Monthly Archives: Апрель 2017

Олимпиада омили дарёфти истеъдодҳост

22-23-юми апрели соли ҷорӣ дар мактаби Президентии шаҳри Ҳисор олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи ҷумҳуриявии номӣ ва  олимпиадаи даставӣ байни мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои англисиву русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, химия, физика, биология, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид, ки дар он 670 довталаб иштирок карданд. ... Read More »

Калиди комёбӣ дар китоб аст

Ҳамасола моҳи апрел дар ҷумҳуриамон «Ҳафтаи китобҳои бачагона» баргузор мегардад, ки ин чорабинӣ барои тарғиби китоб ҳамчун сарчашмаи дониш ва ҷалби бештари мактабиён ба китобхонӣ аҳамияти барҷаста дорад. Дар доираи ин ҳафта дар мактабҳои кишвар намоиши китобҳо, дарсҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо адибону ноширон, озмунҳои гуногун созмон дода мешаванд. Мувофиқи барномаи «Ҳафтаи китобҳои бачагона» дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе вохӯрии хонандагон ... Read More »

Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

24 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуедар доир гардид. Зимни нишаст  қайд гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Фаронса дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ... Read More »

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи аввал

21-22-юми апрели соли равон ба ифтихори 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар он аз 39 муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  донишҷӯёни 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 11 фанни ... Read More »

Ваҳдати миллӣ – наҷоти миллат

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ  гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободиву шукуфоии  давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ... Read More »

Инноватсия ва истифодаи технология

Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Инноватсия ва технологияи муосир дар такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф» баргузор гардид. Дар конфронс устодону омӯзгорон аз шаҳру навоҳии  гуногуни ҷумҳурӣ ва олимону пажӯҳишгарон иштирок доштанд. Ҳамоишро муовини ректори донишкада М.Бадалов  ифтитоҳ бахшида хотирнишон сохт, ки дар замони муосир дар раванди таълими ... Read More »

Тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд

Роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ ҷиҳати амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беҳтар ба роҳ мондани таълими салоҳиятнок тадбирҳои зарурӣ андешида, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки омӯзгорони зинаи  аввали таълим моҳияти ин усули наву самарабахшро хубтар дарк намоянд. Чи тавре ки аз мудири кабинети методӣ Абдуҳамид Раҷабов иттилоъ гирифтем, чанд муддат пеш гурӯҳи кормандони ... Read More »

Ба ифтихори соли ҷавонон

Ба муносибати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017   дар шаҳри Хоруғ таҳти шиори «Ҷавонон — пайрави пешвои миллат»  бо иштироки ду ҳазор ҷавон роҳпаймоӣ баргузор гардид. Роҳпаймоиро дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хоруғ Маҳтобшоҳзода Арамбегим Бозор ифтитоҳ намуд. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, дорандаи идрори президентӣ Зайнура Кайковусова арз дошт, ки ... Read More »

«Бонги хатар» дар мактаб

Радиои мактаб бонги хатар зад. Аҳли таълимгоҳ (аз омӯзгорону хонандагон то кормандони техникӣ) ҳуҷраю синфхонаҳоро тарк карда, ба ҷои бехатар баромаданд. Роҳбарони синфҳо ба  ашхоси масъул дар бораи вазъи баамал-омада ва амалиёти хонандагон ҳисобот доданд. Ба «осебдидагон» ёрии таъҷилӣ расонда шуд. Чанде аз хонандагон аз зери «вайронаҳо» берун кашида шуданд. Дас-таи сӯхторнишонӣ ҷо-ҷо «алангаи оташ»-ро хомӯш кард. Дар натиҷаи  амали ... Read More »

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун

Соли ҷорӣ барои миллати сулҳдӯсту пуртаҳаммули тоҷик соли таърихӣ аст. Аҳли диёр 20-солагии ба имзо расидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро қайд мекунанд. Мо, омӯзгорон, аз ин боб, хушбахтона, дар сафи пеши ахли ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорем. Ҳар рӯзи мо бо зикри калимаҳои пурмазмуни Сулҳ, Ваҳдат, Модар ва Ватан оғоз мегардад. Дар ин калимаҳои дилнишин бахту саодати мардум мунъакис ... Read More »

Ба қадри неруи ҷавонӣ бояд расид!

