Daily Archives: 04.12.2017

Парчамат бодо парафшон, эй Ватан!

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад. Соли равон низ санаи мазкур бо шаҳомати хоса  ҷашн гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз  доштанд, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, ... Read More »

Ба ҷавонон ғамхор бошем

Боиси хурсандист, ки тайи чанд соли охир соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон ба дигаргунии куллӣ рӯ ба рӯ шуда, дар ин замина ба дастовардҳо ноил гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлат ва наҷоти миллат номида, барои рушд ва таҳкими бештари он дастуру ҳидоятҳои судманд медиҳанд. Ин аст, ... Read More »

Об ва мушкилоти он

Дар системаи офтобӣ Замин аз ҳама сайёраи серобтарин маҳсуб меёбад, зеро 71%-и сатҳи онро баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳанд. Умуман, Замин ба якчанд қабат тақсим мешавад: литосфера-қабати сангӣ, атмосфера-қабати ҳавоӣ ва гидросфера-қабати обӣ. Ин қабатҳо маҳз ба хотири қисмати бештари сайёраамонро ишғол намудани онҳо номгузорӣ гардидаанд. Қабати гидросфера асосан фарогири обҳои баҳру уқёнусҳо буда, жарфои он аз сифр то 11022 метр ... Read More »

Чанд сухан дар бораи ЭССЕ

Тавре маълум аст, соли ҷорӣ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар баробари имтиҳони тестӣ эссе ҳам менависанд. Ба ин хотир дар мактабҳо тарзи аз худ кардани эссе ва тартиби навиштани он ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи стандарту барномаҳои нави таълими забон ин мавзӯъ дар синфи 10 омӯзонида мешавад. Барои ҳарчи ... Read More »

Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни «Мураббии сол-2017»  баргузор шуд. Ҳамоишро ба ин муносибат муовини ректор оид ба таълим Шоҳсафар Акобиров ифтитоҳ бахшида, ба ҳозирин ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд. Раиси доварон, профессор Бибиҳафиза Маҷидова иштирокчиёнро бо талабот ва шартҳои озмун  шинос кард. Сипас, довталабон ба иҷрои шартҳои озмун шурӯъ карданд. Нахуст доир ба ... Read More »

Пешгирӣ ва табобати ВИЧ/СПИД душвор нест

Аввалин маротиба соли 1983 Люк Монтане аз Фаронса ва Роберт Галло аз ИМА бехабар аз ҳамдигар вирусеро кашф карданд, ки минбаъд ВИЧ номида шуд. Соли 1988 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Британияи Кабир ва вазоратҳои тандурустии бисёр давлатҳо оид ба проблемаҳои СПИД вохӯрӣ гузарониданд ва 1 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД эълон шуд. Соли 1989 бори ... Read More »

Диният ва дунявият: воқеият ва дурнамо

Масъалаи диният ва дунявият дар доираи илмҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ матраҳ аст. Диният ба забони сода, тасаллути ҳукумати динӣ бар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар шакли истилоҳӣ, аз он ба унвони «клерикализм» ёд мекунанд. Ба сухани дигар, дин ва мазҳаб дар умури давлатӣ ва иҷтимоӣ дахолат карда, ташкилоту созмонҳои динӣ дар ҳудуди давлат ва ҳукумат аз нуфузи ... Read More »

ЭССЕ бояд эҷодкорона бошад

Соли ҷорӣ кори хаттӣ (эссе) аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) дар низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ҷорӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, омӯзгорони фанҳои забону адабиёт ва шогирдонро зарур аст, ки боз ҳам бештар заҳмат кашанд, то ба натиҷаҳои назаррас ноил шаванд. Хонандагони мо то имрӯз дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик бештар имло, ... Read More »

Ниҳоли душманӣ баркан….

Инсони шарафманд дорои бисёр хислатҳои ҳамидаву писандида мебошад, ки яке аз онҳо дӯстист. Ин хислат ба одамон барои осудаву осоишта зистан ва хайрхоҳу дастгири ҳамдигар будан мадад мерасонад. Дӯстӣ зиндагиро шукӯҳу баракат мебахшад, боиси ривоҷи корҳо ва ободониву тозакориҳо мешавад. Тавассути устувории дӯстию рафоқат бисёр ҳодисаҳои номатлуб пешгирӣ мешаванд, нифоқу кина аз байн меравад. Дӯст будан ба одамон мададгор мегардад, ... Read More »

