Monthly Archives: Ноябрь 2017

Марҳилаи нави татбиқи технология

Чанде пеш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қарор қабул намуд. Оид ба зарурати қабули барномаи мазкур, аҳамият  ва ҳадафҳои он бо директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ Киромуддин Назаров суҳбате доштем. — Бо мақсади бо компютер таъмин намудани  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва ... Read More »

Сарчашмаи маърифат

Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои умдаи соҳаи маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Зеро дар ин роҳ муваффақ шудани омӯзгорону шогирдон сабаб мешавад, ки мо ба дунёи мутамаддину олами техникаҳои замонавӣ бештар роҳ ёбем. Натиҷаи фаъолияти даҳсолаи омӯзгорони забони хориҷӣ нишон дод, ки аксари онҳо устодони кори худ ҳастанд. Шогирдони мо солҳои охир аз озмунҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо мукофотҳои ... Read More »

«Китоби Душанбе» ноширонро ба ҳам овард

Аз  25 – ум  то 27 – уми октяб-ри  соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  намоиши  ҳафтуми  байналмилалии  «Китоби  Душанбе»  барпо  гардид. Дар он дар баробари нашриёту чопхонаҳои ватанӣ, ҳамчунин, аз давлатҳои Федератсияи Россия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Белорус, Ҳиндустон,Туркия, Созмони  Оғохон оид ба рушд, намояндагии  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико иштирок карданд. Дар расми ифтитоҳи он муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Машраб Ибодулло ... Read More »

Барои такомули маҳорат

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии  кӯдакону наврасон, инкишоф ва оммавияти  варзиш, ташаккули инсони комилу ҳимоятгари Ватан, ба муносибати эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон ва ҷашни 25 – солагии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Кумитаи вилоятии  Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа озмуни вилояти «Мергани беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмун хонандагон – беҳтарин нишонзанҳо  аз 15 ... Read More »

Ақли солим дар тани солим

Тарбия ҷанбаъҳои гуногун дорад. Ҳамаи ҷанбаъҳои тарбия муҳиманд, якдигарро комил месозанд. Тарбияи ҳаёти солим (тандурустӣ) аз қисматҳои муҳими тарбияи хонандагони таълимгоҳҳо буда, бо муваффақияти онҳо дар омӯзиш ва дар зиндагӣ пайвастагии қавӣ дорад. Мегӯянд, ки ақли солим дар тани солим аст. Дар ҳақиқат, агар тан солиму ҷисм неруманд набошад, таҳсил пурсамар намегардад. Ҳам маънаван ва ҳам ҷисман тавоно будан омили ... Read More »

Нақшҳои мондагори Марям

Майрам Исоева ҳунарпеша, модар, бонуи бисёр ҳам зебои саҳнаи театри тоҷик, дар ҳақиқат, тавонист дар зиндагӣ дар байни дӯстону наздикон обрӯю эътибори хешро бо ҳунари воло баланд бардорад. Ӯ соли 1937 дар деҳаи Сари  Хосори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Соли 1955 ҳуҷҷатҳои худро ба  Донишкадаи олии ҳунарии шаҳри Москва ба номи В.Луначарский, ба ... Read More »

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи заррин» бахшида ба ҷашни Меҳргон баргузор шуд. Онро муовини  директор оид ба корҳои методӣ Саидҳофиз Шаҳболов ифтитоҳ бахшида, доир ба ҷашни Меҳргон маълумоти муфассал ироа намуд. Сипас, муовини вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ҳозиринро бо ҷашни Меҳргон табрик кард. Сипас, ҳайати доварон ба ... Read More »

Раҳнамоӣ мекунад, на хӯрдагирӣ

Солҳо боз бо муаллима Тоҷиннисо Холиқова ҳамкорӣ дорам. Ӯ бонуи ҳалим, масъулиятшинос роҳбари фаъол аст. Ҷои инкор нест, ки иддае аз роҳбарон танҳо пайи танқиди зердастон мешаванд, аз кори онҳо камбудӣ меҷӯянд, вале Тоҷинисо Холиқова чунин хислатҳоро надорад. Пеш аз баёни камбудӣ, аз пешравиҳои шахс ҳарф мезанад, бо ин роҳ омӯзгоронро ба кор ва шогирдонро ба таҳсил дилгарм месозад. Чунин ... Read More »

Тозакору иродатманд

Сафарбек ҳангоми ба мактаб рафтанаш аз ҷӯраҳояш хеле хурд буд. Волидайнаш мехостанд ӯро дертар ба мактаб супоранд. Аммо Сафарбек якравӣ намуда, бо кӯдакони дигар ба мактаби №121-и деҳаи Дашти Шӯри хоҷагии ба номи Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат равон гардид. Дар муддати кӯтоҳ муаллимаи меҳрубон ва ғамхор Фароғат Норматова Сафарбекро ҳамчун хонандаи фаъол тарбия намуд. Сафарбек  байни ҳамсинфон бо хислатҳои наҷиби ... Read More »

