Daily Archives: 05.01.2017

Замира Рустамова — ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016»

8w3a4460

Ҳамасола бо мақсади дарёфтан ва гус-тариш бахшидани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Озмуни  навбатӣ аз 27 то 29 соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ аз дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ... Read More »

Ташаббуси башардӯстонаи Тоҷикистон

d780c9937eaa0740d755c01554d39c01

22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати узви СММ ҷонибдорӣ карданд. Бори аввал ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Ин кишвар таҳияи муносибати ҳамоҳангшуда ... Read More »

Таълими салоҳиятнок: қадамҳои нахустин, мушкилот ва дастовардҳо

2-39

Соли 2016 дар зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ низоми таълими салоҳиятнок ҷорӣ карда шуд. Вобаста ба татбиқи низоми мазкур, мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои он суҳбате доштем бо директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифмурод Исрофилниё, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем. - Мувофиқи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф ... Read More »

Бунёди мактабҳои нав

bb5a0197

Мусоҳиба бо муовини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода — Муҳтарам Дилшод Сафарзода! Чунонки маълум аст, ба нақша гирифтан ва бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз фаъолияти асосии раёсати шумо ба шумор меравад.  Мехостем бифаҳмем, ки дар ин самт соли гузашта чӣ корҳо анҷом дода шудаанд? — Бояд зикр ... Read More »

Баррасии масоили глобалӣ оид ба захираҳои об

Бо мақсади амалигардонии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳамоҳангӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2016 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро баргузор ... Read More »

Ҳам ифтихор, ҳам масъулият

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлат вобаста ба ҷанбаҳои тавоноиву имконоти хеш, махсусан, дар заминаи сарватҳои табиияш мавқеъ дармеёбад ва дар сурати воқеъбинонаву хирадмандона истифодаву муаррифӣ намудани ин сарватҳояш аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистони мо масоҳати калон надошта бошад ҳам, аз лиҳози захираҳои моддӣ бартариҳои чашмгиреро дорост. Ҷаҳониён дар қатори чанд омили дигар кишвари моро ... Read More »

Неруи созандаи фардои Ватан

Мо, омӯзгорон, аз пешаи пуршарафи худ ифтихормандем, зеро ҷомеа ба зиммаи мо вазифаи масъулиятмандтарин – таълиму тарбияи ояндасозони Ватани азизамонро бо бовару эътимоди зиёд супоридааст. Онҳое, ки имрӯзҳо дар паси мизи мактабӣ нишастаанд, бо гузашти айём дар натиҷаи омӯзиши босамар тақдири кишварро ба даст мегиранд ва баҳри идомаи созандагию бунёдкорӣ дар диёри арҷмандамон ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дар ин кор то ... Read More »

Шумора не, сифат муҳим аст

Ҳар як суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели тозаи хирадмандиву дурандешии ин абармарди дунёи сиёсат мегардад ва ифтихори моро аз Президенти муҳтарамамон бештар меафзояд. Сарвари кишвари соҳибис-тиқлоли мо ба соҳаи маориф ва ба аҳли маориф диққати ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва пайваста таъкид мекунанд, ки соҳаи маориф соҳаи тақдирсоз аст ва бидуни рушди бавусъат бахшидан ба он ва такмили  имконоташ ... Read More »

Омили густариши робитаҳои судманд

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби тамоми сокинони Ватани маҳбубамон гарму самимона пазируфта шуд. Ҳамагон бар он назаранд, ки ин Паём ба рушди тозаву пешрафти бештари кишварамон мусоидат хоҳад кард. Дар заминаи Паём кормандони тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат фаъолияти худро ба ... Read More »

Чаро ба мутолиа рӯ наорем?

Мутолиаи китоби бадеӣ яке аз воситаҳои асосии ғанӣ намудани фонди луғавӣ ва ғизои маънавӣ барои ҳар як хонанда ба шумор меравад. Ҳангоми мутолиаи китоби бадеӣ хонанда худро ҳамроҳи қаҳрамонҳои асар гоҳ дар набарду гоҳ дар шаҳрҳои азим, гоҳ дар байни баҳру гоҳ дар соҳил, гоҳ танҳову гоҳ миёни ҷамъи дӯстон тасаввур менамояд. Чи лаззати гуворое дорад мутолиаи китоби бадеӣ, вале ... Read More »

Соли пурсамар буд

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Холмаҳмад Ортиқов андешаҳояшро роҷеъ ба вазъи таълиму тарбия дар ноҳия дар суҳбат бо мухбири «Омӯзгор»  чунин иброз дошт. - Сабқати зеҳние, ки дар оғози соли 2016 дар ноҳияи мо доир гардид, муваффақияту баъзе камбудиҳои соҳаро на танҳо барои ноҳияи Рашт, балки барои ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бозгӯ намуд. Мо, масъулини ... Read More »

