Monthly Archives: Декабрь 2016

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЛОИҲАИ «ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ» ГРАНТҲОИ ХУРД ДАСТУРИ АМАЛӢ Душанбе 2016

1.         САРСУХАН 9 июни соли 2015 аз ҷонибиШуроиБонки умумиҷаҳонӣ (БУ ) грант ба маблағи 6,75 миллион доллари ИМА, ва кредит ба ҳаҷми 8,25 миллион доллари ИМА (ба маблағиумумии  15,0 миллион доллари ИМА) барои ҶумҳурииТоҷикистон (ҶТ) бо мақсадитатбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ» дар ҶумҳурииТоҷикистон (ЛТО), минбаъд «ЛТО» тасдиқкард. Муҳлати татбиқи «ЛТО» шаш сол  аз 1 марти соли 2016 то 31 октябри соли ... Read More »

РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН ПРОЕКТ ПО СОВЕРШЕНСТВОВАНИЮ ВЫСШЕГО ОБРАЗОВАНИЯ СВОЕВРЕМЕННЫЕ ГРАНТЫ ОПЕРАЦИОННОЕ РУКОВОДСТВО Душанбе 2016

1.         ВВЕДЕНИЕ 9 июня 2015 года Советом Всемирного банка (ВБ) был одобрен грант в размере 6,75 миллиона долларов США, и кредит в размере 8,25 миллиона долларов США в эквиваленте (на общую сумму 15,0 миллионов долларов США) для Правительства Республики Таджикистан (ПРТ) в целях реализации Проекта по совершенствованию высшего образования в Республике Таджикистан (ПВО), в дальнейшем именуемое «ПВО». Период реализации ПВО ... Read More »

Муҳаррики пешбари ҷомеа

maxresdefault

Дар соли ҷорӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ, ки бори дигар аз пешравию гулгулшукуфӣ, сулҳу субот ва ҳамдиливу ҳамбастагии миллат дарак дод, яъне 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда шуд. Воқеан, ҷашни 25-солагии Истиқлолият намои дигаре аз якдилӣ ва дастовардҳои ду даҳсолаи ахир ба шумор рафта, баёнгари созандагии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мебошад. Бо баррасии пешрафту дастовардҳои истиқлолият, ... Read More »

Ифтихор аз пешаи худ мекунем

DSC_1954 - копия

Борҳо таъкид шуда, ки заминагузори рушди ҳар як мамлакат маҳз соҳаи маориф аст. Зиёда аз ин, соҳаи мазкур омили асосии бақою пояндагӣ ва ташаккули ҳар миллату давлат мебошад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батакрор таъкид менамоянд: «Маориф муҳимтарин соҳаи рӯзгори мост». Хушбахтона, дар ҷумҳурии  мо аз нахустсолҳои расидан ... Read More »

«Маърифати омӯзгор» 90-сола мешавад

8w3a3419

Ҳафтаи гузашта дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол» дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» баргузор гардид. Дар конфронс олимону муҳаққиқон, адабиётшиносон, кормандони васоити ахбори омма ширкат доштанд. Адиб ва рӯзноманигори шинохта, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Абдурауф Муродӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, дар бораи марҳалаҳои таърихии фаъолияти маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» мухтасар ... Read More »

Пешаи наҷиб, вале пурзаҳмат

img_0054

Ба андешаи банда, омӯзгорӣ касбе нест, ки чор-панҷ сол дар донишкадаву донишгоҳҳо ва коллеҷҳои омӯзгорӣ паси мизу курсиҳои он нишаста, аз устодону донишмандон ва олимони маъруф сабақ гирифта, аз бар намоӣ. Не, тамоман ин тавр не! Омӯзгорӣ дар худ сӯхтану сохтанҳои зиёде дорад. …Солҳои ҳаштодуми қарни гузашта буд. Дар синф машғули дарсгузарӣ будам. Сарвари соз-мони талабагии муассиса ба наздам омада ... Read More »

Корҳои мустақилона аз фанни забони модарӣ 

2 (39)

Дар  барномаҳои  синфҳои  ибтидоӣ  аз ҳар  як  омӯзгор  талаб  карда  мешавад, ки  шогирдонашон  дурусту  равон  хондан, дарк  кардани  маънии  калима, хоно  навиштан, ба қоидаҳои  имло  риоя  кардан  ва  бо  забони  адабӣ  гуфтугӯ  карданро  омӯзанду аз бар кунанд. Қисми  зиёди  корҳои  мустақилона  аз рӯйи  китоби  дарсӣ  гузаронида  мешавад. Дар  китобҳои  дарсии  синфҳои  1-4  машқҳое  оварда  шудаанд, ки  боиси  инкишофи  фикрронӣ  ва  ... Read More »

Тоҷикистонам, нигини рӯйи дунёӣ!

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 чунин омадааст: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд, кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». Дар ... Read More »

Таҳаввули ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар шароити муосир: баъзе масъалаҳои шинохти он

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта) (Қисмати дуюм) Масъалаи шинохти ифротгароӣ ва тундгароии динӣ ҷанбаи қавии иқтисодӣ низ дорад. Нахуст, пеш аз инқилобҳои рангин кишварҳои арабии халиҷи Форс ба хотири пешгирӣ кардани ҷанги эҳтимолӣ аз сӯйи Эрон бо ташвиқи кишварҳои манфиатдор дар ҳаҷми 75 млрд. доллар яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ харидорӣ намуданд. Табиист, ки ин аслиҳахона бояд дар ин ё ... Read More »

Омӯзгор – бунёдкор

Деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакентро зодгоҳи шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд унвон мекунанд. Ин ҷо иқдомҳои неки сокинони синну солашон гуногунро, ки баробари даст додани фурсати мувофиқ ва пайдо шудани имкони молиявӣ кори хайреро ба нафъи ҳамдеҳагон анҷом медиҳанд, доимо ба некӣ ёдовар мешаванд. Дар ин радиф бобои Темирбой ва завҷаи ӯ Бибиойшаро низ (равонашон шод бод) то имрӯз фаромӯш ... Read More »

Иқдоми наҷиби соҳибкор

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Мастчоҳ  бинои нави таълимӣ  иборат аз 9 синфхона  мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими баистифодадиҳии бино муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, сардори раёсати маорифи вилоят  Осим  Каримзода ва раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода иштирок намуданд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ  аз ҷониби соҳибкор Фаррух Шарифов ба харҷи 3,5 миллион ... Read More »

Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад…

Мо дар ҷаҳони имрӯз фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз шашҳазорсола ҳастем. Баробари ин шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавриди эҳтироми ому хос мебошанд. Вале замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем, ватанамонро боз ҳам обод гардонем, чароғи маърифатро ... Read More »

Театри атфол – падидаи нав

Ба наздикӣ хушхабаре шунидем, ки дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода ба рӯйи кӯдакон Театри атфол дарҳои худро боз кардааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин падидаи фараҳангез мо суҳбате доштем бо мудири кафедраи маҳорати актёрии факултаи театр, синамо ва телевизиони донишгоҳи мазкур  Шералӣ Абдулқайсов. -Устоди азиз, мехостам дар бораи Театри атфол ва мақсад ва зарурати ташкили чунин театр маълумот медодед. - ... Read More »

Рӯ ба хазинаи маънавӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои  боҳашамати беназир- Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мулоқот бо зиёиёни кишвар роҷеъ ба нақшу мақом ва рисолати китоб дар гиромидошти забон ва фарҳанги миллӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд: «Тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ ... Read More »

Ифтитоҳи бинои иловагӣ

Дар деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ифтитоҳ гардид. Мавриди зикр аст, ки бинои собиқи мактаб дорои 8 синфхона соли 1968 аз тариқи ҳашар бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ  набуд. Инак, аҳли деҳа соҳиби ду бинои замонавӣ гардиданд. Бинои асосӣ барои 240 хонанда иборат аз 7 синфхонаву 4 кабинет, аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ ... Read More »

«Ворисони илм»

Дар шаҳри Бӯстон муассисаи таҳсилоти томактабии “Ворисони илм” ба фаъолият оғоз кард. Дар расми ифтитоҳи он раиси шаҳр Рухсора Давлатзода иштирок намуда, изҳор дошт, ки имрӯзҳо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ифтитоҳи муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо васоити муосири таълим зиёд гаштаст. Бо ибтикори яке аз собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр Шамсияхон Рауфова бунёд гардидани муассисаи таҳсилоти томактабии «Ворисони илм» далели равшани гуфтаҳои ... Read More »

Мо ҳаводори «Омӯзгор»-ем

Маъракаи муҳими сиёсӣ-обуна ба матбуоти даврӣ дар шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент дар кадом сатҳ қарор дорад? Хабарнигори «Омӯзгор» бо ҳамин суол ба мушовири шуъба, масъули ин маърака Суҳроб Ёров муроҷиат намуд. - Шуъбаи маориф бо дарки он маънӣ, ки аҳли маориф бояд бештар мутолиа намоянд, аз рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар огаҳии хуб дошта бошанд ба масъалаи ташкил ва дар сатҳи ... Read More »

Вазифаҳои навбатӣ бовусъаттаранд

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ҷамъбасти шоистаи  соли 2016 ва истиқболи сазовори соли нави 2017 вобаста ба нақша-чорабиниҳои мураттабшуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Набзи маорифи ноҳияро дар баъзе самтҳои фаъолияташ мудири кабинети методӣ Абдуҳамид Раҷабов чунин шарҳ дод: - Соли 2016 барои аҳли мактабу маорифи ноҳияи баландкӯҳи мо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда соли барору комёбиҳо буд. ... Read More »