Monthly Archives: Март 2017

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 1. Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 1040 сомонӣ.   Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1. Сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1040 сомонӣ.   Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва мёнаи касбӣ 1. Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва ... Read More »

9 нафар —  барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ

10 марти соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар он намояндагони тамоми ВАО-и кишвар иштирок карданд. Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадшариф Бобошоҳзода зикр намуд, ки нақши ВАО дар пешрафт ва рушди ҷомеа хеле бузург аст. Таҷрибаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон ... Read More »

Рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф

Ба муносибатҳои  дуҷо-нибаи дипломатӣ  оид ба масъалаҳои фарҳанг, иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии  Хитой  25 сол пур шуд. Дар нишасти матбуотие, ки ба ин муносибат бо  иштироки хабарнигорони ватаниву хориҷӣ дар Кохи Ваҳдати пойтахт барпо гардид, мубодилаи афкор  атрофи мавзӯи мактабу маориф сурат гирифт. Маҳмудзода Раънои Бобоҷониён – муовини раиси ҲХДТ доир ба самараи ҳамкориҳо ... Read More »

Гулу сунбулҳои наврӯзӣ

Гулу сунбул ҳамроҳ бо наргису лола ва насрину савсан муждадиҳандаи фасли баҳор ва Наврӯзи оламафрӯзанд, онҳо гулис-тону бӯстони боғи адаби форсу тоҷикро рангину атрогин намудаанд. Гул бо баҳор ва Наврӯз пайванди ногусастанӣ дорад ва сабзишу рӯиши он дар дашту даман дар фасли баҳор хотири мардумро болида мегардонад. Шукуфтани гулҳои ҷаҳоноро рамзи ҳаёт аст, рамзи баҳор аст, рамзи растохези табиат аст, ... Read More »

Ҷашни хештаншиносӣ ва ваҳдатовар

Об занед роҳро, ҳин, ки нигор мерасад, Мужда диҳед боғро, бӯи баҳор мерасад. Миллат ва ё давлате, ки мехоҳад худро аз нобудӣ ҳифз кунад, сараввал бояд расму оин, суннат ва арзишҳои миллии худ-ро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, ҳифз намояд. Дар ин самт таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ рукни бисёр муҳим ба шумор меравад, зеро дар ҷашнҳои миллӣ орзуи ҳамешагӣ, ҳувият, забон, ... Read More »

Иртиботбахши инсон бо табиат

Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро ба таври зайл шарҳ додааст. “Наврӯз нахустин рӯз аст, аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат “Рӯзи нав” ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чӣ аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҷашнҳост” Наврӯз рӯзи аввали моҳи фарвардин аст, ки бо таъбире расидани Офтоб ба нуқтаи аввали ҳамал ва ибтидои баҳор аст. Наврӯз айёмест, ки ҳамагон ... Read More »

Бонуи  ҳунарманд 

Бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар озмуни «Бонуи ҳунарманд» байни роҳбарони маҳфилҳои МД Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳадаф ва баргузории озмун ҷалб намудани роҳбарони ҷавони маҳфилҳо ҷиҳати эҳё намудани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ,  санъату ҳунарҳои  ниёгон, таъриху маънавиёт, ҳамчун ... Read More »

“Бухорои шариф” ҳам реклама дошт

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар он рӯзноманигорон аз нашрияҳои гуногун ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ширкат варзиданд. Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зина-туллоҳ Исмоилзода матбуотро ҳамчун сароғози журналистикаи тоҷик унвон кард.  Сипас, устоди ДМТ Қироншоҳ Шарифзода дар мавзӯи “Назаре ба 105 соли матбуоти тоҷик” маърӯза намуда, аз ... Read More »

Пайки сарсабзии зиндагӣ

Наврӯзи фархундапай, олиҳаи ҳусни сол боз ба куҳандиёри мо нуру сафо овард. Табиат ба сабзазору гулзор табдил ёфта, муҳаббати инсонро ба офаридаҳояш бедор мекунад. Аз насими Наврӯз дили  инсон саршор аз фараҳу шодӣ гашта, умедаш барои хостаҳояш зиёд мегардад. Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ, Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ. Наврӯз идест саршор аз шарофату ... Read More »

Фалаки наврӯзии бадахшонӣ

Фалак моли эҷодиёти халқ буда, ба воситаи он ҳолатҳои рӯҳӣ, иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳо вобаста ба вазъи ҳаёти шахс ифода меёбад. Бо пешравии ҷомеа фалак низ ташаккул ёфта, дар ҳамаи давраҳо ҳолати иҷтимоии халқро инъикос мекунад. Исбот шудааст, ки фалак роғиву даштӣ ва уфар шуда, аслан бо дубайтӣ, рубоию сухани суфтаву қофиядори мансур сароида мешавад. Фалаки димоғиро бештар дар мавриди ... Read More »

