Monthly Archives: Октябрь 2017

Иштироки Пешвои миллат дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

16 октябри  соли  ҷорӣ  дар  Кохи Сомон  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар даромадгоҳи толори бошукӯҳи Кохи Сомон нахуст маросими аксбардории хотиравии роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар оғози ... Read More »

Омӯзгорони ҷавон соҳиби имтиёзанд

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон»  3 майи соли 2006, №197 ба ... Read More »

Эссе чист ва онро чӣ тавр бояд навишт?

Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе) Эссе – аз калимаи лотинии «exagium» (санҷиш) ва франсавӣ «essai» (кӯшиш, ҷустуҷӯ; таҳлил) гирифта шуда, ба маънои очерк ҳам меояд. Яъне, эссе як навъи очерк аст ва онро иншои мухтасар (кӯтоҳ) низ гуфтан мумкин аст. Ҳангоми навиштани ин гуна иншо хонанда дар баёни фикр озод аст: ӯ андешаи худро доир ба мавзӯи пешниҳодшуда ... Read More »

Мушкилоти тадриси забони тоҷикӣ ва роҳҳои ҳалли он

Таълими забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ масъалаи муҳим мебошад. Мо соҳиби давлати мустақилу соҳибистиқлолем ва забони миллӣ, ки рукни асосии ҳар як давлат ба шумор меравад, донистан ва эҳтироми он вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст. Бо вуҷуди он ки  аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» солҳои зиёд  сипарӣ шудааст  то ҳол дар ... Read More »

ДМТ ғолиби озмун гардид

Бо ташаббуси Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон ва дастгирии  Вазорати  маориф  ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон аз 10 – ум то 15 – уми октябр дар бинои марказии ДМТ мусобиқаи кушод оид ба шоҳмот байни дастаҳои ҳайати устодону кормандони макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 барои дарёфти Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти ... Read More »

40 ихтирои донишҷӯён

Маъмурияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мекӯшанд завқи ҷавононро ба илмҳои дақиқ, техникаву технология бештар бедор созанд. Ғолибияти ҳарсолаи дониш-ҷӯёни донишкада дар риштаи технологияи иттилоотӣ, пирӯзӣ дар озмуни ««Лоиҳаи инноватсионӣ оид ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз нигоҳи донишҷӯ», ки тайи чор соли охир баргузор мегардад, худ шаҳодати гуфтаҳои болост. Мавриди зикр аст, ки  Вазорати маориф ва ... Read More »

Мубориза бо падидаҳои номатлуб

Чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрии кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо падару модарон, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии таълимгоҳ оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм ... Read More »

Сарвари олиҳиммат ва ғояи сулҳ

Мусаллам аст, ки шахсият дар раванди мураккаб ва тақдирсози сиёсӣ масъулияти бузурге ба дӯш дорад. Комёбӣ дар раванди сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба кордонӣ, мулоҳизакорӣ, дилсӯзӣ, фарҳанги сиёсӣ ва кору амали шахсият вобаста аст. Дар даврони буҳронӣ ва пурфоҷиае, ки тақдири халқ дар вартаи парешонӣ ва ноумедӣ афтода буд, ба чунин шахсияте зарурат пайдо шуд, ки халқро на бо эъломияҳо ... Read More »

Синамо ва тарбияи маънавии инсон

Ҳамасола, 16 октябр, ҳамчун рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тӯли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузошта-асту имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Кинои тоҷик ... Read More »

Вохӯриҳои судманд

Дар асоси нақшаи чора-биниҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ бо донишҷӯёни литсейҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар вобаста ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10-уми октябри соли ҷорӣ вохӯрии сардори сарраёсати хадамоти давлатии ... Read More »

Забони модарӣ — ифтихорам

Дар гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонӣ конфронси илмӣ – адабӣ бахшида ба бузургдошти забони тоҷикӣ зери унвони «Забони модарӣ — ифтихорам»  баргузор гардид. Дар конфронс муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мавҷуда Табарова,  мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Л.Одилбекова, шоираҳо Шаҳрияи Адҳамзод ва Назокатбонуи Олимзода, нависанда Равшани Махсумзод, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони боғчаҳо, омӯзгорони варзидаи ноҳия ... Read More »

Муъҷизаи табиат

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Имомназар Хоҷаназари Лутфулло аз боби ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили байналмилалӣ оид ба об, 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатънома роҷеъ ... Read More »

Сияҳпӯшӣ фарҳанги бегонагароист!

Инсон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба тағйирхӯрии пӯшишҳои анъанавӣ мубтало гардида, бо гузашти вақт омехташавии фарҳангҳоро мушоҳида хоҳад кард. Дар замони муосир ба василаи ворид намудани тағйирхӯрӣ дар пӯшидану пӯшонидани колбуд ҷараёни ҳамоҳангсозии ислом бо масеҳият ба вуқӯъ пайвастааст, чунки  бо мурури вақт нуфузи хурофот дар мафкураи инсонҳо коста шуда, набарди адён бо дар назардошти таҳмил намудани партовҳои тамаддуни ғолиб ... Read More »

Волидон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд

Дар ноҳияи Нуробод иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, аз тарафи масъулони соҳа, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи маориф ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия пайваста корҳои амалӣ бурда мешавад. Тибқи иттилои Камолзода Мадина Тоҳир, судяи суди ноҳияи Нуробод, тайи 3 моҳи охир 92 шаҳрванд ... Read More »

Парвоз дар боли орзуҳо

Ҳамааш аз он сар шуд, ки сардори раёсати маорифи ноҳия С.Сафаров Зарринаро, ки ба ҳайси директори мактаби рақами 10 фаъолият мекард, ба идорааш даъват намуд. Зиёд сухан нагуфт, танҳо маслиҳат пеш овард, ки вай роҳбарии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои раёсати маорифро ба зимма гирад. -Чаро ман?-банди тааҷҷуб пурсид Заррина. – Дигар шахсони соҳибтаҷриба ҳам  дар ноҳия бисёранд – ку! ... Read More »

Кафсан — яке аз нишонаҳои халқияти Меҳргон

Солҳои панҷоҳуми асри гузашта, ҳангоми ҳосилғундорӣ, хусусан бардоштани ҳосили ғалла, дар кӯҳистони Дарбанд, модарам ба ман ҳамели мағзи зардолу, қоқи зардолу, мавизи тут, гоҳо оши буридаву фатири қадқад дода, ба маҳаллаҳои хирманкӯбӣ мефиристод. Он замон ҷаву гандумро бо галагов мекӯфтанд, агар хирман калон бошад, гоҳо муҳлати кӯфтанаш чил – панҷоҳ рӯз давом мекард. Мо наврасон ва ҷавононро калонсолон ҳамчун галаговчӣ ... Read More »

Ҷавонон ва соҳибкории инноватсионӣ

Дар доираи ҳафтаи соҳибкорон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва соҳибкории инноватсионӣ» баргузор шуд. Дар он Амирҷон Иброҳимов, муовини сардори раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азиз Темуров, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Қутбиддин Муқимов қайд кард, ки ҷавонон пешбарандаи ҷомеа буда, дар рушди ... Read More »

Семинари дастурдиҳӣ

Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Кӯлоб, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани озмоиши кори хаттӣ(эссе),  се маркази имтиҳонӣ  дар муассисаҳои таълимии №№1, 51-и шаҳри Кӯлоб ва №2-и ноҳияи Данғара  ташкил карда шуд.  15 октябри соли равон дар мактабҳои мазкур бо ташаббуси  Маркази миллии тестии назди Президенти ... Read More »