Monthly Archives: Февраль 2017

Густариши ҳамкориҳо

17 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо мушовири бюрои байналмилалии иқтисодии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Ян баргузор гашт. Нуриддин Саид аз ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории хешро ба намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин баён кард. Гуфта шуд, ки дар доираи ... Read More »

Дар ДДТТ фаъолияти ҷавонон вусъат меёбад

Дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти се озмуни ҷумҳуриявӣ: «Донишҷӯи беҳтарини сол — 2016»,  «Таронаи донишҷӯи сол — 2016» ва «Беҳтарин мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва раиси созмони ҷавонон дар соли 2016», ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буданд, ҷамъбаст гардид. Бояд зикр намуд, ки озмуни «Донишҷӯи беҳтарини сол — 2016»  ... Read More »

Забони модариро пос дорем

Бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО аз 17 ноябри соли 1999 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (International Mother Language Day) эълон карда шуд ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва мусоидат ба рангорангии бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангии забонҳои рӯи олам аз ҷониби соҳибзабонони рӯи олам бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз ... Read More »

Ҷилои тозаи рӯзгор

Ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мо, омӯзгоронро водор месозад, ки нисбат ба насли наврас боз ҷиддитар муносибат намуда, онҳоро дар ин рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондустӣ ва худшиносӣ тарбия намоем ва бикӯшем, ки аз илмҳои замона амиқтар бохабар бошанд. Зеро ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо маҳз ҳамин хурдсолонеанд, ки имрӯз паси мизи мактабӣ нишастаанд. Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ... Read More »

Артиши миллӣ ва рӯҳияи барозандаи ҷавонон

Таҷлили 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди дилогоҳу хештаншинос ва ҳушманду  ватандӯст муҳиму муқаддас аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ҳар  як  ҷавони  боору  номуси  Ватан  ифтихори бузург аст. Сулҳу суботи кишвар, хотири ҷамъи модарон, табассуми  тифлон  ва  хоби  нози дилбаронро  маҳз ҳамин  мардони  содиқу вафодор, ватандӯсту ватанпарвар ва қавидилу қавиирода  хифз ... Read More »

Маркази касбомӯзӣ

Чанде пеш дар маркази ноҳияи Муъминобод дар асоси лоиҳои Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд Маркази таълимии касбомӯзӣ ба фаъолият оғоз намуд. Маркази таълимӣ  аз бинои зебову барҳавои замонавии  бо дастгоҳҳои техникии муҷаҳҳаз ва дорои  18 кабинети таълимӣ иборат  мебошад. Дар маркази  касбомӯзӣ ихтисосҳои зерин: — муҳосиб бо донистани компютер, дӯзанда, ... Read More »

Афзунгари нуфузи байналмилалии Тоҷикистон

Барои мо боиси ифтихор аст, ки 21-уми декабри соли 2016 Маҷмааи умумии  СММ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул намуд. Мо хуб медонем, ки ташаббус оид ба эълони ин даҳсола бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ... Read More »

Тартиби гузаронидани олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни

таърихи халқи тоҷик бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ -2017 Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.02,2017, №371 тасдиқ шудааст.   1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ 1.Тартиби гузаронидани Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ-2017 (минбаъд Тартиб) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ... Read More »

Аз ноаҳлон бигурез

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Эмомалӣ Раҳмон Гузаштагони миллати тамаддунофари мо то андозае шуҳрат пайдо кардаанд, ки аҳли сайёра онҳоро чун пешвои илмҳои тиббу кимиё, риёзиёту ҳандаса, лисону ҳикмат, сарфу наҳв, фалсафаву нуҷум ва ҳоказо, ки саросар ифодагари панду ҳикмат, хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ мебошанд, мешиносанд. Онҳо бо офаридаҳои худ ... Read More »

Бо терроризм мубориза бояд бурд

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз паёмҳои солҳои гузашта фарқ дошт. Ин Паём дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, терроризм ва экстремизм, инчунин, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид. Воқеаҳои фоҷеабори дар Сурия ва Ироқ сокинони ... Read More »

