Monthly Archives: Январь 2018

Раъно Икромова – ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2017»

Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2017» дар арафаи Соли нави мелодӣ баргузор гардид. Озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки  муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ оғоз ёфт. Латофат Назирӣ довталабонро барои роҳ ёфтан дар даври ниҳоӣ аз номи вазири маориф ва илм табрик намуда, дар бораи афзалияти соҳа, бахусус, таваҷҷуҳ ... Read More »

Пайравони Пешвои миллатем!

30 декабри соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гашт. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид,вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода,  раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти ... Read More »

Шаҳодатномаҳои нав ба журналистон

Дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба кормандони дастгоҳи вазорат ва нашрияҳои соҳавии маориф супоридани шаҳодатномаҳои нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид робитаи дерин ва қавии аҳли маориф ва матбуотро ёдовар шуда, изҳори умед кард, ки ин ҳамкориҳо минбаъд ҳам мустаҳкам гашта, барномаву нақшаҳои ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа оид ... Read More »

Туҳфаҳои солинавӣ ба ятимон

Дар заминаи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба муносибати ҷашну маросимҳо ба назди ятимону бепарасторон рафтан ва онҳо ба ҳадяҳо супоридан аз ҷониби намояндагони муассисаҳои гуногун ҳукми анъанаро гирифтааст. Ин  анъанаи нек дар арафаи фарорасии соли нави 2018 низ идома ёфт. Ёрдамчии Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон оид ба масоили ... Read More »

Дастгирии тарбиятгирандагон

Дар пайравӣ ба иқдомҳои неку созандаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Соли нави мелодӣ кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор рафта, ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Зимни суҳбат қайд гардид, ки мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дорои 62 тарбиятгирандаю омӯзгор ва корманд аст. Тарбиятгирандагон ... Read More »

«Нуҳ нотаи сеҳрофар»

Ҷаннати 12-сола дар котиботи СҲШ дар Пекин барномаи консертӣ пешниҳод кард. Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин консерти камеравии донишҷӯи коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе Ҷаннат Ҳусейнзодаи 12-сола баргузор гардид. Консерти мазкур дар доираи силсилаи «Нуҳ нотаи сеҳрофар» бо ибтикори Котиботи СҲШ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуд. Котиби генералии CҲШ ... Read More »

Таъмири кӯдакистон ба анҷом мерасад

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 14 муассисаи томактабӣ мавҷуд буда, дар миёни онҳо кӯдакистони №1 — «Зангӯла» фаъолияти назаррас дорад. Муассиса айни замон 140 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Мудири кӯдакистон  Муаззама Ниёзова иброз дошт, ки дар 8 гурӯҳ 8 мураббияи соҳибмаълумоту ихтисосманд машғули таълиму тарбияи кӯдакон мебошанд. Мураббияи ботаҷрибаи муассиса Сурайё Баротова дар озмуни вилоятии «Мураббии сол» иштирок намуда, ... Read More »

То ҷаҳони маънавӣ ташаккул ёбад…

Дар замони муосир, ки ҷаҳон ба марҳалаҳои навини мураккабу печида ворид гардидааст, ташаккулу таҳаввули насли наврас ва ҷавонон дар кишвари мо дар мадди аввал қарор гирифтааст. Айни замон баҳри тарбияи маънавии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз тамоми  воситаҳои судбахш ва омилҳои мусбати муассир истифода бояд кард. Зеро ба дӯши аҳли ҷомеа, хусусан, устодону омӯзгорон ва падару модарон рисолати бузурге гузошта шудааст, ... Read More »

Роҳнамо ба комёбиҳои навин

Имсол  17 – умин Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Бояд гуфт, ки Паёми имсолаи  Роҳбари давлат чун солҳои пешин фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа буда, дурнамои рушди кишварро дар тамоми самтҳо барои соли оянда муайян менамояд. Дар Паём дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ  ба вазъи ... Read More »

Паём ва вазифаҳои нави аҳли маориф

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиме дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, раванди рушди кишварро дар соли сипаришуда натиҷагирӣ ва барномаи пешбурди соҳаҳаҳои мухталифи онро барои соли 2018 мушаххас менамояд. Дар Паём мутобиқ бо талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу ... Read More »

