Monthly Archives: Декабрь 2017

Мактаб соҳиби биноҳои иловагӣ шуд

19 декабри соли равон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷойи нишастро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ ... Read More »

Ифтитоҳи кӯдакистони нав

19 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кӯдакистони рақами 68 — ро барои 160 кӯдак ифтитоҳ намуданд. Бинои нави кӯдакистон дуошёна буда, аз иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он 6 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 6 ҳуҷраи хоб, 1 ҳуҷраи ... Read More »

Тулӯъгаҳи Хуршеди бахт

Мошини мо дар назди дарвозае қарор гирифт, ки дар болояш навиштае чунин дошт: Гимназияи ҷумҳуриявӣ. Вориди саҳни гимназия шудем. Як боғи гулрезу дарахтзори тозаю озодае пеши назар падид омад. Дилҳоро фараҳрезу дидаҳоро дурахшбор мекард ин манзара. Кас мехоҳад, ки ба ҳар як ваҷаб марзи ин маърифатгоҳ, ба ҳар кунҷу канору ҳар гулу гиёҳаш амиқу дақиқ бингарад. «Хоҳам аз мадди назар ... Read More »

Зебанда туро либоси атлас

Дар урфият гуфтаанд, ки «Одаму либос, хонаю палос». Яъне либос зинатбахши одам аст, ҳуснафзои ӯст. Ҳамчунин, либос ифодагари сатҳи маданияту маърифат ва ҳисси зебоипарастии инсонҳо мебошад. Ҳар фарди либоси тозаю озода ва шинаму зебо пӯшида на танҳо худро, балки муҳити хешро зинат мебахшад. Дар чунин либос кас ҷисмашро бароҳат ҳис мекунад, рӯҳбаланд мешавад. Аз ин ҷост, ки Вазорати маориф ва ... Read More »

Оби Ватан ширин аст

Соли оянда махсусиятҳои  зиёдеро дорост ва яке аз ин махсусиятҳо дар ин сол оғоз ёфтани Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  мебошад. Ин ташаббуси  бузург ва башардӯстона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаву аз тарафи  Соз-мони Милали Муттаҳид дастгирӣ  ёфтааст. Ин ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷанбаҳои муҳим дорад; он ... Read More »

Навбаҳори умр

Ҷавонон неруи созанда мебошанд. Саҳми онҳо дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле бузург мебошад. Бунёдкорӣ амали пурзаҳмат, ҳамзамон пуршарафу масъулиятнок аст ва ватандӯстию ифтихори миллиро ифода менамояд. Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ба ҷавонони соҳибиродаву комилҳуқуқи мамлакат ҳамарӯза таваҷҷуҳ зоҳир карда, изҳори боварию умед мекунанд, ки фаъолияти ҷавонон фардои диёрро мунаввартар месозад. «Ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ... Read More »

Об — муъҷизаи беҳамтои табиат

Дар толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри  Кӯлоб бо иштироки  устодону донишҷӯёни донишгоҳ  вобаста ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои рушди уствор, солҳои 2018-2028”  конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи  «Об — муъҷизаи беҳамтои табиат», доир  гардид. Акбар Ниёзӣ, ректори Донишкадаи технология ва ... Read More »

Маркази тавонбахшӣ ифтитоҳ гардид

Дар ноҳияи Дарвоз бо кумаки созмонҳои Иттиҳоди Аврупо ва Миссияи Шарқ барои ифтитоҳи Маркази тавонбахшӣ бинои бекормонда ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ таъмир шуд. Дар Маркази  тавонбахшӣ беш аз 100  кӯдаки имконияташон маҳдуд ба сар мебарад. Намояндаи Миссияи Шарқ Худоназар Ҳоҷимаҳмадов иброз дошт, ки марказ бо тамоми ашёю асбоби зарурӣ таъмин буда, дар деҳаи Сангневи ҳамин ноҳия барои падару модар ... Read More »

Ба шунидани Паём омодагӣ мебояд

Соли гузашта, 22-юми декабр, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Соли равон низ дар ҳамин сана Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа мешавад. Паёмҳои Сарвари кишвар ҳодисаи муҳим ва марҳилавӣ дар ҳаёти тамоми сокинони ҷумҳурӣ буда, давраи нави фаъ-олияти ҳамагонро, самтҳои рушди ... Read More »

Роҳбарони мактабҳои олӣ чӣ гуфтанд?

