Daily Archives: 05.02.2018

Анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Сада мебошанд

Табрикоти телевизионии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада  29.01.2018, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ... Read More »

Дурнамои таълими дуалӣ дар мамлакат

Тибқи муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва марказҳои таълимии калонсолон аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории вазоратҳо ва корхонаю ташкилотҳо ва шарикони байналмилалии рушд ба роҳ мондааст. Яке аз чунин чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ конфронси «Таҷрибаи  Қазоқистон оид ба иҷрои таълими дугона– Имкониятҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон» аст, ки 25 январи соли ... Read More »

Кори бомашварат наку ояд

Баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф  маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад тамоми чорабиниҳоро амалӣ менамояд, то мутахассисони дорои дониши мукаммалу рақобатнопазир ба бозори меҳнат тарбия ёбанд. Зеро пешрафт ва ояндаи мамлакат ба кадрҳо вобастагии амиқ  дорад. Ин нукта  дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ... Read More »

Роҳҳои пешгирии радикализм (ифротгароӣ)

(Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) Дар соли 2017 кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мутахассисон аз муассисаҳои дигари таълимию илмӣ як таҳқиқоти сотсиологиро оид ба радикализм дар байни ҷавонони Тоҷикистон анҷом доданд. Мақсад аз гузаронидани таҳқиқот омӯхтани сабабҳо ва шароити зуҳури радикализм дар байни ҷавонон, ошкор намудани хусусиятҳои хос ва ... Read More »

Об шарбати инсон аст

Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз мегардад ва дар доираи он дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Чунончи, имсол дар пойтахти мамлакат Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» ... Read More »

Рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ

Хатсайри нав барои сайёҳон Бо иқдоми Ассотсиатсияи сайёҳӣ — экологии Помир соли равон дар минтақаи Помири Шарқӣ боз як хатсайри нав кушода мешавад. Ба иттилои раиси ин ассотсиатсия Асадшо Зоолшоев, дар минтақаи мазкур  кӯлҳои зиёд бо манзараҳои зебо, даштҳои фарох, ҳайвоноти нодиру растаниҳои шифоӣ, пайроҳаҳои пурпечутоби кӯҳӣ мавҷуданд, ки мисли онҳо дар манотиқи дигари олам нест. Аз ин рӯ, бештари ... Read More »

Фарҳанги миллӣ ва забони миллӣ

Фарҳангҳои пурқудрат дар тамоми таърихи инсоният мудом бар фарҳангҳои хурду кӯчак бартарӣ дошта, тадриҷан онҳоро ба худ фурӯ мебаранд, ки ин ҳодисаи табиӣ таърихист. Вақте ба таърихи ҷаҳонӣ назар мекунем, пайванди фарҳангҳо қабл аз ҳама дар натиҷаи бархӯрди онҳо ба миён меояд. Дар даврае аз таърих кишваре пурқудрат гашта, кишварҳои дигарро зери тасарруфи худ медарорад ва ба ҳамин васила раванди ... Read More »

Саҳми Айнӣ дар пешрафти матбуот

Устод Айнӣ ҳамчун шахси интеллектуал ва ғамхору дилсӯзи халқу миллат ба кулли масъалаҳои фарҳангу адаби навини тоҷик дахолат намуда, дар ташаккул ва инкишофи он иқдоми аввалин ва саҳми босазо гузоштааст. Ӯ дар қатори равшанфик-рони ҳаммаслаки худ дар кори ташкили мактабу маориф ва таъсиси рӯзномаву маҷаллаҳо талош намуда, ба вуҷуд овардани танвири афкорро дар ҷомеа маҳз дар ташкили матбуот, ташаккули фаъолият ... Read More »

Нахустунсури офариниш

Чунонки маълум аст, олимону пажӯҳишгарон ва файласуфон пайдоиши оламро аз чаҳор унсур иборат донистаанд: об, хок, бод, оташ. Воқеан, зиндагии инсонҳо, олами ҳайвонот, парандагон ва соири мавҷудоти рӯйи олам бар пояи унсури ҳаётзо яъне об бақои ҳастӣ ёфтааст. Аз замонҳои қадимтарин одамон дар радифи оташ пайваста ниёз бар об дош-танд, чунки об сарчашмаи покию назофат ва тозагӣ буду ҳамчунин боқӣ ... Read More »

