Daily Archives: 02.11.2017

Форуми ҷавонон: «Барои сулҳ, ҳамраъйӣ ва адолати иҷтимоӣ»

Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён таърихи тӯлонӣ дошта, дар муттаҳид намудани тамоми ҷавонони ҷаҳон нақши муассир мебозад. Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (октябр — ноябри соли 1945) дар шаҳри Лондон конфронси ҷавонон барои сулҳ баргузор гардид. Дар он Федератсияи демократии умумиҷаҳонии ҷавонон таъсис ёфт ва ба гузаронидани Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён замина гузошта шуд. Аввалин Форуми умумиҷаҳонии ҷаҳонии ҷавонон ва ... Read More »

Дониш талабу бузургӣ омӯз! Ҳар як дастуру нишондодро ҳадафею мақсаде дар пай аст. Чунончи, дар ҷумҳурии азизи мо солҳои пешин солгарди зумрае аз абармардони миллат таҷлил гардид, ки ҳадаф аз он бузургдошти ниёгони барумандамон, посдорони сарватҳои маънавии миллӣ ва тарғиби бештари осори эҷодкорони бузурги миллат буд. Соли равон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ... Read More »

Донистани Конститутсия масъулияти шаҳрвандист

Дар тақвими санаҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия сабт шудааст ва ин фархундарӯз ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ифтихору фараҳмандӣ, бо шодиву сурури ҳамагонӣ таҷлил мешавад. Табиист, ки зимни таҷлили Рӯзи Конститутсия байни аҳли ҷомеа бештар гуфтугӯ перомуни муқаддасоти миллию ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодӣ меравад. Аз сари инсоф ва бо руҷӯъ ба таърих ... Read More »

Ҳамкориҳо вусъат меёбад

1-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари «Россотрудничество» Фролов Алексей Владимирович ва намояндаи Шӯрои Федератсия Кондратев Алексей Владимирович баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои мавҷуда дар соҳаи маориф ва илм, рафти татбиқи созишнома оид ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳр-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода, ... Read More »

Таҳсилоти иловагӣ: фаъолият, мушкилот ва дурнамои он

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Рӯзи дониш, дарси Сулҳ ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иброз доштанд, ки мо бояд на танҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, ... Read More »

Таълими салоҳиятнок кафолатбахши омӯзиши пурсамар

Қонунияти маъмули зиндагист, ки ҳама чиз дар гардиш ва тағйирпазирист ва бидуни ин ҳолат ҳаёт аслан моҳияти хешро гум мекунад, номукаммал мемонад. Ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл аз ин устод Рӯдакӣ ба ин қонунияти абадиву бардавоми зиндагӣ таъкид намуда, дар қасидаи машҳураш «Шикоят аз пирӣ» овардааст: Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирди гардон аст, Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирдгардон буд. ... Read More »

Ҷаҳолат ҳаргиз пирӯз намешавад

(Сухане чанд дар ҳошияи мусоҳибаи Шамс Азизов, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст) Терроризм ва экстремизм, ки инсоният аз замонҳои қадим ба он рӯ ба рӯ гардидааст,  ба хусус, дар асри 21 ба сурати даҳшатнок даромад ва ба мисли вабои аср кишварҳои зиёди ҷаҳони муосирро сироят намуд. Дар мамолики исломӣ ин падида ... Read More »

Неруи ояндасоз

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар иртибот  ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Дар меҳмонии ректор” конфронси ҷумҳуриявии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» бо иштироки меҳмонон,  устодону муҳассилин баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор  Мумин Шарифзода зимни ифтитоҳи конфронс зикр кард, ки самараи иқдомоту дастгириҳои доимии ҳукумат аст, ки имрӯз ҷавонон ... Read More »

Истеъдоди донишҷӯ

Дар филиали Донишгоҳи давлатии  Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Қабул ба сафи донишҷӯён»,«Истеъдоди донишҷӯ» баргузор гашт. Дар он донишҷӯён, омӯзгорону кормандони филиал ва меҳмонон иштирок доштанд. Директори иҷроияи донишгоҳ  С. Мирзоев маҳфилро ифтитоҳ бахшид. Директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Еревани  Ҷумҳурии Арманистон  Рейтерс Алексей Николаевич дар ... Read More »