«Табъи гуҳаррез»-и шоира

Ҳафтаи гузашта дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифии китоби шеърҳои шоираи хушзавқ Марямбонуи Фарғонӣ «Табъи гуҳаррез» баргузор  гардид. Ҳамоишро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ифтитоҳ намуда, гуфт, ки маҷмӯаи тозаи ашъори адиби шинохта Марямбонуи Фарғонӣ бо номи «Табъи гуҳаррез», ки дар арафаи 60-солагии зодрӯзи шоира аз чоп баромадааст, дорои тасвирҳои ҷолиб, ташбеҳоти тоза ва мавзӯоти мухталиф мебошад. Ин китоб ... Read More »

Роҳнамои омӯзгорон

27 декабри соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯён ҷаласа бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир шуд. Ректори донишкада А.Солеҳзода иброз дошт, ки Паёми имсола фаъолияти 25-солаи кишварро ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои солҳои минбаъда муайян кард. Дар Паём оид ба ... Read More »

Воситаи ивазнашавандаи таълим

Барои ташкили босамару таъсиргузори таълими фанҳо воситаҳои гуногун мавҷуданд, ки аз онҳо омӯзгорон пайваста ва бамаврид истифода мебаранд. Бо мақсади омодагӣ ба дарс ҳар як омӯзгор ҳамарӯза нақшаи дарс менависад, буридаю варақаҳоро интихоб мекунад, китобҳои зиёдеро аз назар мегузаронад, методу усулҳои гуногунро мавриди истифода қарор медиҳад. Бисёр воситаҳои таълим ивазшаванда ва ё махсус ба ин ё он мавзӯанд, вале барои ... Read More »

Нақши Алихон дар таърихи Кӯлоб

Алихон яке аз чеҳраҳои сиёсии машҳури миёнаҳои асри 16 –и тоҷик аст, ки бори аввал дар таърихнигорӣ аз ҷониби муҳаққиқи варзида Ғолибшоҳ Ғоибов бар пояи нигоштаҳои адмирали турк Сайидӣ Алӣ Раис (муалллифи «Миръотул-мамолик») бо номи Ҷаҳонгир Алихон – ҳокими Кӯлоб (соли 1556) муаррифӣ шудааст. Баъзе ҷузъиёти рӯзгори Алихон дар маъхазҳои форсизабони Ҳинд, аз қабили «Акбарнома»-и Абулфазли Алломӣ, «Таърихи Алфӣ», «Таърихи ... Read More »

Меҳре, ки охир надорад

Очахон Собитова бо духтарони мактаб бештар гуфтугӯ мекард, назди волидайнашон мерафт. Гаштаю баргашта таъкид мекард, ки духтар бояд хонад. Зани маълумотдор соҳиби ҷаҳонбинии васеъ аст. Ба дунё, рӯзгор, оила, тарбияи фарзанд бо чашми дигар менигарад. Бовар кунед, духтар ки соҳиби касб ё ихтисос шуд, умрашро нек мегузаронад, ҳаргиз пушаймон намешавад. Даҳҳо нафарро медонам, ки бо ҳидоят, роҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи ... Read More »

Амал шоҳиди эътибор асту бас

Нашуд беамал муътабар ҳеҷ кас, Амал шоҳиди эътибор асту бас. (Бедил) Абдулвосеъ дар ибтидои фаъолияти кориаш аз омӯзгорони соҳибтаҷриба ва бомаҳорат пайваста таҷриба омӯхтаву малакаю маҳораташро сайқал медод. Натиҷаи пайваста заҳмат кашидану дуди чароғ хӯрдану дандон рӯйи ҷигар гузошта шабзиндадорӣ намуданҳо буд, ки ӯ ба сифати омӯзгори пешқадам дар мактаб шинохтаву эътироф гардид. Абдулвосеъ фармудаи мунаққид ва педагоги машҳури рус ... Read More »

Ба мутахассисони баландихтисос эҳтиёҷмандем

Бо мақсади огоҳ шудан бо вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе суҳбате доштем бо директори он Зиёдулло Абдулов. -Муаллими муҳтарам, дар оғози суҳбатамон мехостам ба таври фишурда дар бораи мактаб-интернат маълумот ироа намоед. -Муассисаи мо яке аз калонтарин мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Шумораи умумии хонандагон ҳоло 454 нафарро ташкил медиҳад. Тарбиятгирандагон бо қарори комиссия ... Read More »