Вусъати бунёди таълимгоҳҳо

Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари таъмин намудани рушди иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардондани фаъолияти инфрасохтори ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал, соҳаи илму маориф пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар хусуси бунёду азнавсозӣ ва ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ муовини сардори раёсати ... Read More »

Ҳалли масъалаҳо таваҷҷуҳи бештар хоҳон аст

Бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. Ҷаласаи мушовара бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим қосимӣ оғоз ёфт. Баъди шунидани ҳисобот оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи  Раёсати маорифи вилоят натиҷаҳои имтиҳонҳои ... Read More »

Амалиёт барои озодӣ аз шиканҷа

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд — эътилоф) дар доираи лоиҳаи бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалишаванда аз 27 то 29-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе  тренинги «Беҳтарнамоии малакаҳои равоншиносон оид ба баҳогузории равонӣ, ташхис ва офиятбахшии аз шиканҷа наҷотёфтагон ва ё аъзои оилаи онҳо»-ро баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Амал барои озодӣ аз ... Read More »

Куҷост масъулияти падару модар?!

Бо шароити дурусти таълим фаро гирифтан ва баланд бардоштани завқи бадеиву эстетикии кӯдакону наврасон дар мадди аввали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо технологияи муосир таъмин гардидаанд. Вале бо ин ҳама шароити  мусоид на ҳамаи хонандагон шавқи омӯзиш доранд. Ба ин амали наврасон кӣ айбдор аст? Оила, мактаб, ҷомеа? Дар баланд бардоштани дониш ва бедор ... Read More »

Ҳамрози дилҳо

Лайло Чоршанбиева зодаи Рӯшонзамини ВМКБ аст. Падараш — акаи Панҷшанбӣ мехост, ки духтарчааш —  Лайлои зираку доно табиб шавад. Аммо Лайло инро намехост. Сеҳри сухани бузургони миллатамон ва меҳри ҳикмату андарзи онҳо дар қалбаш ҷой гирифта буд. Шабҳои дароз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва пораҳои «Маснавии маънавӣ»-ро мутолиа мекард, ғазалҳои лисонулғайб Ҳофизи Шерозиро азбар менамуд. Вай аз хурдӣ тифлаконро дӯст ... Read More »

Зодрӯз

  Навруста дар синфи сеюм мехонад, ҳамеша баҳояш хубу аълост. Доимо бо бибияш суҳбат мекунаду ба дарсҳои навбатиаш тайёрӣ мебинад. Синни бибияш ба 70 расидааст, бознишаста асту нафақапулӣ мегираду гоҳ-гоҳе ба корҳои хона машғул мешавад. Бекор нишаста наметавонад. Фориғ аз кор фақат китоб мехонад ва ҳамвора наберагонро ба китобхонӣ ташвиқ мекунад. Ду диплом дорад бибияш, ҳам омӯзишгоҳи омӯзгориро ва ҳам ... Read More »

Худоӣ Шарифзода

(25.06.1937 – 29.10.2017) 29 октябри соли равон олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, профессор Худоӣ Шарифзода аз олам гузашт. Профессор Худоӣ Шарифзода 25-уми июни соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвози ба дунё омадааст. Соли 1956 мактаб-интернати шаҳраки Навободи ноҳияи Раштро ба итмом расонид, дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ... Read More »

Форуми ҷавонон: «Барои сулҳ, ҳамраъйӣ ва адолати иҷтимоӣ»

Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён таърихи тӯлонӣ дошта, дар муттаҳид намудани тамоми ҷавонони ҷаҳон нақши муассир мебозад. Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (октябр — ноябри соли 1945) дар шаҳри Лондон конфронси ҷавонон барои сулҳ баргузор гардид. Дар он Федератсияи демократии умумиҷаҳонии ҷавонон таъсис ёфт ва ба гузаронидани Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён замина гузошта шуд. Аввалин Форуми умумиҷаҳонии ҷаҳонии ҷавонон ва ... Read More »

Дониш талабу бузургӣ омӯз! Ҳар як дастуру нишондодро ҳадафею мақсаде дар пай аст. Чунончи, дар ҷумҳурии азизи мо солҳои пешин солгарди зумрае аз абармардони миллат таҷлил гардид, ки ҳадаф аз он бузургдошти ниёгони барумандамон, посдорони сарватҳои маънавии миллӣ ва тарғиби бештари осори эҷодкорони бузурги миллат буд. Соли равон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ... Read More »