Тарбия масъулият мехоҳад

Имрӯз  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастӣ аҳамияти  бештар пайдо кардааст. Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳиммеро дар ин самт меандешад. Аксаран тадбирҳо тавассути васоити ахбори  омма, ташкили вохӯриҳо бо сиёсатмадорон ва донишмандони соҳа дар маҳалҳо сурат мегирад. Дар мактаб дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, роҳбарони синфҳо, шахсони фаъоли ҷомеа ва падару модарон чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Иттиҳодияҳои ... Read More »

Орзуе, ки амалӣ гардид

Соли дуюм аст, ки дар шаҳри Кӯлоб ягона коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатӣ дари илму маърифатро ба рӯи дӯстдорони касбҳои  иқтисодию техникӣ боз намудааст. Коллеҷи мазкур бо ташаббуси  Теша Носиров, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Коллеҷ мутобиқи меъёрҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи ҳафт ихтисос мутахассисонро тайёр мекунад. ... Read More »

Салоҳиятнокӣ ва маҳорату малака

Ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ  салоҳиятҳое ба шумор мераванд, ки ҳар як хонанда онҳоро метавонад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба даст биёрад. Нақшаи тақвимию мавзӯии фан тибқи талаботи Стандарти фаннӣ омода гашта, пас аз омӯзиши ҳар як мавзӯъ салоҳиятҳои зарурӣ нишон дода шудааст, ки аз тарафи омӯзгорон бояд ... Read More »

Нақши бозӣ дар рушди кӯдак

Бозиҳои дидактикӣ тақозо доранд, ки супоришҳо дар аввал сода, фаҳмо, барои иҷро осонтар бошанд ва тадриҷан мураккаб гарданд. Инкишофёбии кӯдакон дар равиши бозиҳои дидактикӣ  ҳангоме ба вуҷуд меояд, ки агар он табиӣ, бошавқ бошад, он  гоҳ дар хонандагон тафаккури зеҳнӣ инкишоф меёбад, иҷрои мақсадноки супоришот аз ҷониби хонандагон таъмин мегардад. Дар ҷараёни бозии дидактикӣ шароити мусоид барои мустаҳкам кардани таваҷҷуҳ ... Read More »

Тарбия ва таълим кори саҳл нест

Таълим дар синфҳои ибтидоӣ имрӯзҳо дар шакли ҳамгиро ҷараён дорад. Аз ин лиҳоз, матну ҳикояҳое, ки оварда мешаванд, ҳам хусусиятҳои тарбиявӣ ва ҳам таълимӣ доранд. Порае  аз ҳикояи «Тош».  Рӯзе писарбачае, ки номаш Тош буд, мебинад, ки аз миёнбанди мӯйсафеде ҳамёнаш меафтад. Тош аз қафои ӯ рафта, онро мегираду ба хона омада, ба модараш нақл мекунад. Модараш ба Тош мегӯяд, ... Read More »

Мушкил андар мушкили омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Донистани забонҳои хориҷӣ ба мо имкон медиҳад, ки   бо пешрафтҳои фарҳангӣ, иқтисодиву сиёсӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ шинос шавем. Имрӯз забони муоширати бисёре аз давлатҳо  англисӣ мебошад, зеро технология ва илмҳои ҳозиразамонро бидуни забони англисӣ тасаввур кардан номумкин аст. Барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба забономӯзӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ... Read More »

Сатҳи донишро баланд бардорем

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешбурди соҳаи маориф таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда, аз ҷумла зикр намудаанд, ки  «…дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба ... Read More »

Мактаби муқарризони касбӣ зарур аст

Дар таҷрибаи кории худ ҳам муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ будаму ҳам муҳаррир ва ҳам муқарриз. Ҳамагон медонанд, ки сифати китоби дарсӣ дар баробари маҳорату истеъдодҳои касбии муаллиф ба меҳнату заҳмати муҳаррир ва муқарриз низ вобаста аст. Мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки дар самти таҳрири китобҳо вазъият каме беҳтар аст, чунки китоби дарсӣ ҳам аз ҷониби мутахассисони соҳа ва ҳам ... Read More »