Monthly Archives: Январь 2017

Фардои мо шукуфост

IMG_6212 - копия

Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтанд. Соли 2016-ро метавон бо боварӣ соли пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёт ва қадамҳои устувору созанда ба сӯи ояндаи босаодат маънидод ... Read More »

Маҳоратро бештар сайқал бояд дод

8W3A5144

Ҳафтаи сипаришуда дар Маркази такмили ихтисоси шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон — 2016” баргузор гашт. Дар ҳамоиши ифтитоҳии он муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ (ҳамзамон раиси Кумитаи тадорукот), сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Абдуҷаббор  Алиев (ҳамзамон раиси ҳайати ҳакамон), директори МТИ ш.Душанбе Н.Кабиров, намояндагони ВАО ва раёсату шуъбаҳои ... Read More »

Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз

0_bb481_d2972592_orig

Табиат муъҷизаҳои зиёде дорад, вале ба эътирофи умум, муҳимтарину беҳамтотарин муъҷизаи он об аст, зеро бе об на зиндагӣ ҳасту на гулу гиёҳе. Ҳанӯз пеш аз мелод (дар асри IV) Арасту гуфтааст: «Об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории дунёст». Захираи об дар табиат хеле  фаровон аст, вале мувофиқи тасдиқи экологҳо танҳо се дарсади ин захираи ҷаҳониро обҳои  нӯшиданӣ ... Read More »

Ёр аҳл аст, кор саҳл аст

maxresdefault (7)

Дар сиришту дар фарҳанги  халқи тоҷик ваҳдату ваҳдатгароӣ таърихи дерину рангин дорад. Агар ибтидои эҷоду суханварӣ дар фолклор бошад, пас дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик мавзӯи ваҳдат  мақоми махсус касб кардааст. Мақолҳои тоҷикии «Ваҳдат қувват мебахшад», «Неруи халқ дар ваҳдат  аст», «Ҳамдилӣ тавоноист» ва монанди инҳо гуфтаҳои болоро тақвият мебахшанд. Афсонаҳои халқи тоҷик низ ифодагару ситоишгари ваҳдатанд. Паҳлавонон дар афсонаву ... Read More »

Ҷашни дерсолу безавол

5114272-solnechnaya-pogoda-vesnoy-v-pole

«Ҷамшед донишваронро гирд кард ва гуфт:-Чист, ки мулкро боқӣ ва поянда дорад? Гуфтанд:-Дод кардан ва дар миёни халқ некӣ кардан. Пас Ҷамшед бифармуд: -Ҳар чӣ дар ӯ дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам. Ва нахустин рӯз, ки Ҷамшед ба додрасӣ бинишаст, Ҳурмуздрӯз буд ва моҳи фарвардин. Пас он рӯзро Наврӯз ном карданд» Ин мазмун аз китоби машҳури «Таърихи ... Read More »

Марҳилаи навини рушди маориф

Ҳанӯз дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф дар ҷумҳурии мо соҳаи имтиёзнок эълон шуда буд. Сарвари кишвар дар аксар суханрониҳои худ ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамагонро даъват мекарданд, ки рӯ ба маориф оваранд ва дастгири аҳли маориф бошанд. Зимни сафарҳояшон ба минтақаҳои мамлакат Президенти ҷумҳурӣ ҳамеша аз вазъи таълимгоҳҳо огаҳӣ пайдо ... Read More »

Осоиши миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ

Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Дар доираи шуури муқаррарӣ) Навиштаҳои пурмазмуни олими шинохта, мутафаккир ва сиёсатмадор, муҳтарам Саймумин Ятимовро пайваста мутолиа менамоям. Ва эҳсосоти наҷиби ватанхоҳиву адолатпарварӣ, муҳаббату самимият ба миллату сарзамини аҷдодӣ дар вуҷудам бештар мегардад. Хуш ба ҳоли миллате, ки чунин ҷавонмардон дорад. Равоншиносии ҷамъиятӣ дар раванди инкишоф ва ташаккули шуур мавқеи хоса ... Read More »

Роҳнамои имрӯзу фардо

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки беш аз 700 омӯзгори шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хатмкардагони курсҳои бозомӯзии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва сардорони раёсату мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони “Паём — роҳнамои имрӯзу фардо” чорабинӣ баргузор гардид. Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода фаъолияти соҳаи маорифи вилоятро  дар партави  нуктаҳои ... Read More »

Ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист

Умри инсон чанд марҳиларо дар бар мегирад ва дар миёни ин марҳилаҳо зеботарину дилпазиртаринаш фасли ҷавонист, зеро дар ин фасл ҳар шахс асосан солиму неруманд, барнодилу болидарӯҳ аст. Ҷавониро чун рамзи тавоноӣ, қудрат, шукуфоӣ ва саодатмандӣ пазируфтаанд. Масалан,  вақте бахти ҷавон мегӯянд, мурод аз он ҳадди ниҳоии хушбахтист. Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд: Даромад ба айвони шоҳаншаҳӣ, Ки бахтат ҷавон боду  давлат ... Read More »

