Daily Archives: 12.01.2017

Аз таълими салоҳиятнок то бунёди мактабҳо

8W3A4975

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар бо иштироки вазир ва муовинони ӯ, инчунин кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сардорони идораю зерсохторҳои он ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Нишастро муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Р. Мирбобоев ифтитоҳ намуда, хотирнишон сохт, ки дар нишаст аз 28 нашрияву расонаи хабарӣ 33 рӯзноманигор иштирок доранд. Дар маълумоте, ки ба намояндагони ВАО ... Read More »

Дастовардҳо назаррасанд

Tajik_National_University_(Main_Building)

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори донишгоҳ Маҳмадюсуф Имомзода аз фаъолияти муассиса дар давоми соли 2016 ба рӯзноманигорон маълумот дод. Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки ДМТ дар роҳи ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот пурра ба низоми кредитӣ гузашт. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ 98 адад нақшаи таълимии дараҷаи бакалавр ва 33 адад нақшаи таълимии  зинаи магистратура тибқи ... Read More »

Ҷавонон ва илм дар меҳвари Паём

инновации-в-сварке_0

Инсоният ҳамеша ба илм ниёз дорад. Ҳамин аст, ки дар ду асри ахир, ки аз он асрҳои илму техника ёд мекунанд, ниёзи одамӣ ба илму маърифат аз ҳар замони дигаре бештар эҳсос мешавад. Дар ин аср маҳз миллате метавонад дар муқобили гирдоби ҷаҳонишавӣ устувор монад, ки бо якдиливу ҳамбастагӣ ва бо ихтирооту дастовардҳои илмӣ-техникӣ ҳамқадами пешрафтатарин кишварҳои пешрафта бошад. Асосгузори ... Read More »

Нахустунсури офариниш

varzob_1 (1)

Фарҳанги халқи тоҷик хеле ғанӣ, пурмуҳтаво ва фарогир буда, аз қадим таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқ ва олимони соҳаҳои гуногунро ҷалб намудааст ва ҳамчунин, дар ташаккулу рушди фарҳанги халқҳои дигар таъсири файзбахш гузоштааст. Тамоми бахшҳои фарҳанги аҷдодони тоҷикон таърихан пешрафтаву рушдёфта будааст. Аз ҷумла, фарҳанги экологии ин халқи тамаддунпарвар хеле ибратбахшу пурҳикмат мебошад. Тоҷикон аз қадим ба табиат ҳамчун ба таъмингари ҳаёти ... Read More »

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун

6165512

Дар адабиёти пурғановати тоҷикон ситоиши некию накукорӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстию рафоқат ва одаму одамгарӣ мавқеи бавусъат ва нақши барҷаста дорад. Ниёгони хирадоини мо ба тавсифи сулҳу ваҳдат низ эътибори ҳамешагӣ додаанд. Ба таъкиди эшон, маҳз сулҳу ваҳдат одамонро ба ҳам меоварад, дӯстиву ҳамзистии осоиштаро устувор месозаду равнақ мебахшад. Ашъори то мо расидаи устод Рӯдакӣ саршор аз ғояҳои дӯстиву ваҳдат буда, ... Read More »

Тарғибгари ҳаёти солим

Дар мактаби рақами 92-и ноҳияи Сино бо ташаббуси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе маросими мукофотонидани тими “Футбол — 83”-и маҳаллаи 83-и пойтахт бо иштироки омӯзгорону хонандагони мактаб ва дигар меҳмонон баргузор гашт. Дар расми ифтитоҳи он муовини директори муассиса Мирзо Абдураҳимов гуфт: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон соли 2017-ро ... Read More »

Дастури фаъолияти мо

Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Соли ҷавонон эълон гардид. Дар ҳақиқат, ҷавонон  қувваи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар доираи амалӣ гардидани ин иқдом ва тадбирҳои некбинона ва ғамхоронае, ки аз тарафи Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон андешида мешавад, дар мадди аввал саҳми омӯзгорон бузург аст. Мо, омӯзгорон, дар ... Read More »

Аҳли маориф бештар масъуланд

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар охири соли 2016 ироа гардид ва ин имкон фароҳам овард, ки аҳли кишвар, идораву муассисаҳо нақшаи фаъолияти худ-ро дар соли 2017 ҳадафмандонаву воқеӣ ва вобаста ба муҳимтарин масоили зиндагӣ мураттаб созанд. Бояд таъкид кард, ки Паёми Сарвари кишвар масъалаҳои муҳиму мубрамро фарогир аст, назари фароху ҳамабин ... Read More »

Неруи тавонои пешбари ҷомеа

Дар охири соли гузашта ироа гаштани Паёми Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат як навъ ҳусни анҷоми сол гардид. Имрӯзҳо тамоми сокинони диёри маҳбубамон зери таассуроти ин ҳодисаи таърихӣ қарор доранд. Паёми Пешвои миллат вазъи кунунии иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳуриро амиқу дақиқ инъикос намуд ва вазифаҳои минбаъдаи аҳли кишварро ба таври саҳеҳ муайян кард. Илова ... Read More »

Тарбияи дуруст – омили пешравӣ

Таърихи мактабу маориф дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият рушди бемайлони соҳаро  дар сатҳи гуногун ёд дорад. Вале соҳаи маорифи кишвар, бахусус дар   муддати 25 соли Истиқлолият чунин ҳолати пешравиро дар хотир надорад. Масалан, барои пешрафти  соҳа танҳо дар соли 2016 3 миллиарду  150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки дар муқоиса ба даҳ соли сипаришуда 13 баробар зиёд аст.   Таваҷҷуҳи Ҳукумати ... Read More »