Шогирдони муаллима — ғолибони озмун

Омӯзгори ҷавон Манижа Додарбекова аз зумраи омӯзгоронест, ки пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Файзобод ба факултаи информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намуд ва бо роҳхат ба мактаби номбурда ба кор омад. Муаллимаи ҷавон фаъолияти кориашро бо маслиҳати омӯзгорони кордида оғоз намуд. Дар навбати аввал интизом ва давомоти  ... Read More »

151 медал аз 22 олимпиада

20 — 24 ноябри соли равон дар давлати Сингапур 14- умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва табиатшиносӣ барои хонандагони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ «IMSO 2017» баргузор гардид. Дар он аз 41 давлати дунё 486 нафар довталаб иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 18 нафар хонанда муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбаст хонандагони тоҷик 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст оварда, Парчами ... Read More »

Чаро барномаи давлатӣ иҷро намешавад?

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ намудани ҳамкории байни секторҳои давлатӣ ва хусусӣ дар самти беҳтар намудани  дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2014 бо қарори №295  «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро қабул намуд. Мутаассифона, амалишавии барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи ... Read More »

Беҳ мебуд, агар…

Дар тамоми давру замонҳо воситаи беҳтарини санҷиши дониши одамон имтиҳон ба ҳисоб мерафт. То санҷиш набошад, хулосабарорӣ мушкил аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ имтиҳон тариқи низоми тестӣ мегузарад. Ин усул олиҷаноб аст, чунки ба дохилшаванда ба ғайр аз дониши худаш касе ёрӣ расонида наметавонад. Пештар имтиҳон дар мактабҳои миёна тестӣ мегузашт. Якҷо бо саволҳои тестӣ ... Read More »

Омӯзиши касб – муҳим

Бо  афзоиши аҳолии ҷумҳуриамон ва зиёд гардидани  қувваи қобили меҳнат таваҷҷуҳ ба касбҳои коргарӣ меафзояд. Маблағҳои дар ин самт ҷудогардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар равона гардида, ҳунарҳои дастӣ ва касбҳои мардумӣ ривоҷ дода мешаванд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамавақт барои баланд бардоштани кас-бомӯзии  калонсолону ҷавонон ва мутобиқ гардонидани сатҳи кас-бияти онҳо ба талаботи  бозори  меҳнат  ... Read More »

Озмунҳои гурӯҳӣ самароваранд

Баргузории озмунҳои гурӯҳии хонандагон дар ташаккули коллективии хонандагон ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгори физикаро лозим меояд, ки чунин навъи чорабиниро байни синф ва дастаҳои алоҳида мунтазам ташкил ва баргузор кунад. Омӯзгор бояд барои гузаронидани озмун омодагии хуб бинад. Ба хонандагон супориш диҳад, ки мавзӯъҳои фасли муайяни китоби дарсиро, ки дар дарсҳо онро  хондаанд, такроран ... Read More »

Таълимгоҳе дар Оббурдон

«Посбон»-и мактаб Дар ноҳияи Мастчоҳ сафарамон идома дошт. Дар ҷамоати деҳоти Оббурдон аз назди бинои бошукӯҳи мактабе даргузар шудем. Субҳи рӯзи якшанбе буд. Майле дар диламон пайдо шуд, ки саҳни таълимгоҳ ва атрофи онро тамошо бикунем. Гумон кардем, ки чун рӯзи истироҳат аст, дар мактаб касе нест, вале баробари вориди саҳни он шудан аз куҷое ба истиқболамон марди пуррапайкари хушсурате ... Read More »

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Нуриддин Боқиев — Муаллими муҳтарам, мо дар бораи аҳли маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва фаъолияти бавусъату комёбиҳои шоистаашон суханони нишотбахш бисёр шунидаем ва инак, хурсанд аз онем, ки лаҳзае чанд бо шумо, сарвари омӯзгорони ноҳия, суҳбат меорем. Ростӣ, ҳеҷ гумон надоштем, ки суҳбатамон дар чунин биное куҳнаву фарсуда сурат мегирад. — Барои оғози суханатон ... Read More »

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

Дар театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ чорумин фестивал — озмуни истеъдодҳои наврас — «Табассум» баргузор гардид. Фестивал – озмун аввал дар сатҳи ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ баргузор гардида, ҷамъбасти он дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ бо иштироки 33 нафар ғолиб баргузор гардид. Ба иттилои директори ташкилоти ҷамъиятии «Де Памир» Ёралӣ Бердов, тайи чор ... Read More »