Фарҳанги ҳуқуқиро такмил мебояд

Ифодагари ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳои миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ симо ва достони миллати куҳанбунёди мо  буда, ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои миллатро муайян менамояд. Ҳисси  масъулияти шаҳрвандӣ мо — пажӯҳишгарон ва омӯзгоронро водор менамояд, ки ба дастпарваронамон аз боғча ва синфи якум сар карда, дар баробари таълими «Алифбо» таълими ғояҳои волои миллатро ба роҳ монем. Онҳоро ... Read More »

Роҳнамои имрӯзу фардои миллат

Конститутсия санади асосӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти ҳар давлату ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсие мебошад, ки мутобиқи он сохтори давлатӣ муайян ва вазифаҳои дар назди давлат гузошташуда амалӣ карда мешаванд. Он масъалаҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти  давлатӣ, ҳалли масъалаҳои мухолифпазири ҷомеа ва таҳкими асосҳои тартиботи ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия чун асоси ... Read More »

Таҷассумгари волоияти қонун

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони истиқлолияти давлатии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ қабули қонуни асосӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфт. Конститутсияи  нав муайянкунандаи роҳи рушду такомули минбаъдаи ҷомеа буд. Бо дарназардошти ин воқеият ҳанӯз дар ибтидои соли 1992 аз ҷумлаи аъзои Комиссияи таҷдидёфтаи конститутсионӣ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосии кишвар таъсис ёфт. Гурӯҳи ... Read More »

Муҳаққиқи дақиқназар

Бароталӣ Муродов ҳанӯз ҳангоми дар мактаби №13-и деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода таҳсил доштанаш, ҳам дар байни хонандагону омӯзгорон ва ҳам дар байни кулли аҳли деҳа бо дониши хубу интизоми намунавиаш соҳиби эҳтиром буд. …Овони донишҷӯияш зуд гузашт. Соҳиби дипломи мактаби олӣ гардид. Маъмурияти ДДОТ ба номи Сад-риддин Айнӣ дониши амиқ, маҳорати баланд ва истеъдоди беҳамтои Бароталиро ба инобат гирифта, ӯро ... Read More »

Нақши иҷлосия дар таҳкими ваҳдат

Имрӯзҳо  сокинони кишвар дар арафаи таҷлили  25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар иртибот ба ин ҷашни муқаддас  ва дар доираи лоиҳаи  “Дар меҳмонии ректор» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии меҳмонон бо иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ  иштирокчиёни   Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темур Дадобоев, ... Read More »

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун

Яке аз ҳадафҳои асосии таълиму тарбия ба ҳаёти мустақилона омода намудани насли наврас мебошад. Ин омодагӣ ҳар қадар мукаммалтар сурат бигирад, ҳамон қадар ба комёбиву саодатмандии минбаъдаи шогирдон мусоидат хоҳад кард. Барои омодасозии наврасон ба ҳаёти мустақилона ва зиндагии шоиста дар ҷараёни таълиму тарбия аз воситаву усулҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Мақсади муҳимтарин он аст, ки шогирдони мо дар ... Read More »

Донишманди ватандӯст ва башарпараст

Вақте ки дар бораи профессор Воҳид Асрорӣ сухан меравад, дар сарнавишти неруҳои қавии ақлонӣ новобаста аз забону нажод ва замону макони зисту алоқамандӣ ба сиёсати давр умумиятҳои вижае мушоҳида мешавад, ки муҳимтарини он дарк ва фаҳми набзи ҷомеа ва дар иртибот ба он хидмат ҷиҳати ба бедорӣ ва зиндагии шоис-та даъват намудани инсоният аст. Ин фазилати маншаъ аз хирадмандӣ гирифтаро ... Read More »

Омӯзгорон аз имтиёз бархӯрдоранд

Дар ноҳияи Қубодиён 62 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд ва 2 ҳазору 221 омӯзгори соҳибихтисос машғули таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2016 – 2017 аз ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва шаҳрҳои Хоруғу Кӯлоб 66 омӯзгор ба кор омаданд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия М.Эшов, ҳамаи онҳо аз ҳисоби ҷамоатҳои деҳот бо ... Read More »

Ташаббуси созанда

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и Ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор (директораш Холаҳмад Қурбонов) ба пешравиҳои назаррас ноил гаштааст. Ҳайати омӯзгорони мактаб ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас пайваста талош мекунанд. Дар дарсҳо омӯзгорони муассисаи мазкур аз усулҳои муосири таълим истифода  менамоянд. Аз ин рӯ, шогирдонашон дар олимпиадаҳои  ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ... Read More »