Роҳнамои имрӯзу фардо

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки беш аз 700 омӯзгори шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хатмкардагони курсҳои бозомӯзии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва сардорони раёсату мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони “Паём — роҳнамои имрӯзу фардо” чорабинӣ баргузор гардид. Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода фаъолияти соҳаи маорифи вилоятро  дар партави  нуктаҳои ... Read More »

Фаъолияти густурдаи донишгоҳ

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ нахуст сухан аз боби 60 – солагии ин даргоҳ рафт, ки охири соли гузашта ботантана таҷлил гардид. Муовини аввали ректор Сафаралӣ Гадоев қайд намуд, ки тӯли ин солҳо донишгоҳ тавонист худро ҳамчун манбаи ягонаи кадрҳои техникӣ дар ҷумҳурӣ нишон диҳад. Гуфта шуд, ки имрӯз сохтори донишгоҳ муттасил устувор шуда, ... Read More »

500 компютери пайваст ба Интернет

Фаъолияти таълимгоҳҳои муосирро бидуни истифодаи пурсамар ва ҳадафмандона аз технологияву коммуникатсия тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин ҷост, ки кулли таълимгоҳҳои муваффақ пайваста заминаи моддии техникии худро мукаммал месозанд ва ба корбасти технологияҳои навин дар ҷараёни таълиму тарбия эътибори ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи  давлатии тиҷо-рати Тоҷикистон бо таъкиди ҳамин нуктаи муҳим аз  ҷониби  ректори он, профессор Мумин ... Read More »

Пеш рафтӣ, кор осон мешавад

Дар нишастҳои матбуотие, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо номи С.Айнӣ баргузор мегарданд, теъдоди нисбатан бештари рӯзноманигорон ширкат меварзанд, ки инро метавон чун як далели таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳли қалам ба таълимгоҳи омӯзгорони фардо тавзеҳ бахшид. Дар ҳамин гуна ҳамоиши нав-батие, ки оғози ҳафтаи равон дар ин донишгоҳ созмон дода шуд, шумори рӯзноманигорон боз ҳам афзунтар буд. Ин нишаст ... Read More »

Беҳдошти оби тоза

Дар маҷлисгоҳи Коллеҷи муҳан-дисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» конференсияи илмӣ — амалӣ бо иштироки директори Маркази таълимӣ — методӣ ва мониторинги сифати таълим Темур Табаров ва Малоҳат Партоева мутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, директорону ҷонишинони литсейҳои касбӣ — техникии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин, донишҷӯёни муассисаи ... Read More »

Чопӣ ё дастнавис будани конспект не, мазмуни он муҳим

Дар шумораи гузаштаи нашрияи «Омӯзгор» (№2, 13 январи с.2017) омӯзгори шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Темурова бо номи «Конспект: чопӣ беҳтар ё дастнавис?» андешаҳояшро пешниҳод кардаву назди мутахассисон суол гузоштааст. Мақолаи муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, номзади илмҳои педагогӣ Латофат Назирӣ посухи хубест ба масъалаи мазкур. Конспект яке аз маводи асосии таълимӣ барои омӯзгор дар ташкили дарс ба ҳисоб меравад. Бе ... Read More »

Суҳбатҳои рангину пурмуҳтаво

Дар таътили зимистона ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо волидону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят вохӯрию суҳбатҳо доир карда истодаанд. Ректори донишгоҳ,  профессор Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов қайд кард, ки ҳайати тарғиботии донишгоҳ ба хатмкунандагону волидон оид ба ихтисосҳои асосии донишгоҳ, талабот нисбат ба довталабон, усулҳои санҷиш дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити таълим ва дигар ... Read More »

Шарҳу тавзеҳи Паём дар Бадахшон

Рӯзҳои 12-13 январи соли ҷорӣ директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои кишвар, доктори илмҳои филологӣ Сахидод Раҳматуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои иқтисодӣ Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов бо сокинони деҳаҳои Вознавд, Дерзуд, Вомар, Вамд, Баррӯшон, Деҳрӯшон оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул шудани ... Read More »

Ҳамкориҳо самар меоранд

- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона донишгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мутахассисони рақобатпазирро дар риштаи технологияи саноати сабук ва хӯрокворӣ тайёр менамояд ва яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷараёни таҳсил низоми кредитиро ба роҳ мондааст, — гуфт зимни нишаcти матбуотӣ ректори ДТТ И. Амонзода. Бино ба гуфти сарвари муассиса,  дар сохтори донишгоҳ нуҳ факулта, 22 кафедра, ду  марказ, инчунин, Донишкадаи ... Read More »