Daily Archives: 07.09.2017

Чин барои мо дӯсти боэътимод аст

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Синхуа Муҳтарам ректори Дониш-гоҳи Синхуа! Дӯстони азиз! Барои ман шарафи бузург аст, ки унвони ифтихории профессори соҳаи иқтисодро дар яке аз маъруфтарин донишгоҳҳои Чин бипазирам. Аз Шӯрои илмии донишгоҳи шумо, ки ин ифтихорро барои ман муносиб донистааст, сидқан сипосгузорам. Аз ин рӯз эътиборан донишгоҳи шуморо ҷойи ... Read More »

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин

1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин, ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, баргузор шуд. Нахуст Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ректори Донишгоҳи Синхуа мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамкории доираҳои илмии Тоҷикистону Чинро баррасӣ ... Read More »

Мактабҳои навбунёд

Дар арафаи таҷлили 26 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави хониш аз ҷониби муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» бо роҳбарии директор Манучеҳр Ҷамилзода дар деҳаҳои Ёли Гармоба, Саидони нав ва Ҳакимии ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун ду муассисаи нави таълимӣ барои 640 хонанда,  зеристгоҳи 110 /10 кв ва бунгоҳи тиббӣ  ба истифода дода ... Read More »

Хуршеди ҷаҳони мо

Бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеа дар сарнавишти миллати мо ба вуқӯъ пайваст: халқи тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр шуд. 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки ҳоло мо бистушашумин солгарди онро ҷашн мегирем. Аз он вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати ... Read More »

Ман туро монанди ҷон мепарварам!

Дар шахсияти ҳар як инсон муҳаббат ба Ватан аҳамияти махсус дорад. Ҳеҷ шахсияте бе муҳаббати самимию устувор ба Ватан комил буда наметавонад. Ватанро аз дилу ҷон, бо тамоми ҳастӣ, новобаста аз барору  нобарориҳояш, қатъи назар аз хору хасу шебу фарозаш дӯст бояд дошт. Афлотуни дар хирадмандӣ  беҳамто  таъкид   кардааст, ки   «Алоқае дар дунё  шадидтар  аз меҳр  ба Ватан нест». Ҳимояи ... Read More »

Ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи техникӣ

Дар арафаи ҷашни Истиқлолият бинои нави таълимии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи он вазири маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ширкат варзида, аз ҷумла, гуфт: — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониашон бахшида ба Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки ба масъалаи касбу ... Read More »

Мактаби нав дар деҳаи Мун

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон аз бинои кӯҳна, ки дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфта буд, ба бинои нав кӯчиданд. Яке аз омӯзгорони собиқадори деҳа Даврон Сулаймонов гуфт, ки бештар аз 50 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф кардам ва ҳамеша аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар биноҳои хуштарҳу ... Read More »

Истиқлолият – бақои миллат

Аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Истиқлолият Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. *** Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, ... Read More »

Ифтихорам аз ту бошад, эй Ватан!

Мусаллам аст, ки сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ба ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омадааст. Барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик талошу кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ  ва рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро  сипарӣ намуда, фазои орому зиндагии осоиштаро асос гузоштааст. Дар ин комёбӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ... Read More »

Фарзанди Ватан

Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, таҳкимгари пояҳои  ҳуқуқии миллат, эҳёгари арзишҳои  миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомии роҳи озодӣ ва манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон номвару соҳибэътибор гардидааст.  Пешвои муаззами миллат халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи давлатдорӣ дурафтодаро аз сари нав  ҳамчун миллати соҳибдавлат  ... Read More »

Омили муҳими рушди соҳа

Муҳимтарин сарвати ҳар як миллат  истиқлолият аст. Бе  истиқлолият миллат  дастнигар, вобаста ва маҳрум  аз комёбиву эътирофу  шаъну  шараф мемонад. Миллати бе  истиқлолияти комил маҳкум ба завол аст. Аз ин ҷост, ки  инсоният аз  азал  баҳри ба даст  овардану ҳифз  намудани истиқлолият пайваста   ҷаҳду талош  бинмуда, дар  ин роҳ  ҷонбозиҳову қаҳрамониҳо  кардааст. Мо, тоҷикон, сарфарозем, ки дар  интиҳои  асри XX  ... Read More »

Ҷашни фархундаи миллат

Таърих гувоҳ аст, ки бо мақсади ба даст овардани Истиқлолият халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо чӣ қадар азму талошҳо намуда, барои расидан ба давлатдории худ, барои марзу бум ва фарҳангу адабиёти бойи худ ҷоннисориҳо намудааст. Ҳар як ватандӯсти кишвар бояд таърихи ин Ватани ба ҷон баробарро донаду аз худ  кунад, то ки ба қадри Истиқлолият бирасад. Дар ҳақиқат, Истиқлолият орзую ... Read More »

Кафили саодат, озодӣ ва сулҳ

Аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон бисту шаш сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат давлати тоҷикон миёни кишварҳои дунё мавқеи худро устувор кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҳаёти ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бисёр пешравӣ ва муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин пеш аз ҳама, ба сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ... Read More »

Кишвари сарсабзу соҳибихтиёр

Истиқлолияти  давлатии мо, инак, беш аз чаҳоряк аср боз тантана дорад. Дар ин давра кишвари мо таҳти  сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Рукнҳои асосии давлатдорӣ-Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд оварда, устувор гардонд. ... Read More »

Ҳифзи дастовардҳо муҳим аст

Ватанро дӯст доштану бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан ва ба қадри сулҳу субот, осудагию ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд. Итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем. Зимни ироаи Паёми навбатиашон ба ... Read More »

Душанбе соли 2019 пойтахти ҷаҳонии китоб мешавад!

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Созмони ЮНЕСКО мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки соли 2019 шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ҷаҳонии китоб дар миқёси кишварҳои узви ЮНЕСКО дониста шавад. Ин иқдом баҳри бештар гардидани таваҷҷуҳи мардум ва рӯ овардани ҷавонону наврасон ба китоб хеле судманд хоҳад буд. Миллати тоҷик аз қадим то ба имрӯз ба китобу китобдорӣ шавқу рағбати ... Read More »

ҲНИТ – созмони террористӣ

8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ СНГ) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯй-хати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рӯйхати мазкур, дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», ... Read More »

Омӯзиши «Шоҳнома» барои шинохти хештан ва сарзамини худ

Донишварон ва огаҳони саргузашти мардумони ориёӣ «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсиро шиносномаи миллати тоҷик ва умуман шиносномаи эронитаборон донистаанд, ки ин росту дуруст аст. «Шоҳнома» китоби ягонаест, ки пайдоиши эронитаборон, нақши онҳоро дар кашфи асрори ҷаҳон, офариниши фарҳанг, оини давлатдориву додгустарӣ ва саргузашти драматикии ин мардумонро барои нигаҳдошти асолату ҳувияти миллӣ ва марзу буми худ, бо як забони зебову шевову ... Read More »