Сарсабзиҳои рӯзи нав

Дар иртибот ба таҷлили Наврӯз орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути ирои амалҳои суннатӣ, расму оинҳо ва инчунин, дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷи-кон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва ... Read More »

Замин гулрезу атрафшон

Наврӯзи оламафрӯз дар мекӯбад, нафаси рӯҳбахшу гуворояш эҳсос мешавад. Ҳамагон ба ҳаракат меоянд, «бедор» мешаванд ва ба истиқболи сазовори ин ҷашни куҳанбунёду ҷавонипарвар мекӯшанд: хона меороянд, гирду атрофро тоза мекунанд, либосҳои нав ба тан мепӯшанд ва муҳити хешро намуди идона мебахшанд. *** Дӯстон, ҷашни дилафрӯз муборак бошад, Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад. *** Наврӯз – рӯзи нав, баҳори нав. Ҳама ... Read More »

Агар Наврӯз рӯзи якшанбе ояд…

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Абулқосим ФИРДАВСӣ Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз моро дар шароити ҷаҳонишавӣ ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ-пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек  таҷассум ёфтааст. Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни ... Read More »

Ҷашни шукӯҳманди табиат

Риояю идомабахшии анъанаҳо дар ҷашни Наврӯз насли ҷавон ва умуман тамоми инсониятро ба меҳру муҳаббат, покдилӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Ниёгони мо бар ин ақидаанд, ки соли нав бояд бо дили соф, нияти нек ҷашн гирифта шавад, то ин ки то охири сол мардум хушбахту хушрӯзгор бошад. Ҳар шахс-ро лозим аст, ки дар анҷом додани  аъмоли нек кӯшиш намояд, ахлоқи ... Read More »

Сурӯши баҳорон

Наврӯз, ки суруши баҳорон аст, замину замонро эҳё мекунад ва муждаи рӯишу пӯишу сабзишро ба мо армуғон меоварад. Барои миллати шарафманд ва куҳанбунёди мо ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни бостонтарини гетӣ аз тарафи СММ Рӯзи байналмилалӣ эълон шудааст. Ин дастоварди гаронмоя натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгиронаи  чандинсолаи Тоҷикистон ва давлатҳои дӯсту бародар ... Read More »

Чун баҳор ояд, сухан гул мекунад…

Бидуни муҳобо, Наврӯзи Аҷам, дар радифи шоҳкорҳои бешумори беназиру шуҳратёри мардуми  ориётабор, алалхусус, мо, тоҷикон, монанди маъбадаву маъмураҳои фаровону ободон, шаҳристони маъмуру деҳистони мавфур, нарду чавгон, оши палаву шаробу кабоб, «Авасто»-ву алифбоҳо, катибаҳои Бесутуну Нақши Рустам, осори мондагори Имоми Аъзаму Имом  Ғаззолӣ, Луқмони Ҳакиму Анӯшервони  Одил, Ибни Синову Умари Хайём, Абӯрайҳони Беруниву Закариёи Розӣ, Насириддини Тӯсиву Аҳмади  Дониш, устод Айниву ... Read More »

Варзиш — шукӯҳафзои Наврӯз

Наврӯз ҷашнест хеле пурмуҳтаво ва рангину ҷолиб. Он дар таркиби худ анъана, расму оинҳои зиёдеро ба ҳам овардааст. Аз ин ҷост, ки тантанаҳои наврӯзӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб менамоянд ва  шавқовару оммавианд. Халқи тоҷик табиатан ҳамбастагӣ бо варзиш, бо тарбияи бадан доштааст ва ба ин, аз ҷумла,  бозёфтҳои бостоншиносӣ ва умуман, таърихи  пурҳаводиси ин халқи заҳматписанд гувоҳӣ медиҳанд. Яъне, варзиши тоҷик ... Read More »

Дидори Наврӯз

Чу олам гашт аз нав ёри Наврӯз, Гирифтам домани гулдори Наврӯз. Зимистон бо фиғон рахти сафар баст, Наёвард тоб бар пайкори Наврӯз. Зи файзаш хор ҳам гул мекунад, гул, Бувад ҳуснофаринӣ кори Наврӯз. Харидорони ҳуснаш бешуморанд, Чӣ пуршӯру шарар бозори Наврӯз! Бувад ҳар манзараш як шеъри зебо, Надорад сактае ашъори Наврӯз. Бувад Наврӯз султони табиат, Гулистон аст худ дарбори Наврӯз. ... Read More »