Дар ҳошияи «Меҳру муштарӣ»

Фаъолияти омӯзгор бидуни омӯзиши пайваста ва бефосила тасаввурнопазир аст. Ҳикмати машҳури «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй», пеш аз ҳама, ба алоқамандони кори таълиму тарбия дахл дорад. Маълум, ки барои пешбурди таҳсили шогирдон дар ихтиёри омӯзгорон маводи фаровон, чун китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмию методӣ, варақаю аёниятҳо, дискҳои дорои маълумоти маърифатӣ ва амсоли инҳо вогузошта шудаанд. Вале ин ҳама барои дар ... Read More »

Пирӯзии нур бар зулмот

Халқи тоҷик табиатан зебоипарасту хушрӯзгор аст ва вобаста ба ин анъанаву расму оинҳои рангину дилнишин ва хушбинона дорад. Ин расму оинҳо рӯзгори тоҷиконро пуртаровату пурназокат ва муҳтавоманд кардаанд. Яке аз муассиртарину пурҷилотарин ва зеботарин анъанаҳои фарҳангии ин халқи деринтаърих таҷлили ҷашни Наврӯз аст. Ин ҷашн дорои мундариҷаи ғанию башардӯстона буда, таърихи хеле рангин дорад ва муҳаққиқон, ҳатто, дар «Авасто» ишораҳо ... Read More »

Ватани мо шарафу ифтихори мост

Дар тамоми давру замонҳо тарбия дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор доштааст. Ин табиист, зеро бунёди ҷомеа, устуворию рушди он аз тарбия вобастагии доимӣ ва қавӣ дорад. Танҳо инсони комил ва тарбиядида метавонад дар тараққиву пешрафт ва пирӯзии ҷомеа нақшгузор бошад. Тарбия чун муҳимтарин омили инсонсоз ҷанбаҳову ҳадафҳои гуногун дорад. Яке аз муҳимтарин самтҳои тарбияи инсони комил тарбияи ватандӯстиву ватанпарварист. ... Read More »

Масъулияти омӯзгор

ҳашт сол аст, ки омӯзгорам, ҳаргиз эҳсоси пушаймонӣ надорам, зеро аз ҳамкасбон, шогирдон ва ҷомеа самимияту меҳрубонӣ дарёфтам. Ҳар рӯз бо шавқи дил ба сӯйи даргоҳи муқаддас мешитобам. Дар он ҷо маро қалбҳои беолоиш интизоранд. Барои ман бо онҳо будан хеле роҳат аст. Ман тамоми ҳунару истеъдодамро сарф мекунам, то ин ниҳолакҳоро ба самти ростию дурустӣ, некию ҳақиқат, адлу инсоф, ... Read More »

Омӯзиш танаффус надорад

Дар урфият мақоли машҳурест, ки: «Меҳнат бо истироҳаташ хуб аст». Ин мақолро ба соҳаи маориф, ба таълиму тарбия низ метавон нисбат дод. Дар давоми соли таҳсил хонандагон якчанд маротиба (ба ифтихори ҷашнҳо, санаҳои таърихӣ, ҷамъбасти нимсолаи таҳсил ва соли таҳсил) ба таътили кӯтоҳмуддату дарозмуддат мебароянд ва истироҳат мекунанд. Айни замон хонандагони тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ дар таътили зимис-тона қарор доранд, ки ... Read More »

Таълифе бо шикасти қолаб

Тақриз ба дастури таълимии С.Гулов ва М. Ҷумъаев- «Муқаддимаи журналистика». — Душанбе: «Ирфон», 2016.  176 с. Ба нашр расидани дастури таълимии «Муқаддимаи журналистика»- барои алоқамандони соҳа навгонӣ ва муждаи тоза мебошад. Дастури мазкур ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардида, туҳфаи арзандаест барои донишҷӯёни соли аввал. Бояд гуфт, ки дар таълими фанни «Муқаддимаи журналистика» матолиби парешоне вуҷуд доштанд, ... Read More »

Нақшаи дарс муҳим аст

Омӯзгор бо шогирдон дар ёфтани роҳҳои беҳтарини ба даст овардани донишу ташаккули малакаю маҳорат ва салоҳиятҳо, ки боиси инкишофи шахсият мегарданд, дар ҳамкории ҳамешагист. Албатта, омӯзгоре, ки нисбат ба пешаи интихобкардааш меҳри беандоза дорад, онро сидқан дӯст медорад, аз ин ҳамкорӣ самараи дилхоҳ ба даст меорад. Яке аз омилҳое, ки дар амалӣ гаштани мақсадҳои наҷиби мо, омӯзгорон, мусоидат менамояд, дуруст ... Read More »

Роҳбарони синфро иваз накунед!

Дар Консепсияи миллии тарбия омадааст: «Рушди босуботи ҷомеа ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, риояи қонунҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, масъулиятшиносу фаъол вобаста мебошад». Роҳбари синф бояд бо маданият, бо фарҳанг, ҷӯяндаву эҷодкор бошад, шахсияти кӯдакро эҳтиром карда тавонад. Бо падару модари онҳо дар робитаву ҳамкорӣ бошад. Вай дар синф ва берун ... Read More »