Monthly Archives: Май 2017

Ҷавонон ояндасозони мамлакатанд

Паёми телевизионии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон 22.05.2017, шаҳри Душанбе Муҳтарам ҷавонони кишвар! Фарзандони азиз! Тамоми ҷавонону наврасони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям. Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ... Read More »

Ҷавонон неруи пешбари кишваранд

Суханронии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон 23.05.2017, шаҳри Душанбе Ҷавонони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ... Read More »

Рӯзи ҷавонон бо ширкати Пешвои миллат таҷлил гардид

23 майи соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар шахси онҳо кулли ҷавонони саодатманди кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфтанд. Пешвои ... Read More »

Ҷавонон ворисони Пешвои миллат мебошанд

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар   «Боғи Парчами  миллӣ» ҳамоиши ҷавонони пойтахт доир гардид. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҷавонони ватандӯсту худогоҳи кишвар аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва эълон гардидани Соли ҷавонон ниҳоят сарфароз мебошанд. Ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон масъулияти ҳар як ҷавони бонангу номусро дар назди миллату давлат дучанд мегардонад. Аз ҷумла, Ҳамроз Умриддинов, хонандаи синфи ... Read More »

Ғолибони Дави миллӣ муайян шуданд

21 майи соли равон дар даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 51 ҳазору 300 нафар ҷавонону наврасон ва синну соли гуногуни аҳолии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ маросими ифтитоҳи дави миллӣ баргузор гардид. Ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ аз соли ... Read More »

Густариши ҳамкориҳо

10 майи соли ҷорӣ вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев бо муовини директори Департаменти байналмилалии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия И.П. Шаповалов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷудо гардидани қитъаи замин барои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Кӯлоб ва даъвати 30 нафар омӯзгор ... Read More »

Баррасии 4 масъала дар ҷаласаи сайёр

16 майи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи сайёри раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Одиназода, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷ.Ҷӯразода ва аъзои раёсат баргузор гардид. Дар ҷаласа 4 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор ... Read More »

Илм бо амал тавъам бошад

Ҳафтаи гузашта дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иқдоми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди илм» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии кишвар, роҳбарияти  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат, Вазорати ... Read More »

Сафар хотирмон буд

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ва дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 майи соли ҷорӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон як зумра ҷавонон-кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеи он ба шаҳри Норак сафар карданд.  Зимни сафар ҳайати ҷавонон нахуст аз Неругоҳи барқии обии Норак ва осорхонаи он дидан намуданд. Аз ... Read More »

Кошифони асрори сухан

Ҳаводорони каломи бадеъ ба тафсирномаҳо ба ашъори шоирон таваҷҷуҳи махсус доранд ва аз ин ҷост, ки озмунҳои тафсири шеърро гарм истиқбол мегиранд ва дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Соли гузашта ҳафтаномаи «Омӯзгор» байни хонандагонаш барои тафсири як ғазали Ҳофизи Шерозӣ («Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд») ва як ғазали Абулқосим Лоҳутӣ («Ба ӯ ҷон додаам, ҷонони ман дигар чӣ ... Read More »

Поянда бод Наврӯзат, Ватан!

Имсол ҷашни Наврӯз дар кишвари азизамон чун ҳамасола дар сатҳи баланд ва басо пурнишоту хотирмон таҷлил гардид. Ба ифтихори ин фархундаҷашн дар радифи ибтикороти дигар ҳафтаномаи «Омӯзгор» таҳти унвони «Наврӯзи гулрези Ватан» барои беҳтарин эссе, ҳикоя, шеър тарона ва суруд озмун эълон карда буд. Он аз ибтидои моҳи январ то интиҳои моҳи март идома ёфт. Ҳафтанома дар ин давра беҳтарин ... Read More »