Тоҷикистон зеботарин кишвари дунёст

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид ва соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Дар ҷумҳурии мо Консепсияи рушди туризм ... Read More »

Кафолатбахши зиндагии шоиста

Паёми пурмуҳтавои имсолаи Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон давоми мантиқӣ ва таҳкимбахши Паёмҳои пешинаи Сарвари давлат ҳисобид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар атрофи масъалаи иқтисодӣ сухан ронда зикр намуданд, ки ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2017 ба 60 миллиард сомонӣ расонида шуд. Тайи се соли оянда то ба 82 миллиард сомонӣ расонидани он дар ... Read More »

Агар таваҷҷуҳ ба сайёҳӣ бештар гардад…

Дар соле, ки сипарӣ шуд, дар ҳаёти ҷавонон дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омаданд. Аввалан, дар масъалаи таъминоти мутахассисон ба ҷойи кор дар тамоми сохторҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Сониян, барои беҳтар шудани шароити фароғати ҷавонон дар тамоми маҳаллаҳо майдончаву толорҳои варзишӣ ба фаъолият пардохтанд. Пирӯзии ҷавонони тоҷик дар озмунҳои ҷаҳонии илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ маҳз натиҷаи чунин тадбирҳост, ки моро ... Read More »

Дар ҳама кор машварат бояд

(Мусоҳибаи рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Ниёзмуҳаммад Саид) — Муаллими муҳтарам, чунонки медонед, охири соли гузашта (22.12.2017) Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа гардид. Ин ҳодисаи муҳими сол аз ҷониби аҳли маорифи ноҳияи Данғара чӣ гуна пазируфта шуд? Дар партави Паём шуъбаи маорифи ... Read More »

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳанӯз ҳам дар баргузории ҷашну маросимҳо исрофкорию зиёдаравӣ ҷой дорад. Яке аз маросими оилавии серхароҷот ва сертараддуд тӯйи домодию арусӣ мебошад. Дар баргузории ин ҷашн зиёдаравию исрофкорӣ аз ҷониби бисёр шаҳрвандон содир мешавад, ки ин сабаби камбағалӣ ва қарздорӣ мешавад. Пас аз сипарӣ гаштани як-ду моҳ вазъияти оилавии ин гуна оилаҳо бад мешавад ва соҳибҷашн барои ... Read More »

Беҳтаринҳо муайян гардиданд

22-23 декабри соли ҷорӣ даври сеюми  олимпиадаи вилоятии хонандагони синфи 11 аз фанҳои химия ва биология дар литсейи тамоюли техникии ба номи «Афлотун»-и ноҳияи Данғара баргузор гардид. Дар озмуни фанни химия 83 нафар ва биология 85 нафар  ғолибони  даври дуюми шаҳриву ноҳиявӣ  аз 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Маросими баргузории озмунро мудири шуъбаи  маорифи ноҳияи Данғара ... Read More »

Комёбии омӯзгорони маркази Конфутсий

12-уми декабр соли 2017 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин 12-умин конфронси байналмилалии Институти Конфутсий баргузор гардид. Дар кори он намояндагони марказҳои таълимии Конфутсий аз 140 давлати дунё, ки беш аз 2500 нафарро ташкил медод, иштирок намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти конфронс дар самтҳои «Институти беҳтарини Конфутсийи соли 2017», «Муаллими беҳтарини Институти Конфутсий дар соли  2017», «Беҳтарин корманди корпуси мақомоти иҷроия» ... Read More »

Дастоварди ҷавонон

Дар Соли ҷавонон олимони ҷавону донишҷӯёни фаъоли ДМТ тавонистанд дар чандин озмунҳо иштирок намоянду ғолиб бароянд. Аз ҷумла, чанде қабл 4 нафар ҷавонони донишгоҳ Саидалиев Шодмон — ёвари муовини аввал, ҳамзамон, ассистенти кафедраи филологияи араби факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо–дар соҳаи адабиёт; Маликшоева Шобегим — аспиранти соли сеюми кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филология – дар соҳаи ... Read More »