Ҳунарҳои мардумӣ – ҷузъи фарҳанги миллат

Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар АМА Дар Аморати Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон барузор гардид. Дар ҳафтаи ҳунарӣ намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла, кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда,  маҳсули дасти ... Read More »

«Заргӯшак»

Театри халқии ноҳияи Рӯшон дар офаридани асарҳои саҳнавии замон фаъол аст. Намоишномаи дупардагии «Гунаҳкорони гунаҳшӯй» — и  Зариф Ибод дар шаҳри Хоруғ ва вилояти Суғд хуш пазируфта шуд. Намоишнома дар фита сабт ва дар як қатор таълимгоҳҳои ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов ба намоиш гузошта шудааст. Мавзӯи марказии асар ҳушдор додани падару модар, омӯзгорон роҷеъ ба хатари нашъамандӣ ба насли ... Read More »

Чароғи нурполоӣ, муаллим!

Одамӣ ҳамеша ниёз ба устоду роҳнамо дорад. Дар ин зиндагии пур аз пастиву баландӣ ягона касе, ки пеши худ вазифа гузоштааст, то омӯхтаву андухтаи худро ба дигарон биёмӯзаду бубахшад, омӯзгор  аст. Хушбахтона, дар ҷумҳурии мо сол аз сол  эътибору нуфуз ва мавқеи омӯзгор баланд мегардад. Ин аз мо омӯзгорон масъулияти зиёдро талаб мекунад, то ба таълиму тарбияи насли наврас  таваҷҷуҳи ... Read More »

Бофандагӣ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар қатори дигар хусусиятҳояш таъкид бар он нуктае низ мебошад, ки тоҷикон аз қадим мардумони ҳунарманду ҳунардӯст буданд ва ҳунарҳои зиёдеро азхуд карда буданду аз ҳосили ин ҳунарҳо зиндагии осоишта ва шарафмандона ба сар мебурданд. Яке аз ҳунарҳои дерини халқи мо бофандагӣ мебошад. Бофандагӣ марбут ба бофтани матоъҳои гуногун аст ... Read More »

Сифати таълим – мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ

Дар нишасти  матбуотӣ бо рӯзноманигорон ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи донишгоҳ иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ ҳамкории дуҷонибаи муассисаҳои байнидавлатӣ яке аз заминаҳои асосии рушд ба ҳисоб меравад. Бино ба гуфти ректор, яке аз шартҳои асосии воридшавӣ ба системаи таҳсилоти ҷаҳонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ ... Read More »

Китоб дӯсти беҳтарини мост

Дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб чорабинӣ дар мавзӯи «Китоб-дӯсти беҳтарини мост» бо иштироки аъзои маҳфилҳои МТИ-и минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Муовини директори китобхона Саодат Абдуллоева зимни ифтитоҳи нишаст қайд намуд, ки мо дар айёме қарор дорем, ки талабот ба китобу китобхонӣ бомаром меафзояд. Дар ин ҷода китобдор ва китобхонаҳо метавонанд корҳои зиёдеро анҷом дода, дар ... Read More »

ДМТ: Ғолиб дар байни 34 мактаби олӣ

— Соли 2017 барои ҳайати устодону профессорон, шогирдони ДМТ соли бобарор омад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода. Аз ҷумла, бо мақсади муайян кардани беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳҳои ноябр ва декабр) рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барпо гардид, ки донишгоҳ дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо ... Read More »

Фарҳанги китобхонӣ тақвият мехоҳад

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо суханронии фишурдаи ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ оид ба бурду бохти аҳли таълимгоҳ дар давоми нимсолаи дуюми соли 2017 оғоз ёфт. Ректор, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар давраи мазкур таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ асосан бо такмили сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, таҳияи барномаҳои таълимии созгор ба талаби айём, нашри китобҳои ... Read More »

Равобити байналмилалӣ густариш меёбад

Дар нишасти  матбуотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон  аз хусуси фаъолияти гуногунпаҳлуи донишгоҳ сухан рафт. Муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим  Қобилҷон Толибов иттилоъ дод, ки соли гузашта дар озмуни аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ эълонгардида бо лоиҳаи «Низоми идораи сифат» иштирок намуда, соҳиби грант дар ҳаҷми 270-580 доллари амрикоӣ гардид. Дар соли 2017 ёздаҳ ... Read More »