Monthly Archives: Июль 2017

Заҳмати шогирдон самар овард

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014 , №215  оид ба Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявиро дар байни хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир менамояд. Аз ҷумла, озмуни имсола 18 – 19 – уми июли ... Read More »

Маърифати баланди либоспӯшӣ – арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ

Боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ба низом даровардани маросимҳои мардумӣ нақши муҳим гузошта, дар кулли кишварҳои олам то имрӯз ҳамрангу ҳамсанги худро надорад. Қабули ин Қонун ва фаъолияти 10-солаи он собит намуд, ки иқдомҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати кишвар дар бобати ин масъала аз ҳар ҷиҳат ... Read More »

Дастовардҳо меафзоянд

Аз 12 то 23 июли соли 2017 дар шаҳри Рио — де — Жанейрои Бразилия  олимпиадаи ҷаҳонӣ «58th IMO 2017» аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда муаррифӣ намуданд. Дар олимпиадаи мазкур мактаббачагони тоҷик миёни довталабони 100 давлати дунё бо гирифтани 3 медали биринҷӣ ва се ифтихорномаи фахрӣ мушарраф гардиданд. Муҳаммадҷон Бобоев аз Муассисаи ... Read More »

Шукри диёри ваҳдат

Дар бораи ваҳдату дӯстии халқу миллатҳо, оромию тинҷии  кишвару давлатҳо  дар тамоми адабиёти дунё менависанд ва ин ҷавҳари бахти инсониро тараннуму ситоиш мекунанд. Ваҳдати миллат оғоз меёбад аз ваҳдати дилҳо дар хонадон, дар мактаб, дар корхонаву, муассисаҳо дар он ҷой, ки мардум кору фаъолият менамоянд, бо дӯстию рафоқат, бо ҳамдигарфаҳмӣ. Мо аз овони мактабхонӣ то давраи  донишҷӯӣ дар донишгоҳҳо аз ... Read More »

Ҷавонон – неруи таҳкимбахши давлат

Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи муҳим доранд. Тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, муаррифии ... Read More »

Маоши устодон 20 фоиз баланд мешавад

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявии ин муассисаи олии мамлакат дар шаш моҳи аввали соли 2017 бо иштироки намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид. Дар донишгоҳ аз рӯи 71 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 25 ихтисос дар шуъбаи ғоибона таълим роҳандозӣ гардидааст. Ҳайати профессорону омӯз-горони донишгоҳ 763 нафар, ... Read More »

26 нафар соҳиби дипломи аъло

Дар  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  бо иштироки  ҳайати устодону кормандон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Ноиби ректори донишгоҳ  Сафар Холиқов қайд намуд, ки дар донишгоҳ 524 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки дар  миёни онҳо 2 академик, 16 доктори илм, 11 профессор, 50 номзади илм, як нафар узви вобастаи академияи илмҳои ҶТ, як нафар академики ... Read More »

Ғолибон ҳавасманд мегарданд

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода зикр кард, ки дар муассиса 4 факулта-филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романию германӣ ва забонҳои шарқ ва 14 кафедра аз рӯйи 27 ихтисос фаъолият доранд. Аз моҳи январи соли 2017 музди маоши вазифавии ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада ба андозаи бист дар сад зиёд ... Read More »

Камбудиҳо бартараф шуданд

Имсол аз 783 нафар хатмкунандаи  Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов 768 нафар имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият супорида, 15 нафар бо сабабҳои гуногун ба имтиҳонҳо саривақт ҳозир нашуданд. Дар ин бора дар нишас-ти матбуотӣ ректори донишкада Шодӣ Сафаров ҳарф зада, ҳамчунин, аз дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мавриди чопи китобҳои дарсӣ изҳори хушнудӣ намуд. Аз ҷумла, қайд ... Read More »

Рисолати ҷавонон — ҳифзи ваҳдати миллӣ

Бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст. Ваҳдат — беҳтарин неъмат, таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон аст. Танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем ... Read More »

