Daily Archives: 01.12.2017

Гимназияи хусусии «Тоҷикистон»: сухан аз дастовардҳо

Тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар радифи муассисаҳои давлатӣ ба таъсиси таълимгоҳҳои хусусӣ низ таваҷҷуҳи ҳаматарафа зоҳир менамоянд. Дар самти ташкилу бунёди муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ нақши шахсони алоҳидаи сармоядор, тоҷирону соҳибкорон ва сарварони маърифатдӯсти хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле бузург аст. Яке аз ин гуна таълимгоҳҳои шинохта дар ҷумҳурӣ гимназияи хусусии «Тоҷикистон» ба шумор меравад. Чунонки сарвари ... Read More »

Устод Айнӣ ва Ҳайрат

Устод Садриддин Айнӣ дар эҷоди «Ёддоштҳо» адибест, ки ба тасвири рӯзгори оилавии хеш маҳдуд нашуда, ба воқеаву ҳаводиси замон, таҳаввулоти   сиёсиву иҷтимоӣ, рӯзгори ашхоси баландмартабаву шинохта, олимону фозилон, донишмандон ва шоирону нависандагон бештар  таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ба қавли муҳаққиқи «Ёддоштҳо», академик Муҳам-мадҷон Шакурии Бухороӣ, устод Садриддин Айнӣ тавассути навиштани ин асари мондагор собит кард, ки тоҷикон дар таҳаввулоти иҷтимоии ду ... Read More »

Мактабҳои Москва бо технологияи замонавӣ таъмин мегарданд

Лоиҳаи «Мактаби технологии Москва» ба омода  намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Москва  бо технологияи замонавӣ машғул аст.  Мақсади асосии лоиҳаи мазкур  бо технологияи замонавӣ таъмин намудани мактабҳо ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Аллакай дар 285 мактаб беш аз 4300 панели интерактивӣ пайваст карда шуд. То охири соли 2018 дар 1840  мактаб чунин панел пайваст карда мешванд. Шурӯъ ... Read More »

Гуфтугӯ дар масъалаи муҳим

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  тайи  ду  рӯз  дар  мавзӯи «Таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар ҷаҳони муосир» конфронси  илмӣ – амалӣ барпо гардид. Ректори донишгоҳ, профессор М. Гулзода дар ифтитоҳи чорабинӣ  иттилоъ дод, ки ин тадбир ҳамасола  амалӣ  гардида, тавассути он олимони соҳаи тибби тоҷик бо дастовардҳои ҳамдигар ва ҳамтоёни хориҷиашон   ошно гардида, табодули  таҷриба менамоянд. Дар ... Read More »

Шеър фарзанди ман аст

(Назаре ба маҷмӯаҳои ашъори омӯзгорон) Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ як зумра устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар баробари фаъолияти педагогӣ ба эҷоди шеъру тарона ва ҳикоя машғул гардида, чакидаҳои хомаи худро дар шакли маҷмӯаҳои алоҳида ба нашр низ расондаанд. Хурсандибахш аст, ки ҳоло дар ҳар як шаҳру ноҳия омӯзгорони зиёди соҳибкитобро вохӯрдан мумкин аст. Омӯзгори шинохта, мушовири ректори Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили ... Read More »

Устоде, ки чашми маро кушод

Солҳои мактабхонӣ фанни таърихро хеле дӯст медоштам ва дар ин ҷода, яъне ҷалби мо-шогирдон ба омӯзиши таърих саҳми  устоди равоншод Муҳиддин Салимзода-муаллими таърихамон басо калон буд. Ӯ қади баланду ҷуссаи паҳлавонона дошт. Журнали синфӣ дар даст бо салобати ба худ хос вориди синфхона мешуд. Садояш  ба қаду басташ муносиб буд. Дарсро рангину шавқовар мегузаронид. Ҳар як мавзӯъро мушикофона ва ботафсил ... Read More »

Номи наку аз кори накуст

Омӯзгорӣ касби пуршарафу масъулиятнок аст. Барои ба номи пурифтихори омӯзгор сазовор будан пайваста омӯхтан, эҷодкорӣ кардан, баҳри таълиму тарбияи дурусти шогирдон ҷонфидо будан лозим аст. Аз ин хусус гуфтаанд: Расад ҷон бар лаби бечора устод, Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Гуландом Қазоқова анқариб 20 сол мешавад, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Данғара  кору  ... Read More »

Неруи созанда

28-уми ноябри соли ҷорӣ дар коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Соли ҷавонон конфронс тати унвони “Ҷавонони соҳаи маориф ва илм — қувваи бузурги созанда” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ф.Камолзода, мудири бахши ҷавонони ноҳия А.Сатторӣ, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила М.Шамсиддинова, директори коллеҷ Н.Ширинзода ва устодону донишҷӯёни коллеҷ ширкат варзиданд. Ф.Камолзода қайд ... Read More »

Тоқати ҳиҷрон надорад ошиқат, ай бехабар…

Дар таърихи афкори адабӣ-эстетикии форс-тоҷик доир ба кайфияти каломи ҳунарӣ баҳсҳои басо ҷолиб сурат гирифтааст, ки ҳадаф шинохти мақоми сухан ва пояи суханвар аст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар боби нахустини тазкираи хеш «Лубоб-ул-албоб», ки «Дар фазилати шеъру шоирӣ» унвонгузорӣ шудааст, қазоват мекунад, ки «Сухан чашмаи ҳайвонест, ки сафои ӯ ҳамеша аз зулмати давот метобад ва Хизри назму наср аз ӯ ... Read More »

«Ман писар дорам!»

Ду рӯз мешавад, ки бо бемории фишорбаландӣ бистариаш кардаанд. Табобат хуб, аз муомилаи неки ҳамшираҳои шафқату духтурон олам-олам мешукуфад. Аммо дилаш танг мешавад. Ҳоло агар дар хонаи худаш мебуд, чанд ҳамсояашро хабар мегирифт, аз ину он суҳбат мекарданд ва ғами дил берун мекарданд. — Хайрият, ки ҳамин Садафморо аз куҷое Худо расонд, набошад, дилам аз ғусса мекафид,- мегуфт худ ба ... Read More »

Фиристодаи Худо

Дар синфи сеюм мехондам. Боре баъди дарс ба хонаамон баргашта модарамро рӯи ҳавлӣ дидам. — Омадӣ, писарам, баҳои панҷ гирифтӣ? – аз рухсораам бӯсида, пурсиши ҳаррӯзаашро такрор кард модарам. Бо ишораи сар ҷавоби мусбат додам. Даст шуштаму ба сари дастурхон, ки модарам дар рӯи кати чӯбин ороста буданд, нишастам. Модарам ба хона даромада, ба коре машғул шуданд. Ҳамин вақт дари ... Read More »