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен мулоқоти анъанавии роҳбарони муасиссаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони ноҳия баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ вохӯриро ифтитоҳ бахшид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Муҳаммедов таъкид дошт, ки сол то сол сафи донишҷӯён аз ноҳияи Спитамен дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят зиёд мегардад. Агар соли таҳсили 2015-2016 ... Read More »

Бувад бемузду миннат устоде

Дар хонандагон бояд аз нахустин қадамҳояшон ба даргоҳи мактаб дар қатори дигар омилҳои муҳим меҳр ба китоб-ро парварид. Китоб ганҷинаи  дониш аст ва онро ҳамеша рӯи даст  доштану мутолиа кардан боиси пешравии хонанда ва муҷиби комёбиҳояш мешавад. Барои он ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба китоб унс бигиранд, омӯзгорро лозим аст, ки як силсила тадбирҳоро  роҳандозӣ  бинамояд. Сараввал дар бораи китоб, ... Read More »

Далер медали тилло ба даст овард

Аз 10 то 15 декабри соли 2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалӣ таҳти унвони «Озмоишгоҳи омодагии истеъдодҳо» аз фанҳои математика, физика ва химия баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз 19 давлати дунё иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун 3 нафар хонанда ширкат доштанд. Дар ҷамъбасти олимпиада Далер Пиров, хонандаи литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва П.В.» байни хонандагони ... Read More »

Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд

19-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Николаевич Иванов баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин, иброз доштанд, ки ... Read More »

Ҳадаф: Дастгирии сифати таҳсилот

Бо ташаббус ва маблағгузории намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи «Шератон» — и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, коршиносони масоили соҳаи маориф ва илм, рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ дар доираи лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ... Read More »

Ғолибони олимпиадаи наврасон

15-16 декабри соли ҷорӣ даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 5-11 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ ва биология дар муассисаи таълимии №51-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар озмуни фанни биология 104 нафар ғолиби даври дуюми шаҳриву ноҳиявӣ аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Озмун дар ду марҳила гузаронида шуд. Дар марҳилаи якум тамоми довталабон, новобаста аз ... Read More »

Ноҳияи Тоҷикобод: Аз дастовардҳо набояд қонеъ шуд

Ғамхорӣ ба соҳа меафзояд Дар ноҳияи Тоҷикобод бо мудири шуъбаи маориф Мирзомиддин Носирзода вохӯрда, аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва ҳамзамон, куҳнаю  афсурда будани бинои шуъбаи маориф пурсон шудем. Мудир иброз намуд, ки дарвоқеъ, кормандони  шуъбаи маориф солҳои зиёдест, ки дар бинои собиқ омӯзишгоҳи ноҳия, ки соли 1940 бунёд гардидааст, фаъолият мекунанд. Роҳрав тангу камбар, фаршҳо куҳнаанд. ... Read More »

Сангҳои қимматбаҳо ва обҳои маъданӣ

Сангҳои қимматбаҳо ва истифодаи онҳо дар Тоҷикистон аз давраҳои қадим маьмул буд. Хусусан, минтақаи Помир бо лаъл, лоҷувард ва фирӯзаи худ дар ҷаҳон машхур буд. Минбаъд дар замони мо барои кофтуков, омӯзиш, истеҳсол ва коркарду ба фурӯш баровардани он корхонаҳои махсус ташкил карда шуданд. Ҳоло миқдори конҳои сангҳои қимматбаҳо ва ашёҳои ороишӣ бештар аз 300 ададро ташкил менамояд. Онҳо асосан ... Read More »

Ҳаким Қаландаров: «Кабирӣ ба ман пул овард — се ҳазор доллар»

Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст.  Дирӯз  Ҳаким Қаландаров қумандон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ... Read More »