Дасисакориро ватандорӣ нахонед

Вазъи бисёр ҳассоси сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар нигоҳи дақиқтар ва таҳлилҳои амиқтар дошта бошем. Қабл аз ҳама мо нисбат ба неруҳо ва  омилҳои  дохилие, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузорони хориҷӣ қарор гирифта, боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд, бояд тасмимҳои ҷиддитар ва қотеъонаро дар мадди назар гирем, зеро ... Read More »

Таҷдиди назар ба курсҳои такмили ихтисос

(Мусоҳиба бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода) — Муҳтарам Хоналӣ Қурбонзода! Тайи 10 рӯзи охир дар донишкада курсҳои омӯзишии омода намудани тренерон вобаста ба муносибати босалоҳият ба таълим аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика ва технология (таълими меҳнат) барои синфҳои 5-11 гузаронида шуд. Мехостем, ки дар ин бора андешаҳоятонро ба таври муфассал иброз намоед. ... Read More »

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ васл гардид

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия  ва сохтмони неру-гоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020» корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии 10 адад НБО-и хурд дар шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Бохтар, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ванҷ, Мурғоб, Роштқалъа, Рашт, Айнӣ ва Панҷакент  бо иқтидори аз 75 то 10000 кВт, ки иқтидори умумиашон 13230 кВт-ро дарбар мегирад, ... Read More »

Аввалин хатмкунандагони ДДСТДТ

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ ва намоиши корҳои дипломии хатмкунандагони ин муассиса баргузор гашт. Сараввал ба донишҷӯён дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои хатми донишкада супурда шуд. Имсол донишкадаро 106 нафар хатм карданд, ки аввалин хатмкунандагони он маҳсуб мешаванд. Сипас, корҳои дип-ломии донишҷӯён, аз қабили расму манзараҳо, намунаҳои кандакорӣ ва тарҳҳои ... Read More »

Об — муъҷизаи нодир

Сарсабзии гулу буттаҳо, тандурустии одамон, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, коркарди бисёре аз маҳсулоти ниёзи мардум ба об вобастагии калон дорад. Об дар рӯзгори инсон талаботи рӯзмарра ба ҳисоб рафта, нисбат ба дигар ғизову манбаъҳо бештар истифода мегардад, ҳаёти инсонро бе об тасаввур кардан мумкин нест. Аз нигоҳи тиб истифодаи оби тозаи ошомиданӣ барои саломатии инсон зарур буда, раванди ... Read More »

Тараннумгари ваҳдат

Дар зиндагӣ бо шахсони бедордилу қавииродае вомехӯрем, ки нисбат ба атрофиён меҳру самимияти беандоза доранд. Яке аз чунин шахсон сарояндаи мумтоз, омӯзгори асил, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Турсунмурод Отабоев буданд. Устод Турсунмурод Отабоев зодаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич буда, 50 сол дар соҳаи маорифу фарҳанг фаъолият намуданд. Зиндагиномаи устод мактаби бузург ва шоистаи пайравист. Бо меҳру садоқат ... Read More »

Истироҳати хонандагони 12 муассиса

Барои фароғати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Хумб, Нулванд ва Вишхарви ноҳияи Дарвоз дар мавзеи хушобу ҳавои Хостав истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда шудааст. Истироҳатгоҳ дорои мавзеи сайру сайёҳат, кӯли оббозӣ, майдони варзишӣ, хобгоҳ ва бинои таълимӣ мебошад. Хонандагони 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии водии Вахё дар истироҳатгоҳи Сағирдашти ноҳия фароғат доранд.   Ҷ.Қозибеков, «Омӯзгор» Read More »

Таълифи 6 китоби дарсӣ дар шаш моҳ

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ректори донишкада Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки дар 6 факултаи донишкада аз  рӯйи 37 ихтисос мутахассис омода карда мешавад. Соли равон  донишкадаро 1571  нафар хатм намуданд, ки аз ин шумора 18 нафар ба гирифтани дипломи аъло  мушарраф шуданд. Аз ҷониби устодони донишкада дар нимсолаи аввали соли равон 6 китоби дарсӣ, 3 монография,  ... Read More »