас, равнақу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, иштирок карданд. Бо суханронии ёрдамчии Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ... Read More »

Асосгузори давлатдории муосири тоҷик

Бахшида ба 25 – умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби тозаэҷоди соҳибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов  ва доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории муосири тоҷик» ба нашр расид. Китоби мазкур ба фаъолияти сиёсии Асосгузори ... Read More »

«Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид. Муаллифон – мураттибони китоби мазкур доктори илмҳои таърих, мушовири калони дастгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода,  донишманду муҳаққиқи ҷавон  Арафамоҳ Даминова мебошанд. Китоби номбурда аз бобҳои «Ҷомеа», «Давлату давлатдорӣ», «Амният», ... Read More »

Раҳнамои мардум

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид,  воқеан, раҳнамо барои тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Сарвари давлат зимни таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, дар ибтидо иброз намуданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, ... Read More »

Рисолати аҳли маориф

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва бахши маориф, ки дар сиёсати давлат ҳамчун соҳаи калидӣ эътироф шудааст, ҳаматарафа таҳлил гардид. Воқеан, сармояи инсонӣ ҳамчун неруи пуриқтидори маънавӣ бо асноду  мадорики муътамад собит сохтааст, ки пешрафту тараққии ҳар як давлати чи  хурду чи бузург ба он пайванди ... Read More »

14 муассиса дар ҳолати садамавӣ

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Балҷувон М. Зоирзода нисбат ба фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия иброз дошт, ки дар таълимгоҳҳои ноҳия 7 ҳазору 82 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли равон 99 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятӣ иштирок карда, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  2 хонандаи синфи 11 роҳхат гирифтанд. Мавсуф, ҳамчунин, дар бораи мушкилоту камбудиҳои соҳаи маориф иброз ... Read More »

Ободонӣ вусъат меёбад

Соҳибкорон ва сокинони деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза бахшиданд. Кумитаи падару модарон якҷо бо хатмкардагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 иқдом гирифтанд, ки мактаби мазкурро таъмиру тармим намоянд. Барои амалӣ намудани ... Read More »

Бинои нав бунёд мешавад

Вокуниш ба мақолаи «Мактаб бину ҳол пурс»-и Шариф Абдулҳамидов, ки дар рӯзномаи «Омӯзгор» 7 декабри соли 2017, №49 чоп шудааст. Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи бинои куҳнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 меравад, ки бино фарсуда буда, дар ҳақиқат, солҳои 1928-29 сохта шудааст. Маълумоти дарҷгардида қисман дуруст буда, соли 1960-70 се бинои таълимии дигар сохта шудааст. Воқеан ҳам, дар ... Read More »

Тарбия масъулияти ҳамагонист

Имрӯз масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон масъалаи рӯзмараи ҳаёти мо гардидааст. Даст задани баъзе аз наврасону ҷавонон ба дарсгурезӣ, майпарастӣ, мардумозорӣ, дуздӣ, қаллобӣ ва гаравиши онҳо ба ҳаракатҳои номатлуби диниву тундгаро ҳар як падару модар, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгоронро водор месозад, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, дар якҷоягӣ муборизаи оштинопазир баранд. Мутаассифона, аксари падару модарон ба тарбияи фарзандон ... Read More »

Фирефтаи иғво нагардем

Терроризм ҳамчун раванди хатарзои зиддибашарӣ имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ба нав ва сангинро эҷод менамояд. Он барои мардуми азияткашида ва сулҳдӯсти мо шинос аст ва баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо ин зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ гашта, азобу дарди онро дар қатори баъзе сокинони мамлакатҳои ҷаҳон аз сар гузаронидааст. Дар бархе ... Read More »

Ҳунарҳои мардумӣ – ҷузъи фарҳанги миллат

  Оҳангархонаи бобоӣ дар хидмати мардум Деҳаи  Хидорҷеви  Ҷамоати деҳоти  ба номи Қурбоншо Гадоалиеви  ноҳияи Роштқалъа бо ҳунармандони  худ дар  тамоми ноҳия  шуҳрат дорад. Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ъълон гардидани  соли 2018 барои  эҳё ва рушди минбаъдаи  касбҳои  аҷдодӣ имконоти бештар   фароҳам меоварад. Айни ҳол дар ин деҳа ду оҳангархона ва як корхонаи тавлиди асбобҳои мусиқӣ фаъолият мекунанд. ... Read More »

Фарзанди ҳунар бош!

Худро шахси хеле хушбахт меҳисобам, зеро дар зери осмони софу беғубор, табиати сабзу хуррам ва биҳиштосои  Тоҷикистони азиз бо хотири ҷамъу осуда  дар ҳалқаи фарзандону набераҳо зиндагонӣ мекунам. Аз тақдири хеш меболам, ки маро ҳамсарам аз хоки Озарбойҷон ба ҳамин кишвари зебо ва оилаи ҳунарманд  овард.  Ҳамин сабаб гашт, ки ман низ болои ҳунарҳои мардуми озар боз ҳунарҳои мардуми тоҷикро ... Read More »

Муносибати босалоҳият ба таълим падидаи нав нест

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо муаллифони китобҳои дарсӣ оид ба муносибати босалоҳият дар таълим баргузор шуд. Нишастро вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ифтитоҳ бахшид. Муовини вазир Латофат Назирӣ қайд кард, ки муносибати босалоҳият дар таълим бо вуҷуди ҳамчун падидаи нав қабул шуданаш, аслан дар таърихи таълиму тарбияи халқи тоҷик падидаи нав нест. Зеро тӯли ҳазорсолаҳо мардуми ... Read More »

М. Раҷабзода: Ҳафтод нафарро хориҷ кардем

Дар соли 2017 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро 509 нафар донишҷӯ, аз ҷумла шаш нафар бо дипломи аъло ва шуъбаи  магистратураро  сӣ  нафар, аз ҷумла, нуҳ нафар бо дипломи аъло хатм  карданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори донишкадаи мазкур, профессор Маҳмадулло Раҷабзода. — Имрӯз дар воҳидҳои сохтории донишкада чор факулта – филологияи тоҷик, филологияи ... Read More »