Monthly Archives: Октябрь 2016

Дарс — муаррифгари меҳварии фаъолияти омўзгор

img_9903

ОҒОЗ Аз 11 то 13-уми октябри соли ҷорӣ даври минтақавии озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» бо иштироки довталабон аз шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор гардид, ки дар он 11 довталаб ширкат намуданд. Аксар иштирокдорон омўзгорони ҷавон буданд. Имсол нисбат ба солҳои қаблӣ теъдоди иштирокдорон аз ҳисоби мардон бештар ба назар мерасид. Аз нигоҳи доварон, дониши технологии довталабон нисбат ба ҳарсола хубтар ... Read More »

Муждагонӣ! Ҷашни Меҳргон омад!

dsc_9501

Истиқлолият, воқеан ҳам, сарватест беназир ва гаронарзиш, зеро он иртибот бо ҳастии миллат, тавоноиву шукуфоии давлати миллӣ дорад. Чун Тоҷикистони маҳбуби мо ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб гашт, дар шумори омилҳои зиёди мусбӣ барои эҳёву таҳкими арзишҳои миллӣ, бузургдошти сарватҳои маънавии мардумӣ ва риояи анъанаву расму оини аҷдодӣ шароити созгор фароҳам омад. Аз ҷумла, чанде аз ҷашнҳои миллиамон, ки зери чанги ... Read More »

Сулҳ, истиқлол, маориф

img_9937

Имрўз Тоҷикистон ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла, омўзгорону алоқамандони мактабу маориф, ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 25 соли истиқлолият, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати ... Read More »

Забонро поку бегазанд нигоҳ дорем!

Имрўз,  забони тоҷикӣ мақоми  хеле  баландро соҳиб гаштааст. Агар замони шўравиро ба хотир биорем, пеши назарамон бисёр манзараю ҳолатҳои ҳузнангез ҷилвагар мегардад. Яъне, дар он марҳилаи аз масири таърих  хеле  тўлонии тараққиёт, намояндагони барҷастаи миллати мо натавонистанд бисёр иқдомоти хешро ба манфиати мардуми тоҷик пиёда бисозанд. Назорат аз марказ, яъне Маскав хеле ҷиддӣ буд ва ҳар як амалу ҳаракат ва ... Read More »

Омўзгорон таҳкимбахши истиқлолиятанд

Ман ҳамчун омўзгор аз шогирдонам пайвас-та даъват менамоям, ки шукргузор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдати пойдор ва рўзгори осоишта бирасанд. Сулҳе, ки ба қимати ҷони ҳазорон одам, бо нолаву хуни дили модарони тоҷик, бо талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, барои ҳар яки мо арзише баробари ҷон дорад… Ба хонандагон таъкид мекунам бидонанд, ки ... Read More »

Завқи мутолиаро бедор бояд кард!

Аслан, масъалаи аз мутолиа дур мондани насли наврас ва ҷавонон сухани наве нест. Аммо ҳалли мусбати мушкилоти мазкур дерест, ки аҳли ҷомеа, хусусан зиёиёну равшанфик-ронро ба ташвиш ва андешаи амиқ мувоҷеҳ сохтааст. Мусаллам аст, ки маҳз ба василаи мутолиаи осори бадеӣ инсон хештаншиносу соҳибмаърифат гардида, дар зиндагӣ саъй бар он менамояд, ки ҳамвора аз пайи накукорӣ ва ободии ҷомеа гомҳои ... Read More »

Низоъ дар ҷомеа набояд бошад

Дар зиндагии пур аз тазоду бархурдҳои ҷаҳони имрўза низою муноқишаҳои хусусияти ифротӣ дошта зуҳур карда истодаанд, ки ҳазорҳо одамонро ба коми худ фурў мебаранд. Боиси нигаронӣ аст, ки имрўз нуктаҳои доғ дар дунё зиёд шуда, инсониятро ба ташвиш оварда, ба эҷоди хатарҳои азим оварда мерасонанд Зуҳури  ба ном Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) яке аз чунин падидаҳои номатлубе мебошад, ки ... Read More »

Ҳадаф: пешгирии низоъ байни наврасон

Бо нияти пешгирии ихтилоф миёни наврасон ва ҷавонон, баланд бардоштани  ҳувияти миллӣ ва меҳру садоқати онҳо ба Ватан дар навоҳии Мурғоб ва Ишкошими  ВМКБ озмуни расму мақолаҳои беҳтарин дар мавзўъҳои «Пайдоиш ва оқибатҳои низоъ байни ҷавонон», «Мо насли сулҳпарвару созандаем» баргузор гардид. Ин иқдом бо дастгирии молиявии барномаи Иттиҳоди Аврупо «Ҷалби ҷавонон барои пешгирии ихтилофҳо ва роҳҳои ноилшавӣ ба сулҳ» ... Read More »

