Monthly Archives: Сентябрь 2017

Фурӯзонгари машъали илму дониш

Аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши омӯзгор То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро, чунонки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст. *** Баланд гардидани ... Read More »

Подоши заҳмат

Соли таҳсили имсола барои хонандагон ва омӯзгорони мактаби таҳсилоти  миёнаи умумии рақами №3 ба номи Гадо Умарии Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бобарор омад. Омӯзгори забони русӣ, роҳбари маҳфили «Русское слово»-и мактаб Яшенко Татяна Ивановна бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Мавсуф тӯли 56 соли фаъолият дар соҳаи маориф шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки айни ... Read More »

Муаллим офтоби зиндагонист

Паёми табрикии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгор Омӯзгорони арҷманд! Устодони муҳтарам! Фарорасии ҷашни фархундаи аҳли маориф – Рӯзи омӯзгорро бароятон самимона  табрику  таҳният мегӯем. Дар Тоҷикистони соҳибис-тиқлоли мо омӯзгор, воқеан ҳам, мақому мартабаи баланд дорад ва бархӯрдор аз эҳтирому эътиқоди ҳамагон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ... Read More »

Ситоишномаи омӯзгор

Калима дар дасти омӯзгор на фақат барои дар ғафлат нигоҳ доштани андеша аст, балки барои бедор сохтани дигарон дода шудааст. В.Ключевский Омӯзгори бад ҳақиқатро ҳадя мегирад, муаллими нағз онро меёбад. А.Дистерверч Омӯзгори  ҳақшинос ҳамеша мувоҷеҳ шогирд аст. М.Горкий. Дар тарбия ҳама чиз ба он вобаста аст, ки мураббӣ кист? Ф.Достоевский Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар. Саъдии Шерозӣ Таматтӯъе, ки ... Read More »

Беҳин фарди ҷаҳон омӯзгор аст

Шарафмандтарин, бузургтарин ва маҳбубтарин шахси ҷомеа омӯзгор аст,  зеро ӯ чароғи фурӯзони муҳит асту ҳамагонро ба некию накукорӣ, ба ободкорию созандагӣ, ба дӯстию рафоқат ва ба омӯзишу эҷод ҳидоят мекунад. Кайҳо ва борҳо собиту таъкид шуда, ки ҳар кишваре танҳо дар  заминаи арҷгузорӣ ба омӯзгор ва ба мактабу маориф метавонад пешраву муваффақ бошад, ба комёбиҳо  ноил гардад. Хушбахтона, дар кишвари ... Read More »

12 муассисаи таълимӣ сохтаю аз нав барқарор мешавад

Бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна 21 сентябри соли равон оид ба шарҳи миёнамуҳлати раванди татбиқи Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, мушовирон ... Read More »

Курсҳо анҷом ёфтанд

Бо ибтикори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тайи як ҳафта (аз 18-ум то 23-юми сентябри соли 2017) дар бинои донишкада курси такмили маҳорати касбӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Академияи байналмилалии таҳсилоти касбии муосири шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид. Курсҳо дар мавзӯъҳои “Менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи маориф” ва “Ташкили раванди таҳсилоти фарогир инклюзив дар муассисаҳои ... Read More »

Бархӯрд бо Мавлоно

Гуфтанд: Зи Шамсулҳақи Табрез чӣ дидед, Гуфтем: К-аз он нур ба мо ин назар афтод. Мавлавӣ Шамси Табрезӣ бомдоди 30 ноябри соли 1244 (мелодӣ) ногумон дар хони Шакарфурӯшони шаҳри Қуния пайдо шуд. Нахустин мулоқоти вай бо Мавлоно дар ҳамин рӯз иттифоқ афтод. Маҳалли бархӯрди ин ду орифи бузург бо номи «Марҷулбаҳрайн» (ҳамомади ду баҳр) машҳур аст. Ин мулоқот инқилоби рӯҳоние ... Read More »

Саодатбахши зиндагӣ

Ҷашни соҳибистиқлолии кишвар барои мо, мардуми тоҷик, муҷиби ифтихору сарбаландӣ мебошад, зеро маҳз ба туфайли ин падидаи таърихӣ миллати парешони тоҷик сарҷамъ омад ва дастовардҳои бузургро дар ҳамаи соҳаҳо ноил гашт. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон бисёр роҳҳои нави автомобилгарду нақбҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоот сохта ба истифода дода шуданд, сатҳи камбизоатӣ паст гардид ва дараҷаи некуаҳволии мардум ... Read More »

Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре…

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дар вазъи ногувор қарор дорад. Яке аз масъалаҳои муҳим  дар соҳаи маорифи кишвар омодагӣ ба фасли сармо  ва захира намудани ҳезуму ангишт дар  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бо ин мақсад соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  ситоди махсус таъсис дода шудааст, ки раванди иҷрои ин ... Read More »

Танзими ҷашну маросимҳо – тақозои замон ва зиндагӣ

Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, вобаста ба шароиту талаботи нави сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди назари аҳли ҷомеа қарор гиранд ва дар доираи қонунгузории миллӣ танзим шаванд. Маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти раҳбарӣ дар баробари баррасӣ намудани мушкилоти сиёсӣ ва ... Read More »

Маҳаки асосии зиндагии мардум

Дар толори калони Хонаи фарҳанги ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо иштироки сарварони таълимгоҳҳо ва омӯзгорони фаъоли ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор шуд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатмаҳмад Исмоилов зимни суханронӣ арз дошт, ки ин қонун пеш аз ҳама, барои ҳимояи ҳолати рӯҳии мардум, ... Read More »

Мушкилоти омӯзиши забони русӣ

Барои аз худ намудани забони русӣ, пеш аз ҳама, донис-тани забони модарии худ ҳатмист. Танҳо дар ин асос мо метавонем забони русиро хуб азхуд кунем, алоқамандӣ, тафовут, умумият ва таърихи онро бидонем. Забони тоҷикӣ на танҳо забони давлати Тоҷикистон, балки забони тоҷикони Осиёи Марказӣ низ ба шумор меравад. Аз рӯйи пайдоиш ба шохаи забони эронӣ ва оилаи ҳиндуевропоӣ шомил мебошад, ... Read More »

Ҳамкорӣ дар пешгирии ҷинояткории наврасон

Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз таваҷҷуҳи махсусро тақозо дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону нав-расон ташкил медиҳанд ва дар ояндаи наздик сарнавишти диёри азиз ба дӯши онҳо вогузор хоҳад шуд. Бинобар ин, масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқ ноболиғ шахсе эътироф мешавад, ... Read More »

Низоми анъанавии баҳодиҳӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

Масъалаи ба тарзи нав баҳо додан ба сатҳи дониш имрӯз дар низоми маорифи Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Тағйироти куллие, ки дар низоми маорифи ҷумҳурӣ ба вуҷуд омад (таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмилу танзими барнома ва нақшаҳои таълимӣ, такмили мазмун ва мундариҷаву муҳтавои китобҳои дарсӣ, ворид гардидани технологияҳои муосир дар машғулиятҳо ва масоили ба ... Read More »

Шароити созгор  — омили пешравӣ

Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб аз як бинои сеошёна, 35 синфхонаю кабинети фаннӣ, 5 озмоишгоҳу лаборатория иборат мебошад. Омӯзгорону толибилмон аз маҷлисгоҳи дорои 608 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва китобхонаи замонавӣ истифода мебаранд. Таълиму тарбия дар таълимгоҳ асосан аз рӯйи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ – риёзӣ ҷараён мегирад. Ба таъкиди директори муассисаи таълимӣ Ҷ.Шукуров, ин ҷо тамоми ... Read More »

Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии нахустини аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, баргузор гардид. Дар нишаст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, муовини сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Наимҷон Сиддиқов, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Маҷе Мадалинский, роҳбари гурӯҳи Лоти 1-БДТБ Майкл ... Read More »

Пурсавобтарин кор

Дамидани субҳ чӣ зебост! Субҳ домани торикии шабро дарида, офтоби дурахшонро ба тозагӣ эҳдо ба аҳли сайёра мекунад. Зиндагии ҳар яки мо бо дамидани субҳ ва даррасидани рӯзи нав идома меёбад. Офтоби оламоро нурҳояшро саховатмандона ба паҳнои дунё пош дода, қалби ҳар яки моро неруманд месозаду дилгарми зиндагӣ мекунад. Ҳар шахс ба умеде аз хоби ноз хеста, озими роҳ мешавад ... Read More »