Ваҳдат – рушдбахши давлат

Ваҳдат – беҳтарин  неъмати  ҳаёти  инсон,  орзуву  ормон,  таҳкими  давлат,  наҷоти  миллат,  рушди давлати тоҷикон,  нумуи  даврон,  ҳаёти  инсон  дар  ҳар  замину  замон аст. Сулҳ  бошад оштиву  фарзонагӣ,  якдигарфаҳмӣ  ва  толиби  осоиштагӣ  будани  мардумро  таҷассум  мекунад. Ваҳдату  Сулҳ  дар  ҳамбастагӣ  ба  ҳам  омадан,  сар  аз  як  гиребон  берун  овардан,  ҳамдигарфаҳму  поктинату  миллатдӯст  будан  аст. Иттифоқ  ва  ҳамди-гарфаҳмии  миллати  тоҷик  имрӯз ... Read More »

Тамоми умр бояд омӯхт

Дар шароити имрӯза масълаи тарбияи ахлоқии ҷавонон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Тарбияи ҷавонон барои омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа масъулияти бузургро пеш мегузорад. Ин вазифаи басо душворро, пеш аз ҳама, омӯзгорон, аҳли илму адаб ва волидон ба уҳда доранд. Дар раванди таълим омӯзгор бояд дараҷаи тайёрии касбӣ ва маълумоти психологию педагогии худро мунтазам баланд бардорад. Қисмат ва қимати инсон ... Read More »

Замин сарсабз аз об аст

Яке аз муҳимтарин ва бебаҳотарин  унсури табиат об мебошад. Маҳз тавассути об хоки ташналаб сероб мегардаду ин унсур бо ҳам омезиш ёфта,  кураи заминро сабзу хуррам менамоянд ва инсонҳо аз он  баҳраёб  мегарданд. Об бо бартараф кардани садду монеаҳои зиёд ба манзили ҳар яки мо мерасад. Вақте аз хоб бедор мешавем,  ниёзи аввалини мо аз ин неъмати бебаҳои табиат — ... Read More »

Қатраҳо будему дарё гаштаем!

Ин дастоварди таърихӣ – Ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами Ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред. Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдат аз оила сар шуда, дар мактаб идома ёфта, усувору қавитар мегардад. Бе ваҳдату якдигарфаҳмӣ ягон корамон ба сомон намерасаду ... Read More »

Мекунам шукронаи ту, эй Ватан

Ба таърихи гузаштаи бисту панҷсолаи Ватанамон назар меандозем… Имрӯз ҳар як шахси ватандӯст он рӯзҳои пуртаҳлукаи ибтидои солҳои навадуми қарни гузаштаро бо дарду таассуф пеши назар меорад: алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ бародаркушӣ, парокандагӣ, муҳоҷирию гурезагӣ, вайронаю ноободиҳо, сӯхтор, ғоратгариҳо, дуди туфанг, нолаи модарону кӯдакон… Мардуми тамаддунофари мо, ки дар замир созанда ва сулҳофар аст, иштибоҳи худро ислоҳ кард, ба хулоса ... Read More »

Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17.05.2017, №1741, шаҳри Душанбе Дар бораи амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2017, №5/23 Бо мақсади амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2017, №5/23 мутобиқи банди 13 Низомномаи  Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145) ФАРМОИШ  МЕДИҲАМ: 1. Қарори мушовараи Вазорати маориф ва ... Read More »

Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон

аз 28.04.2017, № 5/23, ш. Душанбе Дар бораи манъи гузаронидани чорабиниҳои “Занги камолот”, “Иди Алифбо”, “Хайр, боғча!” дар муассисаҳои таълимӣ Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро “Дар бораи манъи гузаронидани чорабиниҳои “Занги камолот”, “Иди Алифбо”, “Хайр, боғча!” дар муассисаҳои таълимӣ” баррасӣ намуда, қарор мекунад: 1.Гузаронидани чорабиниҳои “Занги камолот”, “Иди Алифбо”, “Хайр ... Read More »