Ҳар боре, ки аз амали террористие дар як гӯшаи дунё огоҳ мешавем, моро эҳсоси афсӯсу тараҳҳум  фаро мегирад ва наметавонем бетараф бошем! Чаро бадхоҳон инсонҳои бегуноҳ фазои орому осоиштаро бо хунрезию куштори ваҳшиёна ба ғамхона табдил медиҳанд? Ифротие худро дар ҷойи серодам таркондааст. Даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳу оғӯштаи хун, садои гиряҳои ҷонгудоз… Ба хотири чӣ? Дар зери мафҳумҳои «террорист”, “узви ... Read More »

Ифротгароии динӣ ва сарнавишти миллатҳо

Экстремизм аз забони лотинии «extremus» гирифта шуда, маъноҳои охирин ҳад, ҳадди ниҳоӣ, назари ниҳоӣ ва ифротӣ доштанро ифода мекунад. Дар адабиёти сиёсию динӣ асосан ба маъниҳои дар сиёсат ба назар ва фаъолияти ифротӣ мутамоил будан, дар назар ва  ақидаи сиёсӣ ба зиёдаравӣ роҳ додан пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ, ифротталабӣ ва ниҳоятан, саъю талоши ҳалли мушкилот тавассути усулҳои тунду ... Read More »

Азму ҷаҳд ҳар корро осон кунад

Суҳбати рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Қосим Шарофзода Мудирро дар қабулгоҳаш хеле интизор шудам. Гуфтанд, ки ба ҳузури раиси шаҳр рафтааст. Бо гузашти чанд дақиқаи дигар мудир як даста варақ дар даст вориди қабулгоҳ шуд ва маро ба дафтари кораш даъват кард.  Нахустсуоли ман ба мудир бархоста аз ҳамин ҳолат буд. -Муаллими муҳтарам, ба ман гуфтанд, ... Read More »

Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз 08 .04. 2017 №4/1, ш. Душанбе Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон –  Нуриддин Саидро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали ... Read More »

Бозӣ бамаврид бошад, хуб аст

Таълими фанни забони модарӣ дар синфи якум дар нимсолаи дувуми таҳсил  сурат мегирад. Усули салоҳиятнокӣ тақозо дорад, ки муаллим аз синфи якум дар дарс фаъолияти бештари хонандагонро таъмин намояд. Аз ин рӯ, дар дарси забони модарӣ барои такмили ташаккули фикрӣ ва зеҳнии хонандагон дар баробари аёниятҳо, расмҳо, варақаҳо, овезаҳо аз бозиҳои грамматикӣ низ самаранок истифода кардан лозим мешавад. Ман бозиҳои ... Read More »

Риояи имло – ҳусни матн

Дар синфҳои ибтидоӣ бояд вазифаҳои имлошиносӣ, аз қабили китобӣ, имлоӣ ва услубӣ мавриди омӯзиши пурра қарор гиранд. Дар дафтарҳои синфӣ, машқи хат, инкишофи нутқи мураттаб, вазифаҳои хонагӣ ва луғатшиносӣ, қоида ва аломатҳои имло ба шогирдон фаҳмонида шаванд. Санҷишҳои иттиҳоди методӣ оид ба ҳолати дафтардорӣ нишон медиҳад, ки тарзи ҳарфнависӣ аз рӯи меъёри забон набуда, бештари хатоиҳои китобӣ дар маънои калимаҳо ... Read More »

Фаъолият мусоидатгар ба саломатист

Дарсҳои санъат ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ зинаи аввали тарбияи меҳнатии хонандагон маҳсуб меёбад. Фаъолияти меҳнатӣ захираҳои физиологии организмро бой гардонида, дар ташаккули скелету мушакҳо, кори системаи дилу рагҳо, нафаскашӣ, узвҳои лозима, системаи марказии асаб нақши ниҳоят калонеро мебозад. Ҳангоми кор ба мушакҳо дохилшавии моддаҳои ғизоӣ ва гази оксиген зиёд мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми меҳнат талабот ба гази оксиген ... Read More »

Таълифу таҳияи адабиёти таълимӣ — омили пешрафт

Касбинтихобкунӣ аз масъалаҳои басо муҳим барои ҷавонон  маҳсуб меёбад. Ҳоло дар 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳуриамон ба шогирдон аз рӯйи бештар аз 150 ихтисос касбу ҳунар омӯзонда мешавад. Қоидаҳои илман асосноки касбинтихобкунӣ дар заминаи таҳқиқоти навтарини илм бо истифодаи комёбиҳои пешрафти илму техника, имкониятҳои бузург ва афзалияти касбинтихобкунии ҷавонон ба вуҷуд  овардани тарзу усулҳои идоракунии ин ҷодаро пешбинӣ менамояд. ... Read More »