Monthly Archives: Сентябрь 2016

Ифтитоҳи боғчаи “Зебунисо” дар Нуробод

25 сентябри соли 2016  дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нур-обод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон боғчаи “Зебунисо” барои 140 тарбиятгирандаро ифтитоҳ намуда, дар хатнасури дастаҷамъонаи 30 кӯдаки ятим иштирок карданд. Корҳои таҷдиду азнавсозии муассисаи мазкур соли 2015 оғоз гардида буданд. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури Сарвари ... Read More »

Бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи тиббӣ

27 сентябри соли равон дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави коллеҷи тиббии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, ошёнаи якум аз даромадгоҳ, даҳлез, 4 адад ҳуҷраи озмоишӣ  иборат аст. Дар ошёнаи дуюм ва сеюм 12 синфхона, 6 ҳуҷраи корӣ ва толори фароғатӣ ... Read More »

Маҷмааи варзишии донишкада

27 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи муҳташами варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд. Пешвои миллат бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин маҷмааи варзишӣ оғози расмӣ бахшиданд. Ин иншоот аз ду қисм иборат мебошад. Бинои 1-ум аз толори варзишӣ ... Read More »

Шиносномаи миллат

Ман ҳамон қадар забони модариамро дӯст медорам, ки агар шабонарузӣ ҳарф занам ҳам, лаҳзае хаста намешавам. Эмомалӣ Раҳмон Ман лутфи забони арабӣ, ҷазолати забони туркиро ситоиш мекунам, вале ширинии забони форсиро, ба ростӣ, мепарастам. Ливиннус Варнер Шоирону нависандагони Инглистон чунон асиру фирефтаи ҷозибаи забони форсӣ шудаанд, ки хар кас ба андозаи ин нуфуз пай барад, дар аҷаб хоҳад шуд. Оберри ... Read More »

Соҳибистиқлолӣ ва рушди забони тоҷикӣ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Ҳанӯз соли 1995, дар замоне ки гурӯҳи  қудратманде ба ҷои забони модарӣ бо забони яроқу силоҳ ва зӯроварӣ гап мезад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми табрикотии хеш дар расидан ба орзуву омол, талоши ҳамешагии истиқлолхоҳӣ, озодиҷӯӣ ва сарфарозии миллат нақши беандоза доштани забонро таъкид карда, бо ... Read More »

Гузоштани санги асос ба сохтмони мактаб

28 сентябри соли  ҷорӣ  дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи  Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшиданд. Лоиҳаи сохтмони муассиса аз ҷониби ... Read More »

Машварат уқдакушои душвориҳост

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию  методии назди  вазорат дар коллеҷи техникии ДДТ ба номи академик М. Осимӣ семинар – машварати дастурдиҳӣ  бо муовинони директор оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Низомномаи  намунавии  низоми  кредитии  таҳсилот ва таҳияи нақшаҳои таълимии вобаста ба  он» баргузор ... Read More »

Бадамал ба мақсад намерасад

19 сентябри соли равон як гурӯҳ аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ном мебаранд, бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ вориди ҷаласаи САҲА гардида, хостори озод намудани аъзои ҳизби мамнӯъшуда гардиданд. Вобаста ба ин масъала Исмоил Раҳматов, мудири кафедраи таърихи ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, иброз намуд ҳамоишеро, ки ... Read More »

«Омӯзгор» дар Фархор

Ҳафтаи гузашта — дар нахустмарҳалаи маъракаи обуна барои соли 2017 аҳли маорифи ноҳияи Фархор ба 1002 нусха ҳафтаномаи «Омӯзгор» обуна шуданд ва бори дигар собит намуданд, ки ҳамеша ташнаи илму маърифат ва паёму каломи тозаанд. Аз соли нав дар ин ноҳияи маърифатгустар ҳар ду омӯзгор як нусха «Омӯзгор» дастрас хоҳанд кард. Ба ифодаи дигар, ба ҳар як таълимгоҳи ноҳия (79 ... Read More »

Забони модарии мо тавоност

Аҳли хирад забонро муҳимтарин омили ҳастӣ ва бақои миллат донистаанд. Забон шиносномаи ҳар халқ аст ва аз муҳимтарин муқаддасоти он маҳсуб меёбад. Миллате, ки забони модариашро арҷ намегузорад, онро ҳифз намекунад, аз олудагиҳо эмин нигоҳ намедорад, маҳкум ба завол аст. Аз ин ҷост, ки ҳар миллати бедору бошараф забони модариашро мепарастаду пайи бузургдошташ мекӯшад. Мо, тоҷикон, ифтихорманд аз онем, ки ... Read More »

Таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ зери назорат аст

Суҳбат бо директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Исоев — Муҳтарам Комилҷон Исоев! Бо вуҷуди он ки ҳамасола нашри китобҳои дарсӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда мешавад, норасоии китобҳои мазкур ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолро аз зангҳои телефонӣ ба идораи нашрияи «Омӯзгор» ва суҳбату мулоқотҳое, ки бо ... Read More »

Рӯдакӣ-рамзи ҳувияти миллии тоҷикон

Эҷодиёти гаронбаҳову оламшумули Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ганҷинаи пурарзиш ва манбаи тарбияву ташаккули инсони комил буда, сарчашмаи пурғановатест, ки дар масири садсолаҳо дар тарбияи маънавии миллати тоҷик  нақши пурарзише бозидааст ва мебозад. Имрӯз дар замони истиқлоли миллӣ мо бояд ба насли ҷавони худогоҳу  хештаншинос   фаҳмонем, ки ба осори устод Рӯдакӣ бештар рӯ биоранд, абёти шоирро азбар намоянд ва дар таҷрибаи рӯзгор истифода ... Read More »

Муҳаммад Иқбол ва Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ситораи тобноки олами илму ирфони асри ХIII тоҷик буда, бо осори баландғояи худ ба афкори шахсиятҳои маъруфи олам таъсири амиқ расонидааст. Мавлоно ҳанӯз дар замони зиндагиаш шогирдон ва пайравони зиёде дошт, ки маслаки ӯро пайравӣ ва дар партави афкори ӯ зиндагиву эҷод намуда, ғазалҳои шӯрангез ва дигар осори илмиву бадеии шоирро китобат мекарданд. Маҳз тавассути хизмати бедареғи ... Read More »

Истеъдодҳоро бояд дарёфт!

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз ин тадбирҳо ҷалби хонандагони  болаёқат, ихтироъкор ва боистеъдод ҷиҳати аз худ кардани дастовардҳои нав-тарини илмию техникӣ, мукаммал ва васеъ омӯхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо ... Read More »

Ҳақашро аз падар ҳам беш гуфтанд

(Нигоҳе ба китоби «Меҳри устод», ки бо саъю эҳтимоми адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ нашр гардидааст) Китоби «Меҳри устод», ки бо иқдому ибтикори рӯзноманигор ва адиби шинохта Абдурауф Муродӣ ба табъ расидааст, (Душанбе, «Бухоро», 216, 200 саҳ.) дарвоқеъ падидаи нодир ва ҷолибу судмандест дар ҳаёти фарҳангии кишварамон – Тоҷикистон. Ҳамагон нек медонем, ки дар тӯли солҳои ҳукмронии давлати абарқудрати Шӯравӣ, ... Read More »

Афрӯзандагони машъали илму дониш

Дар шаҳри Душанбе солҳои охир якчанд таълимгоҳи типи нав ба фаъолият шурӯъ намуда, дар андак муддат шуҳратёр гаштанд ва дар соҳаи маорифи пойтахт мавқеи сазовор дарёфтанд. Дар ин комёбӣ, пеш аз ҳама, як гурӯҳ омӯзгорони фаъолу навовар ва эҷодкор нақши шоиста доранд ва хушбахтона, сафи чунин устодони варзида дар муассисаҳои таълимии пойтахт батадриҷ меафзояд, ки ин заминаи муҳимест барои рушди ... Read More »

Умре дар талош

Шарофат  Қосимова тамоми умри пурбаракати хешро беш аз 60 сол  ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намудааст. Имрӯзҳо давлати пирӣ меронад, аммо ба таъбири худаш, бекор нишаста наметавонад: бо шогирдон вохӯрда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад… Вай зодаи шаҳри Бухорост. Дар оилаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов таваллуд шудаву ба воя расидааст. Омӯзишгоҳи занонаро бо дипломи аъло ва Донишгоҳи омӯзгории ... Read More »

Баланд аст аз фалак шони муаллим

Давлати мустақил эълон гардидани Тоҷикистон воқеан рӯйдоди нодир ва дастоварди барҷастаи таърихӣ ба шумор рафта, баъд аз ҳазор сол дар саҳифаи таърих мақом ва манзалати шоистаи миллатамонро эҳё намуд. Бо вуҷуди он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дарги-риҳои дохилӣ зарбаи сахте ба вазъи ҷомеа расонд, аммо неруи созанда ва рӯҳи барозандаи мардуми шарафманди кишвар ин фоҷиаву даҳшатҳоро бо Сарварии Асосгузори ... Read More »