Коҳиш ёфтани нақши шўрои омўзгорӣ дар идоракунии мактаб

Тавре маълум аст, шўрои омўзгории мактаб дар идоракунии мактаб ва роҳандозӣ намудани назорати дохилимактабӣ нақши ҳалкунанда мебозад ва дар мактаб мақоми олиро дорост. Тамоми самтҳои фаъолияти мактаб дар шўрои омўзгории мактаб муайян, баррасӣ ва тасдиқ мегардад. Даврони Шўравӣ дар мактаб тўли соли таҳсил 6 шўрои омўзгорӣ баргузор мегардид. Баргузории ду шўрои омўзгорӣ ҳатмӣ буд: яке дар моҳи август вобаста ба ... Read More »

Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 08.10.2016, № 15/1, ш. Душанбе Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016 Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саидро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи  соли 2016” муҳокима намуда, қарор  кард: 1. Маърўзаи вазири ... Read More »

«Забони миллат-ҳастии миллат»

Дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муаррифии китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Забони  миллат-ҳастии миллат» бо иштироки устодону донишҷўён баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ қайд кард, ки китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» дар заминаи ҷабҳаҳои таърихии забони тоҷикӣ бар асоси сарчашмаҳои маълуму дастрас, ахбору ... Read More »

Усули нави дурагакунии гандум

Мо, омўзгоронро зарур аст, ки аз методҳои нави таълим, технологияи муосир ва аз  шаклу усулҳои муассири дарс  самаранок истифода намуда, хонандаро пайваста аз ҷаҳони фасона ба ҷаҳони воқеият ва олами ҳақиқат раҳнамоӣ кунем. Дар асоси донишҳои андўхта маҳорату малакаи ўро ташаккул дода, барои мутобиқ шудани ў ба равандҳои иҷтимоӣ ва омодагӣ ба фаъолияти мустақилона ўро  мусоидат намоем. Тоҷикистон  ватани ғалла ... Read More »

Таълими салоҳиятнокӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади татбиқи Стратегияи рушди маориф то соли 2020, ки таҷдиди мундариҷаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар назар дорад, аз соли таҳсили 2016-17 ба низоми таълими салоҳиятнокӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ гузашт. Ҳама гуна ислоҳот дар марҳилаҳои аввали татбиқ ба мушкилиҳо рў ба рў мешавад. Тайи як моҳи татбиқи низоми мазкур омўзгорон ба баъзе душвориҳо ... Read More »

Ҳамкорӣ гарави комёбист

«Мактабу маориф такягоҳи асосии  давлату давлатдорӣ ба шумор мераванд». Ҳамин гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вурудгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и шаҳри Хуҷанд дар лавҳи мунаққаше оварда шудааст ва аҳли ин таълимгоҳи муваффақ онро ҳамчун шиори фаъолияти хеш пазируфтаанду ин гуфтаҳоро ҳам ифтихорбахшу ҳам водорсоз ба масъулияти бештар медонанд. ... Read More »

Қадрдонии пешсафон

Бо мақсади арҷгузории заҳмати роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мустаҳкам намудани пояи моддию техникии таълимгоҳҳо ва ба даст овардани муваффақиятҳо дар кори таълиму тарбияи насли наврас қарори навбатии раиси вилояти Суғд “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мудирони муассисаҳои томактабӣ” ба тасвиб расид. Дар  асоси  қарори   мазкур директорони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар давоми сол ... Read More »

Кас аз дасту забони худ маёзурд

Ибораи «омўзгори асил» дар байни ҳамагон басо маъмул аст ва бо эҳтиром ба забон меоранд мардум ин ибораро ва ба шахсе нисбат медиҳанд, ки тамоми хислатҳои ҳамидаи корманди соҳаи таълиму тарбияро дар худ таҷассум карда. Аз ҳамин гуна омўзгорон буд муаллимаи равоншод Хайринисо Шарифова. Ман ин ҳампешаи накуномам ва ин омўзгори асилро хуб мешинохтам, бо ў пайваста ҳамкорию дўстӣ доштам. ... Read More »

Маъвои худафрўзӣ ва сўхтану сохтанҳо

Чанд сол буд, ки ҳангоми ба кор рафтан, ҳар саҳар мушоҳида мекардам, ки аз ҳамсояҳо ду нафар наврас дар даст ҷузвдон роҳ сўи мактаб пеш мегирифтанд. Мактабравҳо зиёд буданд, аммо он ду нафар фарқ доштанд. Дар тан шими сиёҳу пиҷаки сурхи ҷигарии озода доштанд… Ба онҳо шинос ҳам шудам. Соли гузашта, синфи 11-ро хатм кардаанд. Пеш аз супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ ... Read More »

Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст

Солҳои 30-юми асри гузашта. Дар шаҳри Панҷакент низ чун тамоми Тоҷикистон зиндагӣ бо душворӣ идома дошт. Мардум бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ҳукумати вақт кору зиндагӣ менамуданд, дар радифи дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ ба маорифу фарҳанг доштанд, мактабҳои маҳви бесаводӣ нафарони хоҳишмандро қабул мекарданд, ҳарчанд ки муллоҳои ҷоҳил бо ҳар роҳ мехостанд пеши роҳи  дигаргуниҳои замони навро гиранду аҳолиро дар фазои ҷаҳолат, ... Read More »