Monthly Archives: Август 2016

Неруи илм бояд созанда бошад

Суханронии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия 30.08.2016 Муҳтарам устодон ва донишҷӯён! Дӯстони азиз! Басо рамзист, ки дари бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ду санаи ҷашнии ба ҳам алоқаманд-биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари мо ва бистсолагии фаъолияти донишгоҳ ... Read More »

Ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия

30 августи соли ҷорӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир карданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии ... Read More »

Мукофоти давлатӣ ва ҷоизаи пулӣ ба варзишгари қаҳрамон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта, барои хизматҳои ... Read More »

Мактаб машъали ақлу хирад аст

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе 30.08.2016 Падару модарони муҳтарам! Омӯзгорону хонандагони азиз! Қабл аз ҳама, шумо ва сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанберо ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям. Соли равон ба ифтихори таҷлили ... Read More »

Ифтитоҳи мактаби №33 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

26.08.2016  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ро ифтитоҳ намуданд. Хонандагон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса ва қадршиносӣ аз талошҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ояндаи кишвар истиқбол гирифтанд. Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, мактаби наву ... Read More »

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

29 августи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд. Дар оғози маросими ... Read More »

Ифтитоҳи гимназияи хусусӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

25 августи соли равон бо буридани лентаи рамзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманди «Аминҷон» — и шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз бахшиданд. Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Амонулло Саъдуллоев сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосири илмомӯзист. Ба Пешвои миллат иттилоъ ... Read More »

Гузоштани санги асоси мактаби нав

24 августи соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази  шаҳраки Ёвон  ба сохт-мони як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  санги асос  гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом  ... Read More »

Ифтитоҳи муассисаи томактабӣ барои 150 нафар

24 августи соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Сарбанд бо буридани лентаи рамзӣ, бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабии хусусии «Нигина»-ро ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ҳамакнун дар ин муассиса 150 нафар дӯстрӯякон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта ... Read More »

Мактаби нав барои 2500 хонанда

30 августи соли равон дар доираи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101 барои 2500 хонанда мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт, ки имрӯз дар маросими ба истифодадиҳии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагон ва омӯзгорони ... Read More »

“Малика” — нахустин боғчаи байналмилалӣ

30 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика”-ро ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 200 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Муассисаи томактабии байналмилалии “Малика” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоилзода Абдуҳошим бунёд гардида, дорои беҳтарин ... Read More »

Донишкадаи энергетикӣ соҳиби бинои нав шуд

25 августи соли равон дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таҷдиди комил бинои нави Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтарро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз навсозии ... Read More »

Ифтитоҳи муассисаи томактабӣ дар шаҳри Сарбанд

24 августи соли равон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанди Вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Обшорони шаҳр муассисаи томактабии хусусии “Малика”-ро ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Қобил ба тазаккур аст, ки ... Read More »

Фархундаҷашни миллат

Баъди гузаштани даҳ аср мардуми тоҷик имкон пайдо кард, то истиқлолияти давлатӣ ба даст ораду давлати мустақили худро бунёд созад. 25 сол аст, ки Тоҷикистонро оламиён чун мамлакати озоду соҳибихтиёр ва мустақил мешиносанду эътироф мекунанд. Шукр, ки солҳо боз ваҳдат ва фазои орому осуда дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳукмфармо буда, аз файзу баракати он маърифату ҷаҳонбинӣ ва худогоҳию ифтихори миллати тоҷик ... Read More »

Фазлу бузургмардию солорӣ

Андар боби аҳамияти донишандӯзӣ ва нақши илм дар пешрафту рушди ҷомеа Ман ин мисраи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро беҳуда ба матлаби мазкур унвон нагузоштам. Байт чунин аст: Андар балои сахт падид ояд, Фазлу бузургмардию солорӣ. Воқеан, дар ҳама давру замонҳо бани башар танҳо ва танҳо ба василаи илму хирад ва донишу тафаккури воло аз ҳаводиси фалокатзою ... Read More »

Офтоб, модар ва китоб

Бозори серғавғо. Мардум ба ҳар тараф равуо доранд. Дар назди растаҳои атториву қаннодӣ издиҳом зиёдтар аст. Бештар зану марди озодалибосу пуррабадани хушҳол аз ин растаҳо мавод харид мекунанд. нафарони пӯшокфарсуда низ ба чашм менамоянд, ки дида ба нонҳои ширмоли назаррабо ва қанду қандалоти ба коғазҳои ялаққосӣ печондашудаву ҳалвою наботи зебои дилангез доштанд. Чунонки мегӯянд, «менигарему меравем». Бале, дар бозор тамоми ... Read More »

Истифодаи усулҳои дидактикӣ дар таълим

Нахустин назарияҳои дидактикӣ ҳамчун илм дар асри XVII пайдо шуданд. Асосгузори дидактика педагоги олмонӣ Волфганг Радтке (Wolfgang Radtke) (1571 — 1635) барои дидактика вазифаҳои асосиро таҳия карда, савол гузошт: «Чӣ тавр таълим додан лозим аст, ки хонанда зуд, бомуваффақият ва амиқ маводи таълимиро аз худ намояд?». Ба ҳамин васила Радтке ба пешниҳоди худ дар бораи дидактика равандҳои таълиму таҷрибаро мавриди ... Read More »

Рушди илми таърих

Яке аз воқеаҳои бузурги таърихие, ки дар солҳои 40-уми асри XX ба вуқӯъ омадааст ин таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, (имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад. Соли аввал дар се факулта: таъриху филология, биология ва геология 267 донишҷӯ таҳсил ва 17 муаллим фаъолият мекарданд. Имрӯз дар 19 факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қариб 21 ҳазор донишҷӯ мехонанд ва якуним ҳазор муаллим фаъолият